Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WSJ: Кохи Сафед аз фиристодани мутахассисони F16 ба Киев худдорӣ кардааст


Ҳавопаймои ҷангии F-16
Ҳавопаймои ҷангии F-16

Кохи Сафед аз фиристодани мутахассисони техникии ҳавопаймои ҷангии F-16 ба Украина бо далелҳои амниятӣ худдорӣ кардааст.

Нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки Шӯрои амнияти милии ИМА пешниҳод фиристодани кормандони фаннӣ ба Украинаро баррасӣ кардааст ва бар асоси ёфтаҳои иктишофӣ амалӣ шудани ин корро хатарнок донистааст.

Ин Шӯро гуфтааст, ки эҳтимол Русия кормандони техникии амрикоиро ҳадаф қарор диҳад ва ин имкони бузургтар шудани низоъро ба миён меорад.

Ба ҷои ин умедворӣ шудааст, ки эҳтимол "қисман ё комилан" хидматрасонии техникӣ барои ҳавопаймоҳои F-16-ро шарикони аврупоии Украина бар душ бигиранд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти ИМА гуфтаанд, ки ҳоло равон кардани техникҳо ба Украина дар миён нест ва шояд оянда ин фикр тағйир кунад.

Охири моҳи июл Украина аз 80 ҳавопаймои ваъдагии F-16 шаш адади онро дастрас кард, вале мақомоти ин кишвар мегӯянд, мутахассис барои таъмиру нигоҳубини онҳоро надоранд.

Украина умедвор аст, ки бо доштани F-16, ҳавопаймоҳои қавии ҷангӣ, нисбат ба Русия дар майдони ҷанг бартарӣ пайдо мекунад.

XS
SM
MD
LG