Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси CIA: Хатари даргирии ҳамаҷониба миёни Эрон ва Исроил вуҷуд дорад


Вилям Бурнз, раиси Созмони истихбороти марказии Амрико ё CIA гуфт, агарчӣ Вашингтон ба ин бовар аст, ки на Эрон ва на Исроил ҳеҷ кадом "ба дунболи як ҷанги ҳамаҷониба нестанд", аммо хатари афзоиши нохостаи даргириҳо "бисёр воқеӣ ба назар мерасад".

Раиси CIA рӯзи 7-уми октябр дар як нишасти вобаста ба амнияти миллӣ, ки дар иёлати Вирҷиния баргузор шуд, афзуд, ки калонтарин хатаре, ки мумкин аст ба бештар шудани танишҳо сабаб шавад, аз қазовати нодурусти раҳбарон сарчашма мегирад ва ё руйдодҳое монанди ҳамлаи низомӣ, ки боиси талафоти ғайринизомиён шавад.

Ба гуфтаи ӯ, Исроил "ба диққат дар ҳоли арзёбии ин масъала аст, ки чигуна ба охирин ҳамлаи мушакии Эрон посух диҳад".

Вай аммо ҳозир нашуд дар бораи навъи вокуниши Исроил суҳбат кунад.

Раиси CIA изҳор дошт, "ба назарам, ҳамаи мо комилан аз паёмадҳои шаклҳои гуногуни ҳамла ва таъсири он бар бозори ҷаҳонии энержӣ ва бозори ҷаҳонӣ огоҳ ҳастем".

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки аз ҳамлаи Исроил ба пойгоҳҳои ҳастаии Эрон ҳимоят намекунад.

Аммо маълум нест, ки оё Вашингтон муваффақ шудааст, ки Исроилро ба таври комил аз чунин гузинае боздорад ё не. Аз сӯе, бозори нафт низ бинобар эҳтимоли ҳамлаи Исроил ба пойгоҳҳои нафтии Эрон дар вазъияти пурхатар будааст.

Вилям Бурнз афзуд, ки "тасмимгирандаи ниҳоӣ" дар Эрон Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ аст ва созмони CIA "тағйири хосе дар лаҳни онҳо ташхис надодааст".

Ин мақоми амрикоӣ сипас гуфт, ки ҳамчунин то ҳадде умед дорад, ки байни Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос" созише ба даст биояд, ки боиси озодии гаравгонҳои исроилӣ шавад. Вай аммо таъкид кард, ки гуфтугӯҳо бисёр чолишбарангез аст.

Вилямз гуфт, "мо дастикам чанд бор ба созиш наздик шудем, аммо бисёр душвор будааст".

Аз замони оғози ҷанг дар Ғазза як сол мегузарад. Дар пайи ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос", ки Амрико онро созмони террористӣ медонад, 1200 исроилӣ кушта ва 240 тани дигар ба гарав гирифта шуданд.

Давоми як соли ахир дар ҳамлаҳои Исроил беш аз 41 ҳазор фаластинӣ кушта шуданд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон ҳастанд.

Ҳоло доманаи ҷанг аз Ғазза фаротар рафта, ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон низ идома доранд. Гуруҳҳои тарафдори Эрон дар ин муддат аз Яман, Сурия ва Ироқ ба суи Исроил мушакпартоӣ карданд. Исроил ҳам чанд дафъа пойгоҳҳои ин нерӯҳоро мавриди ҳамла қарор дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG