Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, русҳо бояд ё сулҳро интихоб кунанд, ё Путинро


Нишаст дар як пойгоҳи низомии Амрико дар Олмон сурат гирифт.
Нишаст дар як пойгоҳи низомии Амрико дар Олмон сурат гирифт.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина рӯзи 6-уми сентябр аз ҳампаймонҳои ғарбиаш хост, ба кишвараш кӯмакҳои бештари низомӣ бидиҳанд.

Айни замон Амрико гуфт, ки бо арзиши 250 миллион доллари дигар ба Украина аслиҳаву муҳимот мерасонад. Владимир Зеленский ҳангоми суханронӣ дар ҳузури аъзои Гурӯҳи тамос барои дифои Украина дар пойгоҳи низомии Рамштейни Амрико дар Олмон, ӯ ҳамчунин аз кишварҳои ғарбӣ тақозо кард, иҷоза бидиҳанд, бо аслиҳаи онҳо ба қаламравҳои дуртари Русия аз марз зарба бизанад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз бими шиддат гирифтани ҷанг ба ин кор мухолифат кардааст.

Владимир Зеленский дар ҳузури фармондеҳони амрикоӣ ва 50 кишвари дигар гуфт: “Мо тавоноии зарба ба масофаи дурро на танҳо барои қаламрави тақсимшудаи Украина, балки барои қаламрави Русия эҳтиёҷ дорем, то Русияро моил ба сулҳ кунем. Мо бояд шаҳрҳои Русия ва ҳатто сарбозони русро ба ин фикр водор кунем, ки ба сулҳ зарурат доранд, ё ба Путин.” Нишасти мазкурро Ллойд Остин, вазири дифои Амрико раҳбарӣ мекард.

Нерӯҳои Русия дар шарқи Украина ва дар атрофи шаҳри Покровск, як маҳалли муҳим барои таъминоти низомиёни Украина аст, пешравӣ кардаанд. Агарчӣ артиши Украина моҳи гузашта ба вилояти Курски Русия ҳамла кард, аммо бо вуҷуди ин пешравиҳои нерӯҳои Русия дар ҷанг идома дорад. Киев иддао дорад, ки 1300 километр аз қаламрави Русияро таҳти назорат гирифта ва тақрибан 6 ҳазор сарбози русро куштааст.

Қабл аз оғози нишаст, Ллойд Остин ба хабарнигорон гуфт: “Агарчӣ ҳамлаи Украина, Русияро дар ҳоли дифоӣ қарор дод, аммо мо медонем, ки бадхоҳии Путин бисёр амиқ аст.” Ба қавли ӯ, нерӯҳои Русия ҳамчунон фишорро идома медиҳанд ва бахусус дар атрофи Покровск идома медиҳанд. Ллойд Остин гуфт, кӯмаки 250 миллион долларии низомии Амрико ба Украина қудрати бештар медиҳад.

Хабаргузории Асосиэйтед Пресс аз қавли як манбаи вазорати дифои Амрико навиштааст, ки дар бастаи кӯмакҳо фиристодани муҳимоти лозим барои системаи рокетии нишонраси HIMARS, тир барои тӯпхонаҳо ва аслиҳаи маҳви тонк ва ҳавопаймоҳо ворид мешавад.

XS
SM
MD
LG