Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қ. Муҳаббатов: «Бояд ба як фикри ягона оем»


Мусоҳибаи хабарнигори родиюи "Озодӣ" бо Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони шаҳри Душанбе

- Дар мавриди бастан ва тахриб кардани бархе аз масоҷиди пойтахти кишвар сару садоҳо зиёданд. Зеро масҷид барои мардуми мусалмон макони муқаддас ба ҳисоб меравад. Дар ҳайъати кумисиюне, ки барои таҳқиқи вазъи ҳуқуқии масоҷиди Душанбе ташкил ёфтааст, намояндагони мақомоти додситонӣ низ ширкат доранд. Аммо ба чи далоиле ин масоҷид баста мешаванд?

- Баъди ҷанги шаҳрвандӣ аз фалаҷ гардидани шохаҳои ҳокимият баъзе шаҳрвандон ва гурӯҳҳои одамон истифода бурда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе худсарона масҷидҳои зиёдеро сохтанд. Раиси шаҳри Душанбе аз 16-уми марти соли 2006 оид ба тасдиқи санади ҷойгиршавӣ ва истифодабарии замини масҷидҳои ҷомеъу панҷвақта ва ҷойҳои ҷамъиятии ҳамчун масҷид пешниҳодшуда қарор қабул карда буд. Бисёре аз шаҳрвандон дар баъзе маҳаллаҳо худсарона ҷойҳои ҷамъиятиро, ки барои гузаронидани маъракаҳо ва расму ойинҳо пешбинӣ шудаанд, бидуни иҷозат ҳамчун ҷои намози панҷвақта, яъне ба амал баровардани маросимҳои динӣ, истифода мебаранд, ва мувофиқи қонун ин амал мумкин нест.

Мақоти ҳифзи қонун ягон масҷид ё иттиҳодияи диниеро, ки дар асоси қонун барпо шудаасту фаъолият мекунад, набастаанд.

- То имрӯз чанд масҷид ё ҷойҳои ҷамъиятии ба унвони масҷид истифодашаванда, тахриб шудааст.

- Ҷойҳои ҷамъиятие, ки дар шаҳри Душанбе истифода бурда мешаванд, дар ноҳияи Сино 26 адад, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - 5 ва дар ноҳияи Шоҳмансур 2 адад мебошанд, ки онҳо муваққатан баста шудаанд. Мо ба масъулинашон пешниҳод кардем, ки ҳуҷҷатҳои заруриро омода карда, ба идораҳоимарбутаи шаҳру навоҳӣ муроҷаит кунанд. Албатта, агар ин аснод дар доираи қонунгузорӣ пешниҳод шаванд, иҷоза дарёфт мекунанд.

- Аммо бархе аз рӯҳониёни кишвар мегӯянд, ин иқдоми мақомот бо қавонини кишвар ва меъёрҳои байнулмилалӣ мухолиф аст ва роҳи дуруст ин мебуд, ки чунин маконҳо аз тарафи мақомот расмӣ карда шаванд.

- Мо бояд ба гузаштаи на он қадар дури худ як назар кунем. Дар давраи Иттиҳоди шӯравӣ дар ҳар як маҳалла ва дар ҳар як деҳа чойхонаҳо буд, вале дар амал вайро ҳамчун масҷиди панҷвақта истифода мебурданд. Қариб дар ҳар як маҳалла чунин чойхонаҳо вуҷуд доштанд, ки онҳо аз қайди давлатӣ нагузашта буданд. Яъне назорати дурусти давлатӣ вуҷуд надошт. Оқибаташ ба ҳамин нофаҳмиҳову ноҷӯриҳо оварда расонд.Шахсоне, ки мехоҳанд масҷиди панҷвақта ташкил кунанд, ба фикри ман, барои онҳо ягон душворӣ ё мушкилӣ вуҷуд надорад. Барои ин тибқи қонунгузорӣ имзои 10 нафарро гирифта, бо таҳияи санад ба ҳукумати ноҳия ё шаҳр муроҷиат кардан даркор аст. Аммо то имрӯз ягон ариза наомадааст. Фақат дар ноҳияи Шоҳмансур бо кумаки ҳукумати ноҳия барои ба сифати масҷиди панҷвақта гузаронидани 17 адад чунин ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳуҷҷатҳо тайёр шуда истодааст.

- Як масъалаи дигаре, ки вақтҳои ахир боиси ташвиш дар ҷомиъа шудааст, ҷилавгирӣ аз иштироки наврасон барои адои намоз дар масоҷид мебошад. Яъне ин иқдомро низ ҳамчун нақзи ҳуқуқи мусалмонон аз тарафи мақомот арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд ба назар мерасад, ки ҳукумат мехоҳад мардумро аз анҷоми фароизи динӣ манъ кунад. Дар ҳоле, ки ин кор низ аз тарафи кормандони муҳофизи қонун анҷом дода мешавад.

- Мо ҳама вақт муқобили ашхосе ҳастем, ки ба таври ғайриқонунӣ таълимоти ғайриқонунии динӣ медиҳанд, яъне бе рухсатнома дар ҷойҳои номуайян ва дар шароити номувофиқ ба нобилиғон таълимоти ғайриқонунии динӣ медиҳанд. Зеро мувофиқи қонун ин кор манъ карда шудааст. Ин гуна муллоҳо бе рухсат хонандагонро, алалхусус ноболиғонеро, ки ҳатто бархеашон ҳатто 5-солаанд, аз мактаби таҳсилоти умумӣ ҷудо карда, ба таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул медоранд. Давлат ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки навраси синни мактабӣ аз мактаб тамоман берун карда шавад.

Дар масъалаи дар масоҷид ба наврасон иҷозати намозгузорӣ надодан аз падару модарон ба унвони додситонии навоҳӣ ва шаҳр ягон ариза дохил нашудааст, аз шахсоне, ки фарзандонашонро барои намоз дар масҷиди ҷомеъ манъ кардаанд, ҳамчунин. Ин овозаву дарвозаи кӯча аст. Фақат як ҳодиса буд, ки мо онро санҷида баромадем. Нисбати чанд корманди милиса, ки ҳамин гуна беодобӣ ва дахолати беасос карданд, чора дида масъалаи ба ҷавобгарии интизомӣ кашиданашонро гузоштем.

- Дар расонаҳо аз афзоиши фаъолияти бархе аз гурӯҳҳои ҷадиди мазҳабӣ матолиб ба нашр мерасад. Оё дар воқеъ намояндагони чунин мазоҳиб, ки хилофи қонун амал мекунанд ва ин амали онҳо барои амнияти миллӣ таҳдид ба шумор меравад, дар Душанбе вуҷуд доранд?

- На фақат дар шаҳри Душанбе, балки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳамин гуна ҷунбишу ҳаракат ва аҳзоби исломӣ ҳаст, ки бар хилофи санадҳои байнулмилалӣ ва бар хилофи қонунҳои асосии ин кишварҳо амал мекунанд. Дар Тоҷикистон аз ҳама бештар созмони мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» фаъолият мекунад. Алакай дар шаҳри Душанбе то ҳамин вақти сол 20 узви ин ҳизби мамнӯъ дастгир карда шудаанд, ки ҳоло дар ҳабсанд ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Аз гурӯҳҳои «Байъат», ки дар шимоли Тоҷикистон фаъолият доранд, чанд нафар дастгир карда шудааст. Гурӯҳҳои вобаста ба «Салафия» дар пойтахт ҳастанд ва дар ин бора арзу шикоятҳо дохил шуда истодааст. Дар бораи ин мазҳаб мо чанд номгӯ адабиётҳоро ошкор кардаем.

- Ин гурӯҳҳо аз кадом манобеъ таъмин мешаванд?

- Сарчашмаҳои моливу моддии ин ҳизбҳо ва ҳаракатҳо, пеш аз ҳама, агар ҳизб ё ҳаракати сиёсӣ бошанд, аз ҳаққулузвият фароҳам мешавад. Сипас, ашхос ва ташкилотҳои динии алоҳидаи хориҷӣ онҳоро маблағгузорӣ мекунанд. Бисёре аз ташкилотҳои ғайриқонунии динӣ ба тиҷорат машғуланд, бо паҳну фурӯши китобҳо маблағ ба даст меоваранд. Мувофиқи маълумотҳои дақиқ, яке аз сарчашмаҳои асосии онҳо тиҷорати маводди мухаддир аст.

Ба амнияти мо ҳамаи онҳо таҳдид мекунанд. Баъзе домуллоҳое, ки ҳозир дар масоҷид озодона фаъолият мекунанд, аз шароит ва имконоте,ки ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо муҳайё кардааст, суиистеъмол мекунанд. Баъзан дар вақти мавъизаҳои худ фаромуш мекунанд, ки онҳо дар давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо, дидаву дониста, ба иззати нафси дигар гурӯҳҳои иҷтимоъӣ мерасанд. Масалан, онҳо ошкоро мегӯянд, касе, ки шароб менӯшад, ё ки тӯйи аврупоӣ мекунад, кофир аст ва аз мусалмонӣ хориҷ мешавад. Ё инки ошкоро нисбати занон ва духтароне, ки либоси аврупоӣ мепӯшанд, зиёиёне, ки камтар низоми аврупоиро қабул кардаанд, муқобил баромада, онҳоро баъзан ба яҳудӣ баробар мекунанд, баъзан онҳоро кофар эълон мекунанд. Ман гумон мекунам, ин хатари калон дорад. Дар инҷо қонунҳои ислом не, қонунҳое, ки аз тарафи порлумон қабул карда мешаванд, амал мекунад. Ин кор имкон дорад боъиси низоъ - низоъи як гурӯҳи бузурги иҷтимоъӣ - шавад. Мо аллакай ин масъаларо дар Шӯрои ҳамоҳангии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дида баромадаем ва огоҳ кардем, ки, агар дар шаҳри Душанбе ҳамин гуна мавъизаҳо баён карда шаванд, онҳо тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Шумо, агар ба автобусҳои хурд, яъне микроавтобусҳо, савор шавед, ҳатман ронандаи он навори ҳамин гуна мавъизаҳоро мемонад. Барои ҳамин мо тамошо ё шунидани зиёда аз 2 ҳазор чунин наворҳоро манъ кардем. Мувофиқи қонун, агар фаъолияти чунин муллоҳо ба ҳамин минвол давом кунад, бояд додситонҳои ҳамон минтақа ва маҳалли фаъолияти масоҷид бо онҳо суҳбатҳо доир намуда, пешниҳоди хаттӣ диҳад, ки ин гуфтор ё амали шумо ғайриқонунист. Ва, агар чунин фаъолият манъ нашавад, тибқи қонун ҳамин иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо пешниҳоди додситон аз тарафи додгоҳ баста мешавад. Агар минбаъд низ ҳамин рафтор ва амалҳо идома ёбад, мувофиқи қонун онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида хоҳанд шуд.

- Бархе аз созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи башар ва ҳуқуқшиносон манъи ҳузури духтарони ҳиҷобпӯш ба макотибро дастури мухолиф бо ҳуқуқи инсон ва қавонини ҷории кишвар арзёбӣ кардаанд. Аз нигоҳи Шумо, ба ҳайси додситон оё ин дастури вазорати маориф ба қонунҳои кишвар мутобиқат дорад ва то куҷо иддаоҳои ин созмонҳо дуруст аст?

- Мо аз таҷрибаи бархе аз кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои пешрафта, медонем, ки низоми ягонаи пӯшиши либос дар муассисоти таълимӣ роиҷ аст. Вале ман то ҳоло як чунин дастуреро, ки шумо гуфтед, надидаам. Ман ҳисоб мекунам, ки ин кор дуруст аст. Аммо бояд либосе бошад, ки бо анъана ва одоби мо мутобиқат кунад. Масалан, ман муқобили онам, ки писарҳо ё духтарон бо либоси ҷинс ё нимабараҳна ба мактаб оянд. Лекин дар тамоми мактабҳо ба тариқи маҷбурӣ, ба тариқи императивӣ ҷорӣ намудани либоси ягона, ба назари ман, камтар мувофиқат намекунад. Вазорати маориф метавонад тавсия кунад. Вазорат метавонад ба ҳамаи макотиби таҳсилоти умумӣ ва донишгоҳҳо тавсия кунад, то хонандагон тавонанд мувофиқи хоҳиши худашон либос интихоб кунанд.

Дар масъалаи ҳиҷоб. Ин чизи баҳснок аст, чунки ин чизи нав аст. Солҳои пеш чунин набуд. Бисёриҳо бар ин ақидаанд, ки бо ҳиҷоб омадан ба мактаб ва донишгоҳ мувофиқи мақсад нест. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин ҳуқуқи ҳар шаҳрванд аст. Ба фикрам, ин масъаларо додгоҳ дида истодааст, дигар мақомот дида истодаанд, бояд ба як фикри ягона оем.

- Дар бораи ифтитоҳи парванда алайҳи хабарнигорони собиқи «Овоза» ҳар гуна назарҳои зидду нақиз вуҷуд дорад. Гуфта мешавад, ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар ин замина нодуруст аст ва гӯиё мақомоти додситонии шаҳр дар ин кор мунсифона тафтиш анҷом надодаанд.

- Ба унвони додситонии шаҳри Душанбе шаҳрванд Райҳона Раҳимова бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуд. Дар ариза оварда шудааст, ки дар газетаи «Овоза» нисбати вай туҳмат ва таҳқир ҷой дошта, шаъну шарафи ӯ паст зада шудааст. Вақте ки мо аризаро хонда, газетаро мутолиъа кардем, дар ҳақиқат дидем, ки нисбати шаъну шарафи ин духтар ошкоро таҳқир аст. Барои ҳамин мо лозим донистем, ки нисбати ин масъала тафтишоти пешакӣ бурда шавад. Ҳатто баъзе аз навиштаҷоти онро ман ба забон гирифта наметавонам.

Журналистони мо дар бораи озодии сухан, озодии матбуот бисёр суҳбат мекунанд, лекин онро на ҳама вақт дуруст риоят мекунанд. Вақте мо озодии сухан ё матбуот мегӯем, бояд ин озодиҳоро дар доираи қонунгузорӣ истифода барем. Бояд озодии сухан ва матбуот ба иззати нафси нафари дигар кас нарасад ва шаъну эътибори нафареро паст назанад, таҳқир накунад ва туҳмат набошад. Дар сурати аз доираи қонун баромадан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Фикр мекунам, парвандаи ҷиноятӣ асоснок оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ одилона бурда шудааст ва ҳоло вай мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор дорад. Акнун масъалаи гунаҳкор ё бегуноҳиро додгоҳ муайян мекунад.

- Имкон набуд, ки додситонӣ ҳарду ҷонибро сари миз менишонд ва даъват мекард, ки қазия дар инҷо ҳалл шавад ва дар ҳузури додситон ба як тавофуқ даст меёфтанд?

- Тафтишоти пешакӣ кӯшиш кард, ки тарафҳо ба созиш оянд. Агар тарафҳо ба созиш меомаданд, аз якдигар узр мехостанд, имкони қонунии оштии тарафҳо буд ва парванда қатъ карда мешуд. Вале тарафҳо ба созиш наомаданд. Журналистон ҳисоб мекунанд, ки онҳо дар доираи қонун, бо истифода аз озодии сухан ва матбуот амал кардаанд,ҷабрдида ҳисоб мекунад, ки шаъну шарафи ӯро паст кардаанд. Вале ҳоло ҳам дер нашудааст ва онҳо – ҳарду тараф – метавонанд дар мурофиаъи додгоҳӣ аз ҳамдигар бахшиш пурсида ба муросо оянд.

XS
SM
MD
LG