Ин хонавода мегӯяд, ки беш аз 5 сол аст, касе ба муроҷиатҳояшон расидагӣ намекунад. Яке аз посухҳои такрорӣ ин аст, ки хонавода бояд ба додгоҳ муроҷиат кунад.
Хонаводаи Холиқовҳо дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Масчоҳ ҳудуди чиҳил сол боз ин порчаи заминро нигоҳубин мекунад. Нӯъмон Холиқови 60-сола, падари ин хонавода мегӯяд, дар аввал ин замин хеле вайрону ноҳамвор буд, аммо тавонистанд онро ба киштзор табдил диҳанд.
Тӯли ин солҳо бо шартнома заминро истифода мебурданд ва борҳо аз ҳукумати маҳаллӣ хостанд, ки онро бо як қарор, дар ихтиёрашон гузорад. Зеро ҳамчун оилаи серфарзанд ба он эҳтиёҷ доранд.
Нӯъмон Холиқов мегӯяд, "дар давраи дигар раис, рафта будам. Вазъиятамро фаҳмондам. Баъд пурсиданд, ки бачаҳоят ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд ё не? Ман гуфтам, яке аз онҳо ариза дода ва рафтааст. Гуфтанд, ки агар дуюмаш ҳам равад, ба ту замини наздиҳавлигӣ медиҳем. Ё ҳамин замине, ки истифода карда истодаӣ, қарорашро барои соҳиб шудан, мебарорем".
Муҳаммад Боқизода, писари Нӯъмон Холиқов мегӯяд, "аз сабаби бемории варикоз доштанам, маро Комиссариати ноҳия ба хизмат намегирифт. Азбаски ваъда доданд, ки агар хизмат рафтӣ, истифодабарии ин заминро идома медиҳед ва ба номи шумо қарорро ҳам мебарорем, ман хуб гуфта, бо дуои падар ва бо хоҳиши худам, ба хизмат рафтам".
Вале ба гуфтаи ин падару писар, мақомот 7 сол боз ба ин ваъдаашон вафо намекунанд. Писари хурдии ин хонавода Руҳуллоҳ Нуъмонзода соли 2018 ба хизмат рафта буд.
Бар иловаи ин, бо вуҷуди доштани шартномаи истифодаи замин, онро ба номи сокини дигари ноҳия ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд.
Ба гуфтаи Нӯъмон Холиқов, фарде, ки барои истифодабарии ин замин иҷозат гирифта, гуфтааст, ки барои кӯдакон варзишгоҳ месозад. "Ин замин дар назди беморхона аст ва бояд беморон нороҳат нашавад. Инҷо бояд замини кишоварзӣ бошад",-мегӯяд ӯ.
Масъулин дар ҳукумати ноҳияи Масчоҳ омода нашуданд, ба ин масъала рӯшанӣ андозанд, вале дар ҷавобҳои хаттӣ ба оилаи Холиқовҳо гуфтаанд, ки дар робита бо ин масъала, онҳо бояд ба додгоҳ муроҷиат кунанд.
Ду моҳ пеш Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Масчоҳ дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки садҳо гектар заминро бо қарори президент барои эҳтиёҷмандон додаанд ва дар навбати аввал, бояд ба чунин хонаводаҳо замин дода шавад.
Ҳуқуқшиносон мегӯянд, солҳои охир бо ваъдаҳои гуногун бурдани ҷавонон ба артиш зиёд шудааст. Вале ҳолатҳое низ кам нестанд, ки ин ваъдаҳо амалӣ намешаванд.
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос Дилафрӯз Самадова, "буданд муроҷиатҳое, ки дар ҳақиқат омада норозигӣ баён карда буданд ва дар ин чиз як душворие ҳаст, ки худи ҳамин ваъдаро исботу далелаш мушкил мебошад. Барои он, ки одатан чунин намуди созишҳо агар дар қонун наомада бошад, талаб кардани он низ душвор мебошад. Барои он, ки иҷро кардан ё накардани он аз шарту шароитҳо вобастагӣ дорад".
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Боқизода писари Нӯъмон Холиқов умедвор аст, ки ҳукумати маҳаллӣ ба ваъдааш вафо мекунад. Зеро вай бо вуҷуди беморӣ, бо умеди ҳамин замин розӣ шуда буд, ба хидмати ҳарбӣ равад.
Ӯ мегӯяд, рӯзгорашонро асосан бо пули муҳоҷират ва фоида аз ҳамин замини кишоварзӣ мечархонанд. Холиқовҳо тавони харидани ҳавлии дигар надоранд ва дар ин ҳавлии хурд се оилаи ҷавон ҳамроҳи падар зиндагӣ мекунанд.
Муҳаммад Боқизода мегӯяд, "як манбаи даромади мо ҳамин аст. Падарам бемор аст. Мо фарзандон бо навбат ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравем, чунки падарро танҳо монда наметавонем. Ҳамин заминро диҳанд, то мо истифода барем. Дар як ҳавлӣ се оила зиндагӣ мекунем, ҳамаамон зану фарзанд дорем".
Дар остонаи ҳар мавсими даъват ба артиш, мақомот барои иҷрои нақша, аз роҳу василаҳои гуногун истифода мекунанд. Аз ҷумла, ваъдаи додани замин ё расидагӣ ба ниёзҳои дигари хонаводаҳо. Баъзе ваъдаҳо иҷро мешаванд ва баъзеи дигар сабаби шикоятҳо мегарданд.
Гуфтугӯ