Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навбат ба фарзандони муҳоҷирон. Вакилони Дума чӣ талаб доранд?


Мактабе дар Перми Русия
Мактабе дар Перми Русия

Баъзе вакилони Думаи давлатӣ исрор доранд, ки фарзандони муҳоҷирон пеш аз қабул ба мактабҳои Русия аз санҷиши донистани забони русӣ гузаранд. Ин нуктаро Ирина Яровая, муовини раиси Дума дар нишасти хабарие баён кард.

Ба таъкиди мақомодор, феълан дар ин кишвар ҳудуди 210 ҳазор фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ дар мактабҳо дарс мехонанд. Дар айни замон Яровая афзуд, тақрибан 14 ҳазор фарзандони муҳоҷирон ба мактаб намераванд, ки омили хатарзо мебошад. Муовини раиси Дума иброз намуд, ки вакилон талаб доранд, ки фарзандони муҳоҷирон қабл аз пазируфта шудан ба мактаб, аз забони русӣ имтиҳон супоранд.

“Бе донистани забон дар мактаб хондан ғайриимкон аст. Зеро ин барои хонандае ки забонро намедонад, мушкил эҷод мекунад ва дар худи мактаб вазъияти носолимро ба вуҷуд меорад. Ин вазъ барои омӯзгорон мушкил меофарад, ки бо онҳо чӣ гуна муомила карданро намедонанд. Ин ғайри қобили қабул аст,”-гуфтааст Ирина Яровая.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Забондонии кӯдакони муҳоҷиронро месанҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

Моҳи август Вазорати маорифи Русия аз лоиҳаи қонуне хабар дод, ки бар асоси он забондонии фарзандони муҳоҷирон пеш аз қабул ба мактаб санҷида мешавад. Игор Круглинский, муовини вазири маорифи Русия дар як ҳамоиши вобаста ба мавзӯи муҳоҷират гуфта буд, кӯдакони хориҷӣ муваззаф мешаванд, пеш аз қабул шудан ба мактабҳо, аз забони русӣ имтиҳон супоранд. Ба иттилои расонаҳои русӣ, Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Русия аз ин пешниҳод тарафдорӣ кардааст.

Ҷузъиёти бештари ин санад маълум нест. Аз ҷумла рӯшан нест, ки фарзандони муҳоҷирон дар ҳолати нагузаштан аз имтиҳон аз таҳсил дур мемонанд?

Дар остонаи соли нави таҳсил баъзе муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шикоят карданд, ки қабули фарзандонашон ба мактабҳои Русия мушкил шудааст. Бо вуҷуди доштани ҳама санадҳо, аризаи онҳо барои қабули кӯдакон ба мактаби маҳалли зист рад карда мешавад. Маъмурони мактабҳо набуди ҷойро дар синфхонаҳо сабаб меоранд. Бархе ҳам бидуни пеш овардани ягон далел дархости муҳоҷирро рад мекардаанд.

Мушкили қабули кӯдакон дар мактабҳои Русияро муҳоҷирони тоҷик ҳам доранд. Ба ин далел ҳам баъзе аз волидони муҳоҷир аз Тоҷикистон маҷбур мешаванд фарзандонашонро аз худ дур кунанду дар ватан дар тарбияи хешу табор гузоранд.

XS
SM
MD
LG