Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши лӯлаи газ дар шаҳри Душанбе


Таҳқиқоти муқаддамотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳуввияти кушташудаҳои таркиши субҳи имрӯзи маҳаллаи Зарафшонро муайян кардааст.

Ин таркиш субҳи имрӯз, 8 ноябр, дар лӯлаи интиқоли гози табиӣ дар манзили қабати дуввуми бинои нӯҳошёна дар минтақаи Зарафшони шаҳри Душанбе рух додааст.

Ба таъйиди ҳамин манбаъ, ҳодиса дар манзили иҷораи шаҳрванди эронӣ рух додааст. Худойназар Асозода - сухангӯи Вазорати дохилаи Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса ду кушта ва чанд маҷрӯҳро бар ҷой гузошт.

Афроди кушташуда яке Муртазо Зоҳидии 25- сола корманди корхонаи тавлиди рӯғани шаҳри Душанбе, шаҳрванди Эрон ва нафари дуввум Фирдавс Бобоев сокини 26 солаи шаҳри Душанбе будаанд. Ҳамсинфони Фирдавс ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ чанде пеш аз сафари Русия бозгашта ва ҳамин ҳафта мошин харида будааст ва шоми дирӯзаш ҳамсар ва ду фарзандашро ба хонаи падарарӯсаш бурда будааст. Ҳамчунин, ҳафт нафари дигар аз маскунини ин бино бо ҷароҳатҳои мухталиф дар бемористон бистарӣ шудаанд. Бар асари таркиш манзилҳои зисти табақаҳои якум то саввуми бино шадидан тахриб ва барои зиндагӣ номумкин шудааст. Ҳамчунин, дар саҳни ҳавлии бино чанд мошине ба мушоҳида расид, ки рӯи онҳо деворҳои бетонӣ фурӯ рехта буд.

Сокинони он бино аз муносибати ғайрикасбии идораи гоз шикоят карданд, ки қабл аз интиқоли он сокинонро огаҳ намесозанд. Аммо Шавкат Шойимов - як масъули ширкати гази тоҷик ин иддаоро рад карда гуфт, гоҳо худи сокинони пойтахт бидуни иҷоза, бе риояи меъёри истифодаи гоз худ ва манозили зисти худро зери хатар мегузоранд.

Мақомоти тафтишотии пойтахт ба таҳқиқи инфиҷори мазкур шурӯъ кардаанд. Аммо то кунун ба истиснои таъйиди фарзияи таркиш дар хатти интиқоли гоз кадом фарзияи дигаре эълом нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли гузашта дуруст дар маҳалли вуқӯи ҳамин ҳодиса дар бинои дигари баландошёна ҳодисаи мушобеҳе рух дода буд, ки ду кушта бар ҷой гузошта буд.

XS
SM
MD
LG