Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳуштак накашед, гап напартоед." Муҳоҷиронро дар Русия "тарбия" мекунанд?


Коллаж
Коллаж

Дар Русия талош доранд, ки муҳоҷиронро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба давраҳои омӯзишӣ фаро бигиранд. Идораи умури миллатҳои ин кишвар бо ин мақсуд дарси вижаеро омода кардааст.

Расонаҳои Русия дар мавриди ин тарҳ дар нимаҳои моҳи июл хабар доданд. Ин дарсҳои 70-дақиқаӣ “дар зудтарин фурсат” шуруъ хоҳанд шуд ва ҳадафи онҳо ошно кардани хориҷиҳо бо қонуни кору муҳоҷират, рафтор ва таърихи мухтасари равобити Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Дарсҳо аз чор қисм иборатанд:

  • Асосҳои қонунгузории муҳоҷират;
  • Асосҳои рафтору ахолиқи ғайрирасмӣ дар Русия;
  • Масъулият барои риоя накардани қонунгузориҳои Русия;
  • Таърихи муносибатҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ.

“Ба муҳоҷирон дар мавриди тарзи рафтор дар кишвар ва минтақаи хос, аз ҷумла ҳуштак накашидан ба занону мардон ва муҳокима накардани роҳгузарон ба забони модарӣ тавсия мешавад. Ба ғайр аз ин, муҳоҷиронро дарсҳои мухтасар аз таърих интизор аст, ки дар канори мавзуъҳои дигар гуфта мешавад “аз буҷаи Шӯравӣ барои рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ пули ҳангуфт ҷудо шуда буд,” – навишт нашрияи “Комменрсантъ”.

Тибқи гуфтаи муовини сардори Идораи умури миллатҳо Станислав Бедкин, ин дарсҳо дар чор минтақаи Русия, аз ҷумла вилояти Маскав муваффақона санҷида шуданд. “То имрӯз аксар минтақаҳои Русия ҷанбаҳои вижаи худро таҳия карданд. Яъне, вижагии фарҳангӣ ва суннатҳои ҳар минтақа дар назар гирифта шудааст”, -- гуфтааст ин мақоми рус.

Муҳоҷирон ба ин ниёз доранд?

Амир, саркоргари яке аз ширкатҳои сохтмонӣ дар Маскав, бовар дорад, ки чунин дарсҳо метавонанд фоидаовар шаванд. "Дар миёни онҳое, ки барои кор меоянд, шахсоне ҳастанд, ки на дар мавриди кор чизе медонанд ва на рафторашон ҷавобгӯ аст. Теъдодашон зиёд нест, аммо ҳастанд ва диққат бештар ҷониби онҳост. Ин дарсҳо дар мавриди рафтору ахлоқ ба муҳоҷирон судманд хоҳанд буд. Аммо, мушкил ин ҷост, ки ин дар амал чӣ гуна хоҳад буд? Агар ин дарсҳо низ мисли гувоҳиномаи забони русӣ фурӯхта шавад, он барои як муҳоҷири маъмулӣ як харҷи изофӣ хоҳад буд," -- мегӯяд Амир.

Аммо, ба гуфтаи вай, муҳоҷироне, ки муддатҳост дар Русия зиндагӣ мекунанд, медонанд, ки амалан ҳама чизро метавон бо пул ҳал кард. “Аз ин рӯ, чунин навовариҳоро ҷиддӣ намегиранд ва муҳоҷирони тозакор ба таҷрибаи онҳо такя мекунанд. Бояд гуфт, аксари ин ниҳодҳоро худи муҳоҷирон ба ришвату пора одат доданд,” – афзуд ӯ.

Дар ин дарсҳо дар мавриди омадан ва рафтан ба Русия, гирифтани иҷозати кор ва бастани шартнома бо ҷузиъёт гуфта шудааст. Дар бахши дигар ба муҳоҷирон ҳушдор дода шудааст, ки аз зери лаб суҳбат кардан ба забони модарӣ, аз анҷоми маросими динӣ дар кӯчаҳо, ҳуштак кашидан ва “талош барои писанд омадан ба занон” худдорӣ кунанд.

Барои таҳқир кардан?

Ба муҳоҷирон инчунин ҳушдор дода шудааст, ки ба гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ ҳамроҳ нашаванд ва дар эътирозҳое, ки иҷоза надоранд, иштирок накунанд. Дар зимн дар ин дарсҳо иштирок дар “амалиёти махсуси ҳарбӣ” (Русия ҷангашро дар Украина чунин меномад) ташвиқ шудааст. Ишора шудааст, ки онҳое, ки қарордоди ҳарбӣ мебанданд, метавонанд ба таври осонтар шаҳрвандӣ бигиранд.

Валентина Чупик
Валентина Чупик

Валентина Чупик, фаъоли ҳуқуқи башар, мегӯяд ин дарсҳо хубанд, аммо дар шароити имрӯзи Русия бо ҳадафи мутобиқ кардани муҳоҷирон роҳандозӣ нашудаанд. “Дар умум, дарсҳои мутобиқкунӣ хубанд. Тавзеҳ додани ин ки фарҳангҳои дигаре низ вуҷуд доранд, имон ба Худо ва суннатҳо (рафтан ба калисо, ибодат, либос) чизҳои мутафовитанд ва хеле ҳам заруранд. Аммо ин дарсҳои пешниҳодӣ дар Русияи имрӯзӣ на барои ҷазби муҳоҷирон, балки бо ҳадафи таҳқири онҳо ва ҳамзамон пулситонӣ роҳандозӣ мешаванд. Дақиқан ҳадафи онҳо пулситонӣ ва таҳқир аст,” - мегӯяд ин вакили дифоъ.

Абзор барои ҷанг ва сиёсат

Иқдоми ҳозираи ҳукумати Русия дар ҳоли фишори давомдор бар муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ гирифта мешавад. Ғайр аз ҳамла ба маконҳои будубоши муҳоҷирон онҳоро аз даромадан ба қаламрави Русия боз медоранд, бидуни далел ихроҷ мекунанд ва бо ҳадафи бурдан ба ҷанги Украина ба хидмати ҳарбии қарордодӣ ҷалб мекунанд.

Ҳамзамон маҷлиси Русия дар давом моҳи июл чанд қонун қабул кард, ки назорат бар муҳоҷиронро сахттар мекунанд. Яке аз ин қонунҳо ба пулис ҳаққи ихроҷи муҳоҷиронро бе ҳукми додгоҳ медиҳад.

“Фишор бар муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик як сол қабл аз воқеаи “Крокус” шуруъ шуд. Он замон шароити низомиро далел меоварданд. Аммо пас аз он воқеа муҳоҷирони корӣ гуё хатари асосӣ ба амнияти давлатии Русия табдил ёфтанд, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, қонунгузор ва иҷроия ҳама ба маҳдуд кардани онҳо дасту остин бар заданд. Эҳтимолан маҳдудиятҳои феълӣ бо таваҷҷуҳ ба фазо дар ҷомеа давом хоҳад кард. Аз ин рӯ, муҳоҷирон ё худро бештар ба шароити нав мутобиқ кунанд ё дар ҷустуҷӯи масирҳои нави муҳоҷират шаванд,” -- мегӯяд як фаъоли диаспораи тоҷик дар Русия.

Гузаштани ҳатмӣ аз дарсҳои нав дар Русия то ҳол дар қонунгузорӣ ворид нашудааст, аммо иҷро кардани он тавассути мақомоти минтақаӣ, масъули созгории иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандони хориҷӣ анҷом хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG