Попи Рум Бенедикти 16 беш аз як миллиард пайравони калисои католикиро бо мавлуди Масеҳ табрик гуфт. Дар майдони назди калисои Пётри Муқаддаси Ватикан ба хотири шунидани паёми Попи Рум ҳудуди 10 ҳазор нафар ҷамъ омаданд. Бенедикти 16, ки ба ҳайси раҳбари калисои Руму католик мавлуди Исои Масеҳро бори саввум таҷлил мекунад, аз мардум хост, ки дар қалби худ ҳам барои Парвардагор ва ҳам барои фақирону дармондагону ниёзмандон ҷой пайдо кунанд:
«Оё мо барои ҳамсояи худ, ки ба ҳарфи ману шумо ва ё муҳаббати ману шумо ниёз дорад, вақт пайдо мекунем? Барои дармондае, ки ба кумаки мо ниёз дорад-чӣ? Оё барои фирорие, ки хостори паноҳандагии сиёсист, вақт дорем? Ва оё мо барои Худованд вақту дар қабл ҷой пайдо кардаем?»
Попи Рум аз раҳбарони сиёсии ҷаҳон даъват кард, ки аз хирад ва ҷасорат кор бигиранд ва ба низоъҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, дар Афғонистон ва Ироқ хотима гузоранд. Ӯ ҳушдор дод, ки танишҳои қавмӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ ва ҳама гуна зуҳуроти беадолативу помолшавии ҳуқуқ кишварҳоро хароб мекунанд ва ба робитаҳои байнулмилалӣ латма мезананд.
Ватикан, таври маълум, саҳнаи мавлуди Исои Масеҳро дар майдони калисои Пётри муқаддас таҳия кард. Имсол барои нахустин бор мавлуди Исои масеҳ на дар Байтуллаҳм, балки дар Назарет, дар манзили Юсуф – шавҳари Марям саҳнасозӣ шудааст. Ватикан мегӯяд, ин саҳна бояд намоиш диҳад, ки Исои Масеҳ фақат зодаи Байтуллаҳм нест ва макони тавлиди ӯ марзу бум надорад. Ҳамчунин Попи Рум Бенедикти 16 ҳама католикҳои оламро бо 60 забони олам бо идашон табрик гуфт.
Мавлуди Исои Масеҳ ҳамчунин дар Байтуллаҳм, воқеъ дар Каронаи ғарбии руди Урдун низ таҷлил шуд - тибқи ривоятҳо паёмбари насрониҳо маҳз дар ҳамин ҷо чашм ба олам кушодааст. Ҳазорон зоирин дар ин шаҳр ҷамъ омаданд, то дар ниёишу ибодати нимашабӣ ба шарафи мавлуди Исои Масеҳ ширкат кунанд.
Имсол, девори бузурге, ки миёни Каронаи бохтарии руди Урдун ва Байтулмақаддас бунёд шудааст, садди роҳи зоирин гардид. Ва аммо гуфта мешавад, ки бо вуҷуди ин ва дар натиҷаи оромии нисбӣ теъдоди зиёратгарони зодгоҳи Исои Масеҳ сол то сол бештар мегардад. Мақомоти Байтуллаҳм гуфтанд, ки шумораи сайёҳон ва зоирон назар ба соли гузашта ду карат афзоиш ёфтааст.
Маҳмуд Аббос, раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин низ имсол ба сафи ибодатгарон дар Байтуллаҳм пайваст. Раҳбари католикҳои Замини муқаддас Михел Саббоҳ дар паёми худ, ки барои ҳазорон масеҳиён бо забони арабӣ садо дод, хостори хатми низоъ ва эҳёи сулҳу оромӣ дар Ховари Миёна шуд.