Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Русия Иттиҳоди Шӯравиро дубора эҳё карданӣ нест"


Ҳукумати Русия таъмини амният дар марзҳои ҷанубии кишварро "аз масоили аввалдараҷа" арзёбӣ мекунад ва фақат барои таҳкими марзҳояш аз баҳри Сиёҳ то баҳри Хазар 500 миллион доллар тахсис хоҳад дод. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия зимни гуфтугӯи мустақим бо мардуми кишвар рӯзи 25 октябр изҳор намуд, ки марзҳои Русия бо Осиёи Миёна низ хатарзоянд, зеро аз ин минтақа ба Русия маводи мухадир ва афроди ҷиноятпеша ворид мешаванд. Ӯ афзуд, Русия тасмим гирифтаст то охири соли 2007 ум марзҳои ҷанубии худро комилан бубандад, "зеро ин як шарти ҷорӣ кардани рафтуои бидуни раводид миёни кишвар ва Иттиҳодияи Аврупост". Раиси ҷумҳури Русия танзими муҳоҷирати кориро низ аз масоили муҳими мақомоти кишвар хонд. Ӯ гуфт, ки айни ҳол дар кишвар аз 10 то 15 миллион муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба сар мебаранд, ки ба теъдоди умумии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Аврупои Ғарбӣ баробар аст.
Владимир Путин дар посух ба суоли шаҳрвандон гуфт, Русия ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ, аз ҷумла, дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Ҳамкориҳои Иқтисодии АвроОсиё ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро муҳимтарин самти сиёсати хориҷияш медонад. Ӯ афзуд, ки тайи садсолаҳо мардуми Русия ва ин кишварҳо дар қаламрави воҳид ба сар мебурданд ва ин ба сарнавишти одамон, иқтисод, нақлиёт ва дигар риштаҳо нақши муаасир гузоштаааст. Ва аммо Владимир Путин сару садоҳо дар мавриди талошҳои Русия барои эҳёи Иттиҳоди Шӯравиро такзиб кард ва онҳоро "бепояву бунёд" хонд.
Гуфтугӯи мустақими раиси ҷумҳури Русия бо сокинони кишвар қариб се соат идома кард ва дар ин муддат ӯ ба 50 суол посух гуфт. Ин гуфтугӯ аз тариқи ду шабакаи телевизионии давлатӣ ва родиёҳои "Маяк" ва "Радио России" пахш шуд. Тайи чанд рӯзи ахир ва рӯзи гуфтугӯи мустақим сокинони Русия аз Владимир Путин дар маҷмӯъ посух ба беш аз 2,3 миллион суолро тақозо карданд.
XS
SM
MD
LG