Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии "Шоҳидони" қазоқистонии "Яҳво"


Фёдор Жидников - раиси созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» дар Қазоқистон ба радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз тасмими боздоштани фаъолияти ҷонибдорони созмони онон нигарон шудаанд. Ӯ гуфт, онҳо кӯшиш мекунанд, то ҷомеаи ҷаҳониро аз ин қазия огоҳ намоянд.

Оқои Жидников гуфт, ин тасмим бархурди замони Шӯравиро ба хотир меорад. Ба андешаи ӯ, дар ҳоле, ки Тоҷикистон рӯ ба демократия гом мезанад, чунин бархурди ҳукумат хилофи равандҳои демократӣ ва озодии инсон аст,

Ба иттилоъи оқои Жидников, моҳи апрели соли равон дар Тоҷикистон беш аз ду тонн адабиёти мазҳабии онҳо, ки аз Олмон расида буд, боздошт шуда буд, онҳо барои бозпас гирифтани он китобҳо то ба Додгоҳи олӣ муроҷиат кардаанд, вале бидуни натиҷа.

Ба гуфтаи раиси созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» дар Қазоқистон, созмони онҳо дар 200 кишвари дунё озодона фаъолият мекунад ва ин бори нахуст аст, ки дар як кишвар ин созмонро ғайриқонунӣ эълон карданд. Ӯ гуфт, имсол дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбакистон низ фаъолияти ҳаммазҳабони онҳо боздошта шуд, вале дар шаҳри Чирчиқи ин кишвар «Шоҳидони Яҳво» фаъолияти хешро идома медиҳанд. Дар дигар кишварҳои минтақа, аз чумла дар Қирғизистону Қазоқистон барои фаъолияти онон ягон садде мавҷуд нест. Дар Қазоқистон ҷонибдорони онҳо ҳудудан 15 ҳазор нафар будаанд. Дар маҷмӯъ, дар дунё «Яҳво» беш аз 6,5 миллион «шоҳид» доштааст.

Сарвари созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» дар Қазоқистон таъкид кард, ки ҳаммазҳабони онҳо дар Тоҷикистон, ки шумораашон қариб 1000 нафар аст, ба мақомоти дахлдори кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат мекунанд, то тавонанд дар ин кишвар озодона фаъолият кунанд.

XS
SM
MD
LG