Мақомот барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатар аз ду тарафи он роҳи мошинҳои мусофиркашу гаронвазни боркашро бастаанд ва ҳоло сокинон дар равуо ва интиқоли молу маҳсулот ба мушкил гирифтор шудаанд.
Пул, ки беш аз 100 метр дарозӣ дорад, дар 10 километрии маркази Душанбе дар болои рӯдхонаи Кофарниҳон аст.
Фирӯза Абдураззоқова, сокини маҳаллаи Ҷангалободи шаҳри Ваҳдат, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди нимавайрон шудани пул кору зиндагии онҳо сахт шуд. Ӯ афзуд: "Пеш мошинҳои Тангем ба болои ин пул мегузашт, мо то назди хонаамон ба мошин мерафтем. Ҳоло дигар мошинҳо аз инҷо намегузаранд ва маҷбурем, то назди хона пиёда равем, ё баъди аз пул гузаштан боз дар мусофиркаш шинем. Агар пеш бо 4 сомонӣ то шаҳр мерасидем, ҳоло 7 сомонӣ харҷ мекунем. Бо ин кӯдакони хурд купрӯкро пиёда гузаштан азоб аст. Аз моҳи март-апрел вайрон аст, касе намеояд, ки дуруст кунад.»
Селу боронҳои баҳор дар 5 моҳи пеш сутунҳои пулро сусту ларзонак кардааст. Саидакбар Шарифов, ронандаи мусофиркаш аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳоло наметавонад, то ҷои даркорӣ мусофиронашро барад. Ба мушоҳидаи ӯ, аз ҳама бештар кори мардуми одӣ мушкил шудааст: “Пул, ки дар ҳолати садамавӣ аст, дар саршавии он мусофиронро мефарорем, давомашро пиёда мераванд ва баъди аз пул гузаштан боз дар мошин мешинанд. Барои мардум бисёр душвор шудааст, бо бори вазнин меоянд, гузашта наметавонанд.” Баъди вайрон шудани пули мошингузар, мақомот ба сокинон ваъда дода будаанд, ки пулро таъмир мекунанд, вале то ҳол вазъ дигар нашудааст.
Об кам шудааст, вале...
Хушвахт Ризоев, сокини шаҳри Ваҳдат мунтазир аст, ки кай масъулон барои таъмири пул дастбакор мешаванд: “Вақти сел омад, ҳамин хел шуд. Омада гуфтанд, об кам мешавад, дуруст мекунем, медиҳем, ҳаминро нигоҳ дорем. Об кам шудасту ҳеч ҷое нест, ки биёянд. Ҳамин ду тараф, мардуми Рудакӣ ин сӯ Ваҳдат, халқ ҳама аз ҳаминҷо мегузарад. 15-16 ҳазор одам ин сӯи купрук ва 15-16 ҳазори дигар дар он сӯи купрӯк зиндагӣ мекунанд».
Рӯзи 30-юми август дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, ки дар нақшаи корияшон таъмири пул пешбинӣ шудааст ва ҳоло масъалаи маблағгузории он дар баррасӣ қарор дорад.
Кай таъмир хоҳад шуд ва маблағи он чӣ миқдорро ташкил медиҳад, маълум нест ва дар ин бора масъулон ҳам ҷузъиёти бештар надоданд. Сокинон мегӯянд, агар ҳоло пул таъмир нашавад, дар фасли сармо бештар хатарнок ва равуо низ зери барфу борон мушкилтар хоҳад шуд.
Пул, ки ба нақли сокинон дар замони Шӯравӣ сохта шудааст, чандин маҳаллаҳои атрофи онро бо ҳам мепайвандад ва яке аз пулҳои асосӣ барои ҳаракати мошинҳои мусофиркашу боркаш низ будааст. Аксари роҳҳои мошингарди Тоҷикистон ё пулҳое, ки дар давраи Шӯравӣ сохта шудаанд, кӯҳнаву фарсуда ҳастанд ва барои таъмири онҳо миллионҳо доллар зарур аст.