Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни раъйдиҳии такрорӣ дар се ҳавза


Ба иттилоъи хабарнигорони Радиои Озодӣ, ду номзади дигари ҳизби ҳокими Тоҷикистон дар натиҷаи овоздиҳии такрорӣ дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Ашт, Масчоҳ ба узвият дар Маҷлиси Намояндагони кишвар ноил шуданд. Овоздиҳии такрорӣ дар ин ҳавзаҳо рӯзи якшанбе ҷараён гирифт ва дар Ашт Нодирҷон Солиҷонов, муовини раиси бахши фарҳанги ҳукумати вилояти Суғд, дар Масчоҳ Ҷумъабой Сангинов, раҳбари ҷиноҳи Ҳизби Халқӣ-Демократӣ дар маҷлиси собиқ пирӯзӣ ба даст оварданд. Дар ноҳияи Ҳисор Абдураҳмон Шарифов, ки дар даври аввал аз ҷониби Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шуда буд, раъйи зиёди мардумро ба даст оварда, соҳиби курсӣ дар палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон шудааст.
Танҳо дар ноҳияи Ашт миёни ду номзад Солиҷонов ва Муаттара Ҷӯраева, корманди телевизиони тоҷик, узви Ҳизби Халқӣ-Демократӣ, рақобат ба амал омад. Дар ҳавзаи рақами ҳафт, дар ноҳияи Ҳисор яке аз довталабҳо Усмонҷон Сабзов ва дар ҳавзаи ноҳияи Масчоҳ Маҳмудҷон Зиёбоев, сармуҳандиси муассисаи "Востокредмет" номзадии худро бозпас гирифтанд ва дар ин ҳавзаҳо интихобот бидуни алтернатива баргузор шуд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG