Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбномаи зидди Шоҳидони Яҳво


Дафтари марказии Шоҳидони Яҳво дар Бруклини Ню Йорк, Иёлоти Муттаҳида.
Дафтари марказии Шоҳидони Яҳво дар Бруклини Ню Йорк, Иёлоти Муттаҳида.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон фаъолияти созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво»- ро, ки аз соли 1997 расман дар кишвар фаъолият дошт, мамнӯъ эълом кард.

Саидбек Муҳаммадалиев, сардори шуъбаи ташхиси дини сарраёсати умури дин дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мегӯяд, ин тасмим бо дастури додситонии кулл баъд аз таблиғи рӯирост барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ дар сафҳои Артиши кишвар ва фаъолияти ғайриқонунии созмони «Шоҳидони Яҳво» гирифта шуд. Оқои Муҳаммадалиев ҳамчунин гуфт, ки қаблан – дар соли 2005 – Кумитаи дини раёсати ҷумҳурӣ фаъолияти созмони «Шоҳидони Яҳво»-ро барои 3 моҳ мутавақиф карда буд, то фаъолияти худро танзим намояд, вале, мутаассифона, ин созмон то кунун тақозои кумитаро нодида гирифтааст. Оқои Муҳаммадалиев афзуд, раёсати ин созмони мазҳабӣ теъдоди дақиқи пайравони худро пинҳон нигоҳ медоранд. Вале гуфта мешавад, феълан беш аз 1000 сокини Тоҷикистон, ки намояндагони миллатҳои мухталиф, аз ҷумла тоҷикон, ҳастанд, аъзои «Шоҳидони Яҳво» мебошанд.

Вақте ба Идораи марказии созмони «Шоҳидони Яҳво» дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, рафтем, дари дафтари онҳо баста ва муҳрзада буд. Бархе аз пайравони ин созмони мазҳабӣ мегӯянд, ки таблиғи мазҳабии худро тибқи низомнома ва дар чаҳорчӯби қонуни озодии эътиқод анҷом додаанд, на бештар аз он. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки доир ба қарори вазорати фарҳанг ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон шикоят хоҳанд бурд.

Сомонаи интернетии «Шоҳидони Яҳво» ҳарчанд роҷеъ ба манъи фаъолияти худ дар Тоҷикистон матлабе нашр накардааст, аммо менависад, ки таърихи ин созмони мазҳабӣ аз соли 1870 оғоз меёбад. Нахуст онҳо “Пажӯҳишгарони навиштаҳои Муқаддас” ном доштаанд, аммо дар соли 1931 ин пажӯҳишгарон ба худ номи «Шоҳидони Яҳво»-ро гирифтаанд. Дар ин саҳфаи интернетии марбут ба «Шоҳидони Яҳво» навишта шудааст, ки ба созмони онҳо миллионҳо шоҳидони Яҳво тааллуқ мегиранд, ки гӯиё дар зиёда аз 230 давлат ба мардум мавъиза ироъа мекардаанд. Ин сафҳаи интернетӣ ҳамзамон иттилоъ медиҳад, ки идораи асосӣ ва ҷаҳонии созмони «Шоҳидони Яҳво» дар шаҳри Ню-Йорки Амрико воқеъ аст. Дар ҳамин ҳол, таълими «Шоҳидони Яҳво»-ро, ки аз номи Исои Масеҳ ва аз номи китоби муқаддаси ӯ «Инҷил» таркиб меёбад, раҳбари созмони миссионерии «Надежда»-и марбут ба инҷилгароёни Тоҷикистон нодуруст ва ғайривоқеъӣ медонад.

Ин дар ҳолест, ки сарраёсати умури дин дар вазорати фарҳанг мегӯяд, фаъолияти боз ду созмони мазҳабӣ - «Ҳаёти фаровон» (марбут ба Иттиҳоди инҷилгароҳои баптистӣ) ва созмони масеҳии «Эҳё» - бо ироъаи огоҳинома барои 3 моҳ мутафаққиф гардидааст. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки «Ҳаёти фаровон», созмони мазҳабии инҷилгароёни баптистӣ, то ҳамин авохир дар рӯбарӯи Қасри раёсатиҷумҳури Тоҷикистон фурӯшгоҳи бузурги китобҳо дошт, ки аз китобҳои масеҳӣ иборат буд.

Гуфта мешавад, бо хат задани номи «Шоҳидони Яҳво» аз номгӯи созмонҳои динии ғайриисломӣ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон шумораи онҳо ба 85 адад расид.

XS
SM
MD
LG