Дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ аз шарҳи масъала худдорӣ кард. Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ парвандаро Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Додгоҳи олӣ баррасӣ мекунад.
То ин лаҳза дақиқ нест, ки мурофиаи чанд нафар аз айбдоршавандагон оғоз шудааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз назди Боздоштгоҳи муваққатӣ мегӯяд, дастикам шаш вакили дифоъ ба мурофиа даромаданд. Аммо адвокатҳо аз суҳбат худдорӣ карданд.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Саъидҷаъфар Усмонзода, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимов ба талош барои ғасби қудрат (моддаи 306-и Кодекси ҷиноятӣ) муттаҳам мешаванд. Илова бар ин алайҳи чанде аз ин чеҳраҳои шинохта бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ (моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ) ҳам парванда боз шудаанд. Ин ду иттиҳом солҳои тӯлонии зиндонро пешбинӣ мекунанд.
Шокирҷон Ҳакимов ҳамаи айбномаро рад кардааст. Назари шахсони боздоштшуда ва наздикони онҳо маълум нест. Додситонии кулли Тоҷикистон ба парвандаҳои ин афрод муҳри махфӣ задааст ва ба ин далел ҳеч иттилоъ дар ихтиёри расонаҳо намегузорад.
Гуфтугӯ