Рамазон Ҷумъаев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабқати навбатӣ дар Краснодар қарор буд аз 11 то 12-уми сентябр баргузор шавад. Варзишгар бо ҳадафи ширкат дар ин мусобиқа 5-уми сентябр аз Душанбе ба Сочӣ парвоз кард. Мақомоти Русия баъди тафтиш ба Рамазон Ҷумъаев гуфтанд, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надорад ва аз ин кишвар бояд ихроҷ шавад. Дар ҳоле, ки ба гуфти мусоҳиби мо ӯ аз Федератсияи самбои Тоҷикистон санад дошт, вале марзбонони рус ба ин санад ҳатто нигоҳ накардаанд.
Дар наворҳое, ки варзишгар ба Радиои Озодӣ фиристод дида мешавад, ки муҳоҷирони тоҷик дар Фурудгоҳи Сочӣ рӯйи курсиҳо хобидаанд. Ба нақли Рамазон, дар фурудгоҳ ҳамроҳи ӯ боз 12 муҳоҷири тоҷик банд монда будаанд. Шароити нигаҳдории онҳо бад будааст. Бо ин вуҷуд варзишгари тоҷик ҳатто дар дар толори фурудгоҳ ба тамрини худ идома медод.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Рамазон Ҷумаевро ҳамроҳ бо 9 муҳоҷири дигари тоҷик субҳи 8-уми сентябр ба Душанбе бозпас фиристодаанд. Ӯ мегӯяд, вақте шиносномаро ба дасташ супориданд, дар он ягон муҳри ихроҷ ҷой надошт. Ҳоло ӯ тасмим дорад, ба тамрини худ дар ватан идома бидиҳад.
Ҷумъаев чор соли охир дар Маскав мезист ва ду моҳ пеш барои иштирок дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба муҳорибаҳои омехта ба Тоҷикистон омад буд. Варзишгар дақиқ намедонад, ки барои кадом гуноҳ вуруди ӯро ба Русия манъ карданд. Танҳо тахмин мезанад, ки ҳангоми иқомат дар Маскав шояд ягон қоидаро вайрон кардааст.
Рамазон Ҷумъаев қаҳрамони чандин мусобиқаи ҷудо ва самбои ҷангӣ дар Тоҷикистон аст. Ҳамчунин ӯ се маротиба дар қаҳрамониҳои Красанодар оид ба самбои ҷангӣ пирӯзӣ ба даст овардааст.
Ҷумъаев ягона варзишгари тоҷик нест, ки дар роҳи сафар ба мусобиқа барояш мушкилӣ пеш меояд. Аввали моҳи сентябр ба як варзишгари дигари тоҷик иҷоза надоданд, ки аз Туркия ба Испания парвоз кунад. Суннат Абдуллоев, ки барои ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон оиди гӯштини тарзи юнониву румӣ роҳии Испания буд, чанд рӯз дар фурудгоҳи Истанбули Туркия дармонд. Мақомоти тоҷик дар ин бора ҳеч шарҳе надоданд.
Баъд аз ҳамла ба толори "Крокус" дар моҳи марти имсол, боздоштҳои беасоси муҳоҷирон, шиканҷа ва ихроҷ аз Русия афзуд. Бархе кишварҳо, аз ҷумла Туркия барои тоҷикистониҳо раводид ҷорӣ карданд. Сокинон мегӯянд, гирифтани раводид ё визаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ барои мардони Тоҷикистон мушкил шудааст.
Гуфтугӯ