Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ба Тоҷикистон барқ медиҳад


Узбакистон омода шудааст, ки дар фасли сармо ба Тоҷикистон ҳудуди 600 миллион киловатт/соат нерӯи барқ содир кунад.

Ин миқдор нерӯи барқ, ба гуфтаи масъулини ширкати "Барқи тоҷик", барои кулли манотиқи Тоҷикистон ироъа мешавад ва имкони то як соат дар рӯз тамдид кардани муҳлати интиқоли барқро фароҳам меорад. Оқои Гулов ба ин нукта ҳам ишора кард, ки Тошканду Душанбе дар ин маврид ихтилофи назар надоранд ва интиқоли барқи Узбакистон ба Тоҷикистон дар фасли сармо таҷрибаи чандинсола аст.

Ба қавли муъовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» Рашид Гулов, интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ҳам дар 5 рӯзи ахир тариқи хатҳои барқгузари 500-киловаттии Чорҷӯ ва Қароқӯл ба Тоҷикистон сурат мегирад ва то имрӯз ҳудуди 7 миллион киловатт соат нерӯи барқ ворид шудааст. Мақомоти энержии Тоҷикистон мегӯянд, қарор аст дар моҳи декабри имсол беш аз 350 миллион киловатт соат барқи Туркманистон ба Тоҷикистон ворид гардад.

Ба таъкиди онҳо, феълан ҷониби Узбакистон азнавсозии хатҳои барқгузари дорои 500 киловатт дар маҳалли Сердар ва Қароқӯлро низ анҷом додаанд, ки солҳои тӯлонӣ истифода намешуд. Вале бо вуҷуди ин, дар хатҳои интиқолгари барқ аз Туркманистон ба Узбакистон ва баъдан ба Тоҷикистон баъзе аз мушкилоти фаннӣ боқӣ мемонад. Тибқи як қарордоди миёни мақомоти ин се ҷумҳурии Осиёи Марказӣ, ҳаҷми умумии барқи воридшаванда аз Туркманистон соле 1,2 миллиард киловатт соатро ташкил дода барои бароварда сохтани ниёзҳои энержии корхонаи алюминиуми Тоҷикистон, мавсум ба «ТАLКО», масраф хоҳад шуд.

Аммо онҳо мегӯянд, бар тибқи қарордоди миёни Тошканду Душанбе ҷониби Тоҷикистон ӯҳдадор мешавад, ки дар фасли гармо дар ҳаҷми 900 миллион киловат соат ба Узбакистон барқ ироъа кунад. Дар ҳамин ҳол Рафиқа Мӯсоева, раҳбари анҷумани эенргетикҳои Тоҷикистон, мегӯяд, дар фасли сармо кишвар ба беш аз 3 миллиард киловатт соат нерӯи барқ эҳтиёҷ дорад ва танҳо бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун метавонад ин мушкилро аз миён бардорад.

Вай мегӯяд, камбуди шадиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар зимистони соли ҷорӣ ширкати «Барки тоҷик»-ро водор сохтааст, ки барои азсаргирии ҳамкорӣ бо Туркманистон дубора иқдом кунад. Зеро гуфта мешавад, Қирғизистон ва Узбакистон ба далели камбуди нерӯи барқ дар кишварҳои худ, қаблан гуфта буданд, ки наметавонанд миқдори зарурии нерӯи барқро ба Тоҷикистон интиқол бидиҳанд.

Бо ин ҳама, коршиносон мӯътақиданд, ки харидории барқи Туркманистон ва Узбакистон наметавонад мушкили камбуди барқро барои аҳолӣ рафъ кунад. Онҳо мегӯянд, аҳолии кишвар ҳамасола ба 24 миллиард киловатт соат нерӯи барқ эҳтиёҷ дорад ва нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ҳамагӣ 17 миллиард киловатт соат нерӯи барқ тавлид мекунанду халос.

XS
SM
MD
LG