Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каунтерпарт: "Мо корамонро қатъ накардаем"


Созмони амрикоии Counterpart International иттилоъи хабаргузориҳо дар мавриди қатъи фаъолияташ дар Тоҷикистонро такзиб кард.

Қаблан, расонаҳои Тоҷикистон навишта буданд, ки Counterpart International барномаи мавсум ба Амнияти ғизоъӣ дар вилояти Хатлонро то ба охир нарасонида, қатъ кардааст ва иллати он қатъ шудани фаъолияти созмони ғайридавлатии амрикоӣ дар Тоҷикистон будааст.

Фирӯза Насимова, сарвари намояндагии Counterpart International дар Тоҷикистон гуфт, барномаи Амнияти ғизоъиро дар вилояти Хатлон созмони Care International сарварӣ мекунад, ки Counterpart International, Корпуси Шафқат ва Наҷоти кӯдакони Амрико шариконаш дар иҷрои барнома мебошанд. Вай афзуд, Коунтерпарт Интернешнл ширкат дар иҷрои ин барномаро анҷом дод:

«Воқеан, барномаи Амнияти ғизоъ бояд то моҳи марти соли 2008 амалӣ гардад. Дафтари марказии мо дар Вашингтон ба хулосае расид, ки барномаро пеш аз мӯҳлат ҷамъбаст кунанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки маблағ дар Тоҷикистон сарф ё худи барнома иҷро намешавад. Care International ин барномаро ба анҷом мерасонад, аз ҷумла дар минтақаи Кӯлоб, яъне навоҳии Ховалинг, Мӯъминобод ва Балҷувон».

Counterpart International як созмони ғайридавлатии амрикоист, ки кӯмак ба кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳонро ҳадаф гузоштааст. Он соли 1965 созмон ёфта, дар беш аз 65 давлати дунё, аз ҷумла кишварҳои собиқ Шӯравӣ фаъолият мекунад. Аммо аз соли 2001 ба ин сӯ фаъолияти Counterpart International бо далелҳои гуногун, аз ҷумла фаъолияти хатарнок, аз сӯйи мақомоти кишварҳои Белорус ва Ӯзбакистон қатъ карда шудааст.

Дар Тоҷикистон аз соли 1996 то соли 2001 ба унвони Counterpart Consortium ва ҳоло Counterpart International фаъолият дорад. Фирӯза Насимова, сарвари намояндагии Counterpart International дар Тоҷикистон гуфт, ин созмон дар Тоҷикистон ҳадди ақал ду соли дигар фаъолият хоҳад дошт.

Дар сомонаи ин созмон омадааст, аз соли 2001 ба ин сӯ Counterpart International дар Тоҷикистон беш аз 30 млн доллар сарф кардааст.

Хонум Насимова гуфт, Counterpart International моҳи июли соли равон бори саввум аз сабти ном дар вазорати адлияи Тоҷикистон гузаштааст. Дар ҳоле ки мақомоти ин кишвар созмонҳои дигари амрикоӣ, аз ҷумла Институти демократӣ ва Фридом Ҳаузро сабти ном накарданд.

Counterpart International дар қатори созмонҳои Care International, Корпуси Шафқат ва Наҷоти кӯдакони Амрико ширкатдори консорсиуми Амнияти ғизоъиест, ки бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида пиёда мешавад. Ин барнома 400 ҳазор сокини Тоҷикистонро дарбар мегирад.

XS
SM
MD
LG