Ҳамзамон ба гуфтаи раиси комисиюни ҳавзаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон Василий Белдюгин, дар консулгарии Русия 11 ҳазору 800 нафар шаҳрванди ҳақи овоздиҳидошта дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Аммо бо дарназардошти низомиён, соҳибкорон ва сайёҳони рус, ки дар ин рӯзҳо дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, шумори овоздиҳандагон дар кулл ҳудуди 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар интихоботи Думаи давлатии Русия, ки 2 декабр баргузор хоҳад шуд, 11 ҳизби ин кишвар, аз ҷумла ҳизби ҳокими «Русияи ягона», Ҳизби Комунист, Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР), «Яблоко», Иттиҳоди нерӯҳои ростгаро, «Ватанпарварони Русия», Ҳизби демократ, «Нерӯи шаҳрвандӣ», Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби адолати иҷтимоӣ, ширкат мекунанд. Дар ҷамъ 4600 узви ин ҳизбҳо номзадии худро пешниҳод кардаанд.
Ба иттилоъи Комисиёни марказии интихоботи Русия, раванди интихоботи Думаи давлатӣ аз сӯи 350 нозири байнулмилалӣ назорат хоҳад шуд ва онҳо дар ҳавзаҳои интихоботӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҳузур хоҳанд кард.
Дар остони интихоботи Думаи давлатии Русия таҳлиларону коршиносони ин кишвар дар мавриди натоиҷи он назарҳо ва пешгуиҳои гуногунро иброз кардаанд. Бархе аз онҳо бар ин назаранд, ки интихоботи Думаи Русия шаффоф нахоҳад буд ва дар он ҳизби ҳокими «Русияи ягона» аксарияти овозҳоро соҳиб хоҳад шуд.