Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои мусаллаҳи ИДМ ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд


Нерӯҳои мусаллаҳи ИДМ ҷиҳати таъмини амнияти Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард.

Александр Синайский, котиби Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви ИДМ зимни як нишасти матбуотӣ дар ҳошияи ҷаласаи сарони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи ин ниҳод дар Душанбе гуфт, баргузории ин нишаст дар Тоҷикистон аз он бозгӯӣ мекунад, ки раҳбарияти сиёсиву низомии кишвар дар бораи дурнамои рушди вазъ дар тобистони соли равон фикр мекунанд.

Вай афзуд: «Раҳбарияти кишвар ва ҳамсояҳои Тоҷикистон дар ИДМ аз вазъи мураккабе, ки қаблан буд, хабар доранд ва инро ҳам медонанд, ки Худо нахоста, шояд боз тавре, ки соли гузашта буд, такрор мешавад. Аз ин хотир, бародар, ҳамсоя ҳар лаҳза омода аст, ба ҳамсояаш дасти кӯмак дароз кунад ва дар бараш истад. Ба ҳамин сабаб, ин масъалаҳо ин ҷо баррасӣ мешаванд.»

РУСИЯ ЧӢ МЕХОҲАД?

Оқои Синайский афзуд, масоили таъмини амнияти Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби созмони минтақавии Шӯрои вазирони дифоъи ИДМ ва низ созмони иттиҳодии СПАД баррасӣ мешавад. Вай гуфт, ахириҳо дар ҳайати 6 кишвар- Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон дар чаҳорчӯби нишасти мазкур низ ҷаласаи гурӯҳи кориашонро баргузор мекунанд.

Сӯҳбатҳо дар бораи эҳтимоли ноамниҳои оянда дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳанӯз чанд моҳи қабл дар расонаҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама Русия аз қавли генералҳои рус ба миён омада буданд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар шарқи Тоҷикистон иддае аз коршиносон ин кишварро «супоришгари» ин саҳнасозиҳо унвон мекарданд ва далели онҳо ҳам ин буд, ки Тоҷикистон фурудгоҳи низомии Айниро дар ихтиёри Русия гузорад ва низ ризоият диҳад, то марзбонони рус ё нерӯҳои СПАД ба марзҳои Тоҷикистон баргарданд. Далели дигари коршиносон нерӯгоҳи Роғун аст, ки Маскав мехоҳад онро таҳти назорати худ гирад.

"НА МАН БО ТУ КОР ДОРАМ, НА ТУ БО МАН"

Аммо ҳоло ба қавли Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, баъд аз ҳаводиси олами араб шароити дигар ба вуҷуд омадаанд: «Баъд аз он, ки ҳаводиси олами араб рух доданд, Русия хомӯширо ихтиёр кард. Ягон ҷонибро тарафдорӣ накард, балки бетарафиро ихтиёр кард. Бо ин хомӯшиаш гуфтанӣ аст, ки ман розӣ шудам, то он ҷо барномаи худро амалӣ кунед, акнун худаш Осиёи Марказиро таҳти фишор мегирад.»

Русия- кишвари меҳварӣ дар ИДМ ва СПАД маҳсуб мешавад, ки ба қавли коршиносон, инак, дар чаҳорчӯби онҳо мехоҳад ҳузури бар асари тавсиаи нуфузи Чину Амрико заъифшудаи низомии худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳамагӣ узви ин созмонҳо ҳастанд, тақвият диҳад.

УЗБАКҲО АЗ ИН СОЗМОН БЕНИЁЗАНД?

Зимнан, дар нишасти сарони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи ИДМ Молдова ва Ӯзбакистон ширкат надоштанд ва агарчи парчами ахирӣ дар даромадгоҳи бинои СПАД партавафшон аст, амалан дар нишастҳои солҳои ахири созмон ширкат намекунад.

Коршиносон мегӯянд, нақши ин иттиҳоду созмон дар ҳалли мушкилоти миёни кишварҳои узв, аз ҷумла дар соҳаи амният аслан муассир нест. Онҳо мухолифати Арманистону Озарбойҷон сари Қаробоғи Кӯҳӣ мисол меоранд. Ҳамчунин ҳаводиси хунини соли гузашта дар ҷануби Қирғизистонро аъзои ИДМ мушкили дохилии Қирғзистон арзёбӣ карданд. Ба қавли онҳо, дар ҳоли пеш омадани ноамниҳои навбатӣ дар Осиёи Марказӣ, қабл аз ҳама Тоҷикистон низ нақши ин созмон муассир нахоҳад буд.

ТОҶИКИСТОН ТАВОНИ ТАЪМИНИ АМНИЯТРО ДОРАД

Дар ҳоле, ки кишварҳои дигар, аз ҷумла Амрико ахиран пуштибонии худро аз Тоҷикистон дар мавриди сар задани таҳдиди гурӯҳҳои террористиву тундгаро изҳор доштанд, як афсари баландмақоми вазорати дифоъи Тоҷикистон дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ин кишвар бидуни кӯмаки хориҷӣ ҳама гуна таҳдидҳои амниятиро бартараф мекунад, агар дастҳои пурқудрате паси онҳо набошанд.
XS
SM
MD
LG