Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати чиноӣ дар Тоҷикистон тило истеҳсол мекунад


Ширкати чиноии «Zijin Mining Group Co Ltd.» тасмим гирифтааст, ки дар таййи се сол ба коркарди захоири тило дар Тоҷикистон беш аз $100 миллион сармоягузорӣ намояд.

Дар ин бора дафтари матбуъотии раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, раҳбарияти ширкат ин тасмими худро ҳангоми мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, бо раиси «Zijin Mining Group Co Ltd.» Тзитзин Хе гирифтааст, ки дар масири бозгашташ аз сафари ахираш аз Жопун дар Чин доир гардид.
Фузенг Лан, ҷонишини раиси ширкати мазкур, гуфтааст: «Раҳбарияти ширкати мо нийят дорад, ки дар се соли наздик дар дарёфту коркарди тило ва дигар филизҳои гаронқимат дар Тоҷикистон зиёда аз 100 миллион доллар сармоягузорӣ кунад ва бад- ин тариқ дар рушди ин соҳаи иқтисоди кишвари ҳамсоя саҳми арзанда гузорад». Ба гуфтаи ӯ, ширкат нақша дорад, ки истеҳсоли тилоро танҳо дар корхонаи муштараки «Зарафшон» ба 7 тонна дар як сол расонад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан дар корхонаи тилои «Зарафшон» дар як сол камтар аз 2 тонна тило истеҳсол мешавад.
Дар июли соли 2007 «Zijin Mining» ба $55 миллион аз ширкати бритониёии «Avocet Mining Plc» 75 дарсади сиҳоми ширкати тоҷикистонии «Зарафшон»-ро, харидааст, ки захоири маъдани он 5,6 миллион унс (бештар аз 158 тонна) арзёбӣ мешавад. 25 дарсади сиҳоми ин корхона дороии Тоҷикистон боқӣ мондааст.
Ба гуфтаи коршиносон, ширкати чиноии «Zijin Mining» дувумин ширкати бузурги истеҳсолкунандаи тило дар Чин ба шумор меравад. Он феълан дорои конҳои тило Муғулистону Перу ва маъдани оҳан дар Ветном буда, дар садади истеҳсоли қурғошиму руй дар Русия мебошад.
XS
SM
MD
LG