Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бег Сабур ширкатҳои мобилиро ҳушдор дод. Мутахассиси соҳа: "Монеаҳоро аз байн баред"


Акс аз соли 2019
Акс аз соли 2019

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бори дигар аз кори ширкатҳои мобилӣ интиқод карда, ҳушдор додааст, ки агар сифати интернету алоқа беҳтар нашавад, иҷозатномаашонро бекор хоҳад кард.

Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 26-уми ноябр дар як ҷаласа бо ҳузури намояндагони ширкатҳои мобилӣ гуфтааст, сифати алоқа дар кишвар қонеъкунанда нест.

“Ин ҳолат моро маҷбур мекунад, ки дар баробари таҷдиду навсозии истгоҳҳои базавии алоқа, назоратро аз фаъолияти операторони алоқаи мобилӣ зиёд карда, барои бемасъулиятӣ мувофиқи қонунгузорӣ бидуни истисно аз ҷаримабандӣ то кушодани парвандаи ҷиноятӣ ва бозхонди иҷозатномаи фаъолият чораандеширо бештар намоем”, - изҳор доштааст раиси Хадамоти алоқа.

Санҷишҳо нишон додааст, ки сифати алоқа ҳатто дар баъзе аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ба талабот ҷавобгӯ набудааст.

Раҷабалӣ Шарипов, сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 28 ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар минтақаи онҳо бо қатъ шудани барқ интернет ҳам қатъ мешавад.

“Агар барқ бошад, бемалол кор карда мешавад, набошад - не. Вайрон мешавад, суст мешавад, кор намекунад”, - изҳор дошт ӯ.

Пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ низ нишон дод, ки ин мушкил дар минтақаҳои дигари кишвар низ вуҷуд дорад.

Маҳмудшоҳ Бегмуродов, сокини ноҳияи Хуросон низ 28 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҳалли зисти онҳо низ мавҷи алоқаи мобилӣ устувор нест.

“Дар қишлоқ агар барқ набошад, мавҷ нест. Ин хел соз аст. Баъди барқ хомӯш шудан ягон 1-2 соат алоқа намешад”, - афзуд вай.

Мушкили суръати пасти интернет ва сифати номуносиби хидматрасониҳои ширкаҳои мобилӣ бо вуҷуди танқидҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва баҳси вакилон дар парлумон ҳануз ҳам ҳалли худро наёфтааст.

Ҳушдори Бег Сабур ба ширкатҳои мобилӣ: Ё корро беҳбуд бахшед ё муҷаввизатон лағв мешавад!
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Дар Хадамоти алоқа ҳозир нашуданд мавзӯъро аз ин беш шарҳ диҳанд. Масъулони ширкатҳои мобилӣ низ нахостанд дар ин бора бо мо суҳбат кунанд.

Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои навин 29 ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз сабабҳои асосии ҷой доштани мушкилот дар соҳаи алоқа ҳамон монеаҳое мебошанд, ки худи Хадамоти алоқаи кишвар давоми солҳои ахир эҷод мекунад.

“Агар Хадамоти алоқа хоҳад, ки соҳаи алоқа дар кишвар рушд кунад ва хидматрасониҳо дар ин соҳа беҳтар шаванд, пас бояд ҳамон монеаҳоро аз байн барад. Пеш аз ҳама ширкатҳо бояд озодии интихоби шариконро дошта бошанд ва дар ин соҳа бояд озодии бозор бошад. Агар бозор озод бошад, пас рақобат низ пайдо мешавад”, - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи Гулов, рақобати озоде, ки пештар дар соҳаи алоқаи кишвар буд, ҳоло кам шудааст ва ширкатҳои мобилӣ низ барои рушд додани хидматрасониҳои худ чандон ҳавасманд нестанд.

“Ширкат вақте маблағҳои худро барои харидории техникаву таҷҳизоти нав сарф мекунад, вай бояд кафолат дошта бошад, ки қоидаҳои бозор ҳар рӯз иваз намешавад ва он маблағе, ки барои харидории таҷҳизот сарф мекунад, дар натиҷаи ҷорӣ кардани хидматрасониҳои нав метавонад он маблағро ба даст орад”, - афзуд Гулов.

Фурӯши интернет дар кишвар давоми беш аз 10 соли ахир дар инҳисори ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” аст ва ширкатҳои дигар ҳаққи мустақилона ворид кардани онро надоранд. Бонки Ҷаҳонӣ соли 2022 ба мақомоти Тоҷикистон тавсия дод, ки барои рушди соҳа "Тоҷиктелеком"-ро аз тобеияти Хадамоти алоқа берун орад.

Дар натиҷа соли 2024 танҳо ба ду ширкат иҷоза дода шуд, ки қисман интернетро мустақиман аз хориҷ ворид кунанд.

Тоҷикистон аз нигоҳи дастрасии сокинон ба Интернет дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми охирин қарор дорад. Тибқи иттилои сомонаи DataReportal.com, дар ҳоли ҳозир 41,5 дарсади сокинони кишвар ба Интернет дастрасӣ доранд. Дар оғози соли 2024 дар радабандии Speedtest Global Index низ кишвар аз рӯйи суръати интернети мобилӣ дар миёни 143 кишвар ҷойи 139-умро ишғол карда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG