Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як нафар дар пеши чашми мардум дар Гардез


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бо ҳукми "Толибон" як мардро бо номи Муҳаммадайёс Асад дар шаҳри Гардези Афғонистон дар пеши чашми мардум ба қатл расондаанд.

Ҳодиса рӯзи 13-уми ноябр иттифоқ уфтод.

Додгоҳи олии ҳукумати “Толибон” гуфтааст, эъдом бар асоси қонунҳои Ислом анҷом шуда, ҳукмро Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода тасдиқ кард.

Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ бо истинод ба “Франс-Пресс” навишт, ки барои дидани ин саҳна ҳазорон нафар гирд омада буданд.

Ба иттилои манбаъ, эъдомро шахсе анҷом дод, ки маҳкумшуда дар қатли узви хонаводаи ӯ даст доштааст.

Ричард Беннетт, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар дар Афғонистон, ин эъдомро "дилхарош" номид ва аз "Толибон" хост, ҳарчи зуд аз чунин ҷазодиҳӣ даст кашад.

Дар се соли раҳбарии “Толибон” дар Афғонистон дар бораи 6 мавриди эъдом хабар дода шудааст.

XS
SM
MD
LG