Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи интихоботи порлумон дар вилояти Суғд


Абдуҷамил Сатторов - сарвари Комиссияи Марказии Интихобот дар вилояти Суғд мегӯяд, дар интихобот ба Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар 9 ҳавза аз ҷумлаи 13 ҳавзаи инфиродии Суғд бо бештари орои раъйдиҳандагон номзадҳои ҳизби ҳоким Халқии Демократӣ соҳиби курсиҳои парлумонӣ гаштанд.

Оқои Сатторов дар бораи натиҷаҳои қаблии раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ ба аҳзоби сиёсӣ дар вилояти Суғд гуфт: "Шумораи умумии раъйдиҳандагон дар вилояти Суғд 1 006 000 нафар мебошад ва аз ин теъдод беш аз 900 000 дар интихобот иштирок карданд."

Ба иттилоъи Комиссияи Марказии Интихобот дар вилояти Суғд, дар интихобот ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар 13 ҳавзаи инфиродии устон ба ҷуз аз намондагони ҲХД танҳо як номзад аз Ҳизби Коммунист пирӯз шуда, номзадҳои 4 ҳизби сиёсии дигари кишвар ба мағлубият рӯбарӯ шудаанд. Раҳбари коммунистҳои Суғд Абдуҷаббор Аҳмадов дар ҳавзаи инфиродии Ӯрунхоҷаев рақиби худ аз ҳизби ҳоким - Шавкат Исмоилов, раиси кумитаи қонунгузории порлумони пешинро шикаст додааст. Вале аз ҷумлаи номзадҳои ғайриҳизбие, ки аз ҳавзаҳои инфиродии Суғд номзадии худро ба интихоботи Маҷлиси намояндагон гузошта буданд, танҳо як нафар - Юсуфҷон Аҳмадов, раиси кумитаи энерживу сохтмон ва саноати палатаи поёнии парлумони қаблӣ бо бартарии овозҳо боз ба муддати 5 соли дигар соҳиби курсии порлумон шудааст.

Ҳамчунин, тибқи хабари Абдуҷамил Сатторов, дар ҳавзаҳои инфиродии Ашт ва Мастчоҳ довталабони курсиҳои парлумонӣ беш аз 50 дар сади оро ба даст наовардаанд ва дар ин ҳавзаҳо баргузории интихоботи такрорӣ дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияи Ашт Муаттара Ҷӯраева ва Нодирҷон Солеҳҷонов ва дар ноҳияи Мастчоҳ Ҷумъабой Сангинов, раиси ҷиноҳи ҲХД дар Маҷлиси Намояндагон ва Маҳмудҷон Зиёбоев вориди рақобат хоҳанд шуд. Гуфтанист, ки ҳар чор номзад аз ҲХД намояндагӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Набиҷон Пӯлодов, котиби Комиссияи Марказии Интихобот дар вилояти Суғд мегӯяд, интихоботи рӯзи 27 феврал тибқи қонун сурат гирифта, аз ҷониби бахшҳои минтақавии аҳзоби сиёсии кишвар дар ин минтақа
ба онҳо дар мавриди қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот ба таври расмӣ арзу шикояте нарасидааст.

Вале Дилбар Самадова, сарвари бахши ҲСДТ дар вилояти Суғд рӯзи 1 март бо баргузории як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки натиҷаи интихоботи парлумонии кишварро эътироф намекунад, зеро: "Ин интихобот ғайридемократӣ баргузор шуд ва шаффофу озод ҷараён нагирифт. Фактҳои зиёд, ҳатто наворҳо дар даст дорем дар мавриди дар қитъаҳои овоздиҳӣ ба ҷойи чанд кас раъй додани як нафар, борҳо дар ҷойи овоздиҳӣ пайдо шудани як овоздиҳанда, монеъ шудан ба ҳузури нозирон ба ҳангоми шумориши оро, поймол намудани ҳуқуқи нозирони аҳзоби сиёсӣ... Ин ҳама ба назар мерасид."
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG