Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамоюлҳои асосии Осиёи Марказӣ дар соли 2007


Cоли 2007 -- соли оғози ҳамкориҳои воқеӣ дар байни Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар бисёр риштаҳо буд.

Агар ба муҳимтарин рӯйдодҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2007 нигоҳи сода афканем, мебинем, ки таҳаввулоти зиёде иттифоқ наафтодааст. Раванди зиндагии минтақа асосан якмаром аст ва тағйиру навгониҳо дар он ҳолати тадриҷӣ доранд. Манзур на рӯйдодҳои муҳим, балки зуҳуроти нав аст. Аз ин зовия шояд метавон танҳо ба се ҳодиса ҳамчун падидаи нав ишора кард. Яке, тасвиби оин ва дурнамои ҳамкории минтақа бо Иттиҳоди Аврупо. Дигаре, тағйир дар сиёсатҳои Туркманистон ва саввум -- эътироф шудани Қазоқистон ба ҳайси пешгоми сиёсию иқтисодии минтақа.
Густариши ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа идома дорад...

Ҳарсе ҳодиса дар якҷоягӣ бо фарояндҳои дигар -- монанди афзоиши нуфузи Чин дар минтақа, оғози марҳилаи амалии сармоягузориҳои байниҳамӣ, нишасту саммитҳо ва ғайра як хулосаро ба миён меорад, ки бо он метавон таърихи соли 2007-и минтақаро ҷамъбаст намуд. Хулоса чунин аст: Осиёи Марказӣ аз нав, онгуна ки садҳо сол пеш буд, ба чорроҳаи тиҷорат ва саёҳати ҷаҳониён табдил меёбад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ дар мулоқот бо ҳайъати Иттиҳоди Аврупо ҳамин тамоюлро меҳварӣ номида буд: "Мо ба хубӣ дарк мекунем, ки Осиёи Марказӣ танҳо ҳамчун як минтақаи том метавонад мавриди таваҷҷӯҳи чи иқтисодӣ ва чи дигари ҳамаи ҷаҳониён қарор бигирад. Биноан, ба назари ман, ҷаласаҳо бо Иттиҳоди Аврупо ба мо кӯмак мекунанд, талошҳоро ба ваҳдати давлатҳои Осиёи Марказӣ ва иқдом дар саҳнаи байнулмилалиро ҳамоҳанг созем."

Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев, президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон.
Бо вуҷуди баъзе дастовардҳо ҳаракат ба самте ки ҷаноби Зарифӣ ишора кард, дар соли гузашта низ монанди солҳои пеш мушкил буд. Баъд аз эълони истиқлолият ҳар яке аз давлатҳои минтақа бо роҳи вижаи худ рафт ва сиёсати хориҷии онҳо аз ҳам фарқи зиёд дошт. Тоҷикистон гирифтори ҷанги харобиовар шуд, Ӯзбакистон ва Туркманистон ба режимҳои мустабид табдил ёфтанд, Қазоқистон бо Русия забон меҷуст ва Қирғизистон ҷазираи демократия ба шумор мерафт. Сатҳи гуногуни ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ, тафовути ҳаҷм ва анвои захираҳои табиӣ, пайвандҳои стратегӣ, нақши на ҳамеша мусбати қудратҳои беруна ва ҷустуҷӯи намунаҳои ибрат низ ин кишварҳоро аз ҳам дур бурда буд. Аммо омилҳои ҳамбастагии таърихӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҷуғрофии давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷудоиҳо дида бештар буданд. Музокироти якҷояи онҳо ва Русия бо Чин дар масъалаҳои марзӣ, ки ба таъсиси Созмони Шонгҳой сабаб гашт, оғози амалиёти зидди терроризм дар Афғонистон ва вуруди Иёлоти Муттаҳида ба минтақа ва акнун таҳкими ҳамкориҳои муштарак бо Иттиҳоди Аврупо ба ин ҳамбастагӣ тапиши нав дод.

Коршиноси умури Осиёи Марказӣ дар радиои Озодӣ, Брюс Паннир, менависад, захираҳои бузурги нафт, газ ва об пояи иқтисодии таваҷҷӯҳи қудратҳои ҷаҳонӣ ва ҳамгироии дохилии минтақаро ба вуҷуд овардаанд. Ҳатто Русия, ки дар гузашта асосан ба нуфузи сиёсии худ такия мекард, дар соли гузашта ҳамкорияшро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи коркард ва интиқоли захираҳои инержӣ мутамарказ сохт. Ин захираҳо ба Қазоқистон имкон доданд, пешоҳангиро дар минтақа ба даст бигирад. Соҳибкорони қазоқ акнун ба яки дигар аз сармоягузорони бақия кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфтаанд ва Қазоқистон дар соли 2010 ба раёсати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо соҳиб хоҳад шуд.

Таваҷҷӯҳи Иёлоти Муттаҳида, Аврупо, Русия, Чин ва дигар қудратҳо ба Осиёи Марказӣ дар ҳоли афзоиш аст...
Дар соли гузашта Русия талоши бештар кард, дар истифода аз захираҳои инержии Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дошта бошад. Владимир Путин дар ҷаласаи сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой андешаи таъсиси як маҳфили вижаи ин соҳаро ба миён гузошт. Ҷаноби Путин таваҷҷӯҳ ба захирҳои инержиро муҳаррики барномаҳои минтақа номид ва гуфт, муътақид аст, ки ҳамгироии ин барномаҳои миллӣ ва эҷоди як иттиҳоди инеpжӣ ба амиқрафти ҳамкориҳо мусоъадат хоҳад кард. Зимнан захираҳои инержӣ омили асосии таваҷҷӯҳи Аврупо, Иёлоти Муттаҳида ва Чин, ба истилоҳ ташнагони нафту гушнагони газ, ба Осиёи Марказӣ мебошанд. Чунончи, тарҳи лулаҳои нафт ва газ аз Туркманистону Узбакистон ба воситаи Қазоқистон ва Қирғизистон низ ҳамбастагии минтақаиро вусъат ва таҳким медиҳанд. Дар соли гузашта барқ низ дар ин тарҳ мақоми худро пайдо кард ва Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, масири интиқоли барқи Қирғизистон ва Тоҷикистонро ба Афғонистон, Покистон ва Ҳинд ба вуҷуд орад.

Барномаи бунёди роҳу пулҳои пайвандгари Шимолу Ҷануб, шабакаи давродаврии роҳи оҳан ва кабели нахи оптикии мухобираӣ бозгашт ба нақши таърихии Роҳи Бузурги Абрешимро дар минтақа суръат медиҳанд. Ин ҳам дар ҳоле ки пайвандгарони дерина, монанди зарурати ҳамоҳангӣ дар мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ, қочоқи инсон, силоҳ ва маводи мухаддир ва ниёз ба интиқоли молу тиҷорати байниҳамӣ ба ҷои худ боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG