Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ се танро барои ҳамла ба раиси Шӯрои уламо ҷазо дод


Барои ҳамла ба муфтии Тоҷикистон се касро ҷазо додаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

Барои ҳамла ба муфтии Тоҷикистон се касро ҷазо додаанд

Додгоҳи олии Тоҷикистон барои ҳамла ба Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои кишвар се сокини маҳаллиро ҷазо додааст.

Дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ рӯзи 31-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукм содир шуд, аммо ба далели қувваи қонунӣ пайдо накардани ҳукми додгоҳ, ҳоло ҷузъиёти он ошкор карда намешавад. Парвандаи ин се тан бо иттиҳоми ифротгароӣ баррасӣ шудааст, аммо дақиқ нест, ки бар асоси кадом моддаҳои Кодекси ҷиноӣ ҳукм содир шудааст. Ҳамчунин масъулини Додгоҳи олӣ нагуфтанд, ки ин афрод ба чанд соли зиндон маҳкум шудаанд.

Ҳамла ба раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 11-уми сентябри соли гузашта сурат гирифт. Он замон Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, як ҷавон бинобар эҳсоси авбошӣ ба рӯҳонии тоҷик дарафтодааст. То кунун сухан сари боздошти як нафар мерафт, аммо раиси Шӯрои уламо гуфт, ҳамла ба ӯ кори тарҳрезишудаи “як гуруҳи ифротӣ аст”.

Саидмукаррам Абдуқодирзода. Акс аз соли 2018
Саидмукаррам Абдуқодирзода. Акс аз соли 2018

Худи Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 31 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, дар ҷаласаи додгоҳ намояндааш ширкат кардааст:

“Давраи аввали суд даъват шудам, ман ҳамон рӯзҳо банд будам, натавонистам рафта, намояндаи худро равон кардам. Намоянда гуфт, хеле мегирист, пушаймон буд, ки "манро васвос карданд, яъне таҳрик доданд, гумроҳ карданд, ман нафаҳмидам, ки чӣ кор кардам, аз ҳазрати муфтӣ узр бихоҳед, аз номи ман, ман бисёр пушаймонам". Аммо ман то ба ҳол ӯро надидаам», - гуфт Абдуқодирзода.

Аммо Абуқодирзода нагуфт, ки ин гурӯҳи ифротӣ марбут ба кадом созмон асту ҳадафи аслиашон чӣ будааст. Дар ҳамин ҳол маълум нест, ин гурӯҳ аз дохил ҳидоят шудааст ё аз хориҷ.

Аммо дар як наворе, ки моҳи октябр Маркази исломии Тоҷикистон дар YouTube нашр кард, Абдуқодирзода ҳангоми суханронӣ дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар бораи ин ҳамла чунин гуфта буд:

“Як гурӯҳ, як маҷмӯа ҷавонони камсаводи каҷфаҳм. Гуё, ки хидмати ислом карданд. Ҳамин гурӯҳҳои тундрав, аслашонро бубинед, мусалмон нестанд. Инҳоро ба воситаи Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунанд. Ҳамон одамонеро, ки инҳоро даъват карданду роҳнамоӣ карданду супориш доданд, аз пеш надидаанд».

Рӯзи 11-уми сентябри соли гузашта як ҷавон, ки мақомот то ҳол шахсияташро ошкор накардаанд, дар дохили масҷид ва дар байни намозгузорон ба муфтии Тоҷикистон бо корд дарафтода, пешонии ӯро захмӣ кард. Гуфта мешуд, ин ҷавон 21-сола ва зодаи шаҳри Нораки вилояти Хатлон аст. Абдуқодирзода дар суҳбати моҳи октябр гуфт, ки вақте аз ӯ пурсиданд, ки “бо ҷавони ҳамлавар чӣ кор кунем?”, посух гуфтааст, “Худо ҳидояташ кунад, падараш муаллим будааст, модараш фарроши мактаб”.

Ҳамла ба муфтии Тоҷикистон як ҳолати камназир дар таърихи истиқлолияти ин кишвар аст.

Абдулқодирзода 61 сол дорад ва 14 соли охир раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, аст.

Ӯ дар тӯли кораш дар ин мақом, ки зоҳиран ҷамъиятӣ, вале зери назорату итоати дастгоҳҳои давлатист, борҳо аз минбари масҷид алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ сухан ва ба ҳимоят аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст.

Мухолифон вай ва ниҳоди зери раҳбарияшро барои сукут дар баробари мушкили диндорон, аз ҷумла ташкили масҷидҳову пӯшиши мазҳабӣ ва гузоштани ришу аз минбарҳо дур кардани рӯҳониёни шинохта танқид карда, баъзе аз гурӯҳҳои ифротгаро ба воситаи интернет ба ӯ таҳдид намудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG