Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи рӯзи интихоботи такрорӣ дар ду ҳавзаи вилояти Суғд


Бино ба иттилоъи Комиссияи интихоботии вилояти Суғд, раъйдиҳии такрорӣ барои интихоби номзадҳо ба Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар ҳавзаҳои инфиродии ноҳияи Ашту Масчоҳ рӯзи сенздаҳуми феврал баргузор мегардад. Дар ҳавзаи ноҳияи Ашт Муаттара Ҷӯраева сардабири барномаи "Субҳ"-и Телевизиони Давлатии Тоҷикистон ва Нодирҷон Солиҷонов - муовини аввали раиси идораи фарҳанги вилояти Суғд ва дар ҳавзаи Масчоҳ Ҷумъабой Сангинов раиси фраксияи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси Намояндагон ва Маҳмудҷон Зиёбоев сармуҳандиси корхонаи давлатии "Востоккредмет" муборизаро барои соҳиб шудан ба курсиҳои палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон идома хоҳанд дод. Ин чаҳор нафар аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.
Ҳамчунин ба гуфтаи Абдуҷамил Сатторов раиси Комиссияи Марказии Интихобот дар вилояти Суғд баргузории овоздиҳии такрорӣ дар се ҳавзаи вилоятӣ барои муайян кардани соҳибони ҷой дар маҷлиси вакилони Суғд низ дар назар аст. Ба гуфтаи оқои Сатторов, барои курсии вакилӣ дар маҷлиси вилояти Суғд дар ҳавзаҳои интихоботи Исфараву Масчоҳ номзадҳои Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ва Наҳзати Исломӣ ва дар ҳавзаи ноҳияи Панҷакент ду номзад аз Ҳизби Халқӣ-Демократӣ байни ҳам рақобат хоҳанд кард.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG