Тарҳи Мувофиқатнома дар бораи фаъолияти муваққатии шаҳрвандони кишварҳои узви Ҷомеаи иқтисодии Авросиё, ки ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирини кориро кафолат медиҳад, дар ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамгироии кишварҳои Ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё дар Душанбе таъйид шудааст.
Бар изофаи масоили бимаи тиббии муҳоҷирин ва ҳифзи иҷтимоъии аъзои оилаи онҳо дар пешнависи ин Мувофиқатнома, ки шароити зиндагӣ ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави кишварҳои узви Ҷомиъаи иқтисодии Авросиёро ба танзим медарорад, ҳамчунин, дар бораи ҳаққ ва ҳуқуқи муҳоҷирин ва афроди кордеҳ меъёрҳои мушаххас пешбинӣ шудааст.
Қудратулло Қурбонов, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоъии вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолии Тоҷикистон, гуфт, дар ин мувофиқатнома меъёрҳои умумии сиёсати мувофақашудаи раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони кишварҳои узви Ҷомиъаи иқтисодии Авросиё таъкид шудааст. Ва ҳадафи аслии он, ҳалли масоил ва мушкилоти раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ин кишварҳо ба қаламрави кишвари ҳамдигар мебошад. Оқои Қурбонов афзуд, ин санад ҳамчунин меъёри ҳамоҳангшудаи ташкили бозори кор дар қаламрави ин кишварҳоро ба танзим хоҳад овард.
Яке дигар аз нукоти муҳим барои муҳоҷирини корӣ, ки дар ин мувофиқатнома инъикос ёфтааст, ироаи кӯмаки оҷили тиббии ройгон мебошад ва давлатҳои узв муваззаф мешаванд, ки ин масъаларо зери назорат дошта бошанд. Ҳамин манбаъ афзуд, аммо ҳамаи шароити ҳуқуқӣ, ки барои муҳоҷирини корӣ дар ин мувофиқатнома пешбинӣ мешавад, дар доираи қонунҳои кишвари кордеҳ амалӣ хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки Ӯзбакистон - яке аз кишварҳои узви Ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё, лоиҳаи мувофиқатномаи мазкурро қабул накардааст. Ҷониби Ӯзбакистон гуфтааст, Мувофиқатномаи мазкур бояд дар доираи ҳамкории дуҷонибаи кишварҳои узв қабул ва мавриди иҷро қарор гирад.
Аммо коршиносон мегӯянд, бо ин вуҷуд, ки Ӯзбакистон баъд аз ҳаводиси моҳи майи Андиҷон иртибот бо кишварҳои Муштаракулманофеъ ва созмонҳои марбути онро дубора барқарор кард, аммо умдатан аз иҷрои асноди он бо далоили мухталиф худдорӣ кардааст.
Тарҳи Мувофиқатнома дар бораи фаъолияти кори муваққатии шаҳрвандон дар кишварҳои узви Ҷомиъаи иқтисодии Авросиё –Русия, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳоле омода ва таъйид мешавад, ки, тибқи иттиллоъи Бонки миллии Тоҷикистон, танҳо дар соли гузашта тавассути бонкҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик як миллиарду сад миллион доллар вориди ин кишвар кардаанд.