Пулиси Ҳинд мегӯяд, бар асари ҳамлаи шахсони мусаллаҳ ба тарафи сайёҳон дар минтақаи Ҷому ва Кашмир 26 кас кушта ва 17 тани дигар захмӣ шудаанд. Ин ҳамлаи хунбортарин дар минтақа дар ду даҳсолаи охир ба шумор меравад. Ба навиштаи расонаҳои Ҳинд, аз ҷумла India Today, тирандозӣ ҳудуди 14:30-и баъд аз зуҳри 22-юми апрел рӯй дод.
Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд, ҳамларо "террористӣ" хонд ва дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, "касоне, ки дар пушти ин амали зишт ҳастанд, ба ҷазои аъмоли худ хоҳанд расид... онҳо дар амон нахоҳанд буд.”
Сарвазири Ҳинд, ки ба Арабистони Саудӣ сафар карда буд, пас аз рух додани ин ҳамла, як шаб зудтар Ҷиддаро тарк кард ва субҳи чаҳоршанбе ба Деҳлӣ бозгашт.
Баъзе аз расонаҳои Ҳинд гузориш додаанд, ки ду қурбонӣ шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд, аммо мақомҳои расмии Ҳинд ин хабарро тасдиқ накардаанд.
Кохи Сафед ин ҳамларо "террористӣ" хонд ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар тамоси телефонӣ бо нахуствазири Ҳинд гуфт, ки аз Деҳлӣ ҳимояти комил мекунад, то сабабгорони "ҳамлаи зишт" боздошт ва муҷозот шаванд.
Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико, ки бо хонаводааш ба Ҳинд рафта, як рӯз пештар низ бо Нарендра Моди мулоқот карда буд, бо нашри паёме дар шабкаи “Х” ба "қурбониёни ин ҳамлаи террористии вайронгар" ҳамдардӣ кард.
Шумори дигаре аз раҳбарони ҷаҳонӣ, аз ҷумла Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ ва Урсула фон дер Лейен, раиси Комиссияи Аврупо ин ҳамларо маҳкум карданд.
Ба навиштаи расонаҳои ҳиндӣ, ҳамлаварон либосҳои якранг ба тан доштанд ва дар фазои бози чаманзор аз масофаи наздик ба тарафи сайёҳон тирандозӣ карданд. India Today навишт, масъулияти ҳамларо гурӯҳе бо номи "Ҷабҳаи муқовимати Кашмир" ба уҳда гирифтааст. Ба навиштаи ин расона, ин гурӯҳ шохаи маҳаллии гурӯҳи покистонии "Лашкари Таййиба" мебошад.
Бо ин ҳол, ба гузориши хабаргузории "Франс-Пресс", ҳанӯз ҳеч гурӯҳ ба таври расмӣ масъулияти ҳамларо ба уҳда нагирифтааст. Ин хабаргузорӣ ҳамчунин ёдовар шудааст, ки шӯришиён дар ин минтақа, ки аксарияти аҳолии он мусалмон ҳастанд, аз соли 1988 дар пайи истиқлол аз Ҳинд ва пайвастан ба Покистон мебошанд.
Ҳинд бахши калоне аз минтақаи Кашмирро зери назорати худ дорад ва бахши хурдтари он дар ихтиёри Покистон аст. Ҳар ду тараф якдигарро ба ишғоли Кашмир муттаҳам мекунанд.
Гуфта мешавад, ки Ҳинд ним миллион сарбозро ба таври доимӣ дар минтақаи Ҷому ва Кашмир ҷобаҷо кардааст. Бо ин ҳол, аз соли 2019, ки ҳукумати Моди худмухтории маҳдуди Кашмирро бекор кард, даргириҳо коҳиш ёфтааст.
Мансабдорони Ҳинд дар солҳои охир ин минтақаи куҳистониро ба ҷойи гузаронидани таътилҳо табдил доданд ва дар онҷо истироҳатгоҳҳо сохтанд.
Дар соли 2024 ҳудуди севуним миллион сайёҳ аз Кашмир дидан кардаанд, ки аксарияти онҳо шаҳрвандони худи Ҳинд буданд. Як сол пеш аз ин низ Ҳинд нишасти сайёҳии "Гурӯҳи 20"-ро дар Сринагар, маркази тобистонии Ҷому ва Кашмир баргузор кард.
Аммо ба навиштаи хабаргузории "Франс-Пресс", ин нишаст зери чораҳои сахти амниятӣ баргузор шуд, то Ҳинд нишон диҳад, ки изҳороти мақомоти ин кишвар дар бозгашти сулҳ ва зиндагии одӣ ба ин минтақа, пас аз саркӯби густурда, дар ҳоли бозгашт аст.
Минтақаи Паҳалгам, ки рӯзи сешанбе ба гардишгарон ҳамла сурат гирифт, дар 90-километрии Сринагар қарор дорад. Ҳинд борҳо Покистонро ба ҳимоят аз афроди мусаллаҳ ва ҳамлаҳои шӯришиён муттаҳам кардааст. Покистон ин иттиҳомро рад карда, гуфтааст, ки танҳо аз муборизаи Кашмир барои тайъини сарнавишт ҳимоят мекунад.
Умар Абдуллоҳ, сарвазири Ҷому ва Камшир дар Ҳинд, таъкид кард, ки ҳамлаи рӯзи 22-юми апрел бисёр бузургтар аз ҳамлаҳое аст, ки дар солҳои охир алайҳи ғайрнизомиён рух дод.
Дар солҳои охир хунинтарин ҳам дар соли 2019 рух дод ва шӯришиён бо мошини пур аз маводи тарканда ба корвони пулис ҳамла карданд. Бар асари ин ҳамла 40 нафар кушта ва дастикам 35 тан захмӣ шуданд.
Маргбортарин ҳамла алайҳи ғайринизомиён ҳам дар соли 2000 ва дар остонаи сафари Билл Клинтон, раисҷумҳури вақти Амрико ба Ҳинд рух дод ва бар асари он 36 нафар кушта шуда буд.