Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии Русия ба атфоли маълули "Чорбоғ"


Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар робита ба оташсӯзии парваришгоҳи кӯдакони маълули «Чорбоғ», ки дар пайи он 13 нафар кушта шуданд, ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон изҳори тасаллият кард. Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон ва Русия давлатҳои дӯсту бародаранд ва ҳар фоҷиаи халқи тоҷик барои мардуми рус ҳам фоҷиа аст. Рӯзи шанбе сафорати Русия, намояндагии ширкатҳои РусАл ва «Сангтӯда-1» ва низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия барои 77 кӯдаки маълуле, ки пас аз оташсӯзии парваришгоҳи «Чорбоғ» ба мактаби дигари маълулон воқеъ дар кӯчаи ба номи Ҳувайдуллоев кӯчонида шудаанд, кӯмаки фаннию ғизоӣ карданд. Комил Муҳамммадов, сухангӯи намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе гуфт:

Мо ба осебдидагони ин парваришгоҳ, аз ҷумла, ду мошинаи либосшӯӣ, ду адад телевизор, либосҳои гарм, сад адад ҷойхоб кӯмак кардем. Ин ёрӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 150 ҳазор рубли русӣ, ё панҷ ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод. Худи ҷаноби сафир бошад, аз ҳисоби музди моҳонааш ҳазор доллари амрикоӣ барои харидории маводи зарурӣ ба ин парваришгоҳ тақдим кард. Аммо ин ёрии охирини мо нахоҳад буд.

Сумангул Тағоева, муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки ҳамзамон раиси ситоди назорат ба вазъи кӯдакони маълул аст, мегӯяд, вазъи сиҳҳатии кӯдакони парваришгоҳ аз сӯйи пизишкон доимо мавриди санҷиш қарор гирифта ва дар айни ҳол саломатии кӯдакон қаноатбахш арзёбӣ мешавад:

Тамоми шароити зист барои кӯдакон фароҳам оварда шуд, ҷойи хоби онҳо гарм аст, онҳо бо таоми чорвақта таъмин шудаанд. Кӯдакон зери назорати доимии духтурон ҳастанд. Ҳамаи мо, албатта, кӯшиш мекунем, ки шароити маълулон боз ҳам беҳтар шавад. Аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва шаҳрвандон кӯмакҳои хайриявӣ расонида мешаванд. Ситоди мо то ба эътидол омадани вазъият амал хоҳад кард.

Хонум Тағоева инчунин гуфт, феълан ду кӯдаки маълули парваришгоҳи «Чорбоғ», ки бар асари оташсӯзӣ ҷароҳат бардоштаанд, дар бемористони Қарияи Болои пойтахти Тоҷикистон муолиҷа мегиранд ва вазъи саломатиашон беҳбуд ёфтааст. Тасмим гирифта шудааст, ки дар ноҳияи Варзоб барои кӯдакони маълули парваришгоҳи «Чорбоғ» як бинои нави ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ сохта шавад.
XS
SM
MD
LG