Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мегӯянд, ҷойи холӣ нест." Мушкили нави хонаводаҳои муҳоҷирон дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қабули фарзандони баъзе аз муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба мактабҳои миёнаи Маскав мушкил шудааст.

Бо вуҷуди доштани ҳама санадҳо, аризаи онҳо барои қабули кӯдакон ба мактаби маҳалли зист рад карда мешавад. Маъмурони мактабҳо набуди ҷойро дар синфхонаҳо сабаб меоранд. Бархе ҳам бидуни пеш овардани ягон далел дархости муҳоҷирро рад мекунанд.

Венера, муҳоҷир аз Қирғизистон, ки дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, чанд сол боз талош дорад, писарашро ба мактаб барад. Аз рӯйи син фарзанди ӯ ҳоло бояд дар синфи 4-ум хонад, вале ҳар сол ба дархости Венера барои қабули писараш ба мактаб посухи рад меояд. Моҳи сентябри имсол бояд духтари хурдии вай ҳам ба синфи якум равад. Ҳуҷҷатҳои ӯро қабул намекунанд.

"Вақте ба мактаб ариза медиҳӣ, як рӯз нагузашта посухи рад меояд. Соли дуюм аст, ки фарзандамро ба мактаб қабул намекунанд. Духтари хурдиям имсол ба синфи якум меравад. Ҳамаи санадҳои ӯ дурустанд, соҳибхонаамон тавре зарур аст, ӯро дар қайд гузошт," -- нақл кард Венера.

Венера тамоми санадҳоеро, ки барои қабул дар мактабҳои Русия зарур аст, аз тарҷумаи шиноснома гирифта, то дафтарчаи тиббии кӯдакон дар даст дорад. Вай тавассути барномаи махсус ба мактаб ариза пешниҳод мекунад. Вақте ин бор ҳам ӯ бе сабаб аз мактаб посухи рад гирифт, аз президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) кумак хост.

Аз мушкил дар қабули фарзандон ба мактабҳои Русия муҳоҷирони дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам шикоят мекунанд. Марал, шаҳрванди Қазоқистон, ҳоло ба дархости навбатиаш посухи мактабро интизор аст.

"Ба ман гаштаву баргашта посухи рад меояд. Писари ман бояд ба синфи 4-ум равад. Сентябр наздик аст. Вале наметавонам кӯдакамро ба мактаб гузорам. Хеле дар ташвишам. Ҳатто намедонам ба куҷо равам," -- шикоят кард Марал.

Муҳоҷири дигар, шаҳрванди Қирғизистон, аз мақомоти кишвараш хоҳиш дорад, ки "бигзор ба ин мушкили волидон дар Русия таваҷҷӯҳ кунанд."

Чолпон ҳам муҳоҷири қирғиз аст ва фарзандони мактабхон дорад. Вай мегӯяд: "Баъзан ба мо мегӯянд, ки санадҳоятон пурра нест. Баъзан мегӯянд, ки ҷой нест. Агар ба мактаб равем, мегӯянд, дигарбора ба сомонаи mos.ru ариза пешниҳод кунед. Мо коре карда наметавонем."

Аксар муҳоҷирони қирғиз мегӯянд, имкони баргардондани фарзандонро барои таҳсил ба ватанро надоранд. Назира, муҳоҷири қирғиз, нақл мекунад, ки кӯдаконро ба танҳоӣ ба воя мерасонад. Дар ватан танҳо модари бемор дорад ва наметавонад ба ёрии касе умед бандад.

"Ба ман посух омад, ки "ҷойи холӣ нест". Ман ба мактаб ва раёсат занг задам, ба мактаби дигар ариза равон кардам. Он беҷавоб аст. Ман модари танҳоям. Касе надорам, ки кумак кунад," – афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Чаро мактабҳои Русия бачаҳои муҳоҷиронро намегиранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, Мирлан Токтобеков, ки ба муҳоҷирон дар Русия ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, як сабаби қабул нашудани фарзандони муҳоҷирон ба мактаб ин таъсири рӯҳияи бегонаситезист, ки ҳоло дар Русия рӯ ба боло аст.

“Аз ҳукумат дастур шуда буд, ки фарзандони муҳоҷирон набояд аз 20 дарсади шумори хонандагони синф ё тамоми мактаб бештар бошад. Ҳолатҳое мешаванд, ки баъзе мактабҳо бо такя ба ин дастур аризаи муҳоҷиронро рад мекунанд. Дар асл ин мушкил бештар дар шаҳрҳои калон мисли Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Маскав вуҷуд дорад,” – мегӯяд ҳуқуқшинос.

Ба таъкиди ӯ маҳз душвориҳо дар қабули кӯдакон ба мактабҳои Русия сабаб мешавад, ки баъзе аз волидон дигар талоши ба мактаб бурдани фарзандони худро намекунанд. Бинобар ин, кӯдакон аксаран аз барномаи таълимӣ қафо мемонанд.

"Чунин ҳолате ҳам ҳаст, ки духтари 13-сола чанд сол аз таҳсил дур мондааст. Волидон чанд бор талош карданд, аммо муваффақ нашуданд, ки ӯ ба мактаб равад. Дар ниҳоят ба мо муроҷит намуданд. Мо тамоми кӯшишро кардем ва тавонистем духтари сездаҳсоларо ба синфи ду гузорем," -- нақл кард Мирлан Токтобеков.

Дар cафорати Қирғизистон дар Русия гуфтанд, ки ягон шикояту муроҷиате дар бораи қабул нашудани кӯдакон ба мактаб беҷавоб намемонад. Дар айни замон, ба гуфтаи дипломатҳо, чунин муроҷиатҳо аз сӯйи шаҳрвандони Қирғизистон зиёд нест ва “ин мушкил хусусияти оммавӣ надорад”.

Мушкили қабули кӯдакон дар мактабҳои Русияро муҳоҷирони тоҷик ҳам доранд. Ба ин далел ҳам баъзе аз волидони муҳоҷир аз Тоҷикистон маҷбур мешаванд фарзандонашонро аз худ дур кунанду дар ватан дар тарбияи хешу табор гузоранд.

XS
SM
MD
LG