Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани ҳомила баъди ихроҷ аз Русия дар Тоҷикистон фавтид


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон сабабҳои марги як занеро, ки аз Русия ихроҷ ва ҳангоми зоиш дар таваллудхони шаҳри Турсунзода фавтид, таҳқиқ дорад.

Истад Маҳамадализода, сокини 22-солаи деҳаи Шодмони шаҳри Турсунзода рӯзи 25-уми сентябр ҳангоми ҷарроҳӣ барои берун овардани тифли батнаш ҷон додааст. Ду ҳафта пеш ӯро аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ карда будаанд.

Дар Вазорати тандурустӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сабабҳои марги ин занро ҳанӯз пурра дақиқ накардаанд. Пайвандонаш мегӯянд, чун ин зан аз хонаводаи лулитаборон буд, нисбат ба ӯ бетаваҷҷӯҳӣ шудааст.

Даромадгоҳи шаҳри Турсунзода
Даромадгоҳи шаҳри Турсунзода

Тоҷиддин Ятимов, сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода рӯзи 2-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сабаби марги ин зан дер муроҷиат карданаш ба беморхона буд.

Ӯ гуфт, маълум карданд, ки ин зан ҳангоми боздошт ва ихроҷ аз Русия азият кашидааст ва дигар тавони зоидани тифлро надошт.

"Аз Русия ихроҷ мешавад, ба Тоҷикистон бо мошини давоми як ҳафта меояд. Ӯро ба беморхона дер оварданд, тифлашро наҷот додем, лекин худашро не,"--гуфт Тоҷиддин Ятимов.

Тифли ин занро ҳоло наздикони шавҳараш парасторӣ мекунанд. Ӯ ду сол пеш соҳиби як писар шуда, ин фарзанди дуюмаш будааст.

Наздикони ин зан аз ноҳияи Шаҳринав гуфтанд, воқеан ӯ аз Русия то Тоҷикистон дар моҳи нӯҳуми ҳомиладорӣ ба сахтӣ расид, вале ҳангоми ба зоишгоҳ бурдан аҳволаш хуб буд.

Як тан аз наздикони ин зан, ки нахост номашро зикр кунем, рӯзи 2-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки пизишкон то лаҳзаи охир ба ӯ бетаваҷҷӯҳӣ кардаанд. Ӯ гуфт, чун онҳо аз хонаводаи лулитабор ва камбизоат ҳастанд, ба Истад таваҷҷӯҳи дуруст накарданд.

"Агар сари вақт ӯро ҷарроҳӣ мекарданд, мумкин зинда мемонд. Лекин вақте қариб ба мурдан омад, баъд ҷарроҳӣ карданд,"--гуфт ӯ.

Тоҷиддин Ятимов, сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода ин иддаоро рад кард. Ӯ гуфт, мо бо ин зан ҳамчун як инсон муносибат кардем ва лӯлитабор будани ё набуданаш ҳеч нақше надорад.

Наздикони шавҳари ин зан гуфтанд, ки ҳеч эътирозе нисбат ба кори пизишкон надоранд.

Додарбек Ғаниев, бародари шавҳари ин зан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, марги келини хонаводаро аз тақдир мебинанд ва нисбат ба касе шикоят надоранд.

«Ҳамон рӯз бо келин гап зада будем. Саломатиаш хуб буд ва ҳеч шикояте надошт. Лекин ҳамин ҳодиса шуд, дар насибамон будааст. Духтурҳо бисёр муносибати хуб доштанд ва ҳоло ҳам, ки кӯдак дар дасти мо ҳаст, ҳар рӯз омада аҳволпурсӣ мекунанд. Дар насибаш будааст ва духтурон ҳама корро карданд. Мо аз духтурон розием,»--гуфт ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон фавти модарон ҳангоми таваллуд дар Тоҷикистонро маъмулан эълон намекунанд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар гузориши худ аз ду соли пеш гуфта буд, ки дар Тоҷикистон аз миёни ҳар 100 ҳазор модар ҳангоми таваллуд 24 нафар мефавтанд.

Соли 2019 барои марги шаш зан зангоми таваллуд дар вилояти Хатлон ду мақоми баландмақоми соҳаи тандурустиро аз мансаб барканор карда буданд.

Аксаран пизишкон наздикони занони фавтидаро гунаҳкор мекунанд, ки ба пизишкон дер муроҷит карданд ё давраи ҳомиладориро дуруст пушти сар накардаанд.

XS
SM
MD
LG