Гуфтугӯи телефонии Ҷо Байден ва Бенямин Нетаняҳу, раҳбарони Амрико ва Исроил чаҳоршанбеи гузашта пас аз ҳудуди 50 рӯз аз гуфтугӯи қаблии он ду анҷом шуд.
"Вашингтон пост" ба нақл аз як мақоми амрикоӣ навиштааст, ки дар ин гуфтугӯ Бенямин Нетаняҳу "мавзеи муътадилтаре" нисбат ба қабл дошт.
Ин рӯзнома ба нақл аз ду мақом гузориш додааст, ки дар мулоим шудани мавзеи Нетаняҳу, тасмими Ҷо Байден барои фиристодани системаи зиддимушакии THAAD ба Исроил нақш дошт.
"Вашингтон пост" ҳамчунин ба нақл аз яке аз ин ду мақом навиштааст, ки ҳамлаи интиқомҷӯёнаи Исроил ба Эрон "қабл аз интихоботи панҷуми ноябр дар Амрико" анҷом хоҳад шуд, зеро ба гуфтаи ӯ, даст ба чунин кор назадани Исроил мумкин аст аз суи Эрон ҳамчун нишонаи заъф тафсир шавад.
Эрон ду ҳафта қабл барои дувумин бор тайи моҳҳои ахир ҳудуди 200 мушак ба тарафи Исроил партоб кард ва онро посухе ба кушта шудани Исмоил Ҳания ва Ҳасан Насруллоҳ дар Теҳрон ва Бейрут хонд.
Вазири дифои Исроил гуфтааст, посухи ин кишвар ба Эрон "маргбор, дақиқ ва болотар аз ҳама ғофилгиркунанда", хоҳад буд.
Ба навиштаи "Вашингтон пост", Исроил дар посух ба ҳамлаи қаблии мушакии Эрон ба ин кишвар "ҳамлаи дақиқ ба як пойгоҳи ҳавоӣ дар Исфаҳон", анҷом дод. Аммо ба ҷуз вазири амнияти миллии Исроил, ки ин ҳамларо "ҳақирона" хонд, дигар мақомҳои исроилӣ дар бораи он ҳарфе назаданд.
"Вашингтон пост" менависад, шуморе аз чеҳраҳои сиёсии Исроил таъкид доранд, ки ба таъсисоти ҳастаии Эрон ҳамлаи мустақим сурат бигирад.
Бо ин ҳол, як мақоми пешини МОСАД, Созмони ҷосусии Исроил, ба ин рӯзнома гуфтааст, Бенямин Нетаняҳу бояд байни дархостҳои Вашингтон ва дархостҳои умумӣ дар Исроил дар бораи посухи қотеъ ба Эрон, мувозинатро риоя кунад.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ба таври ошкор гуфтааст, ки мувофиқи ҳамлаи Исроил ба пойгоҳҳои ҳастаӣ ва зерсохторҳои нафтии Эрон нест.
"Вашингтон пост" дар айни ҳол ба нақл аз як мақоми исроилии наздик ба нахуствазири ин кишвар навиштааст, ки тасмими ниҳоӣ дар мавриди "посух ба Эрон"-ро Бенямин Нетаняҳу мегирад ва "ӯ мунтазири чароғи сабзи Вашингтон нахоҳад буд".
Гуфтугӯ