Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми раҳбарони ислом ба ҷаҳони насоро


Каъба -- хонаи худо дар Макка, Арабистони Саъудӣ
Каъба -- хонаи худо дар Макка, Арабистони Саъудӣ

Рӯзи панҷшанбе дар арафаи таҷлили иди фитр пешвоёни мусулмон пайравони дини насрониро ба ҳамакориву сулҳ даъват кардаанд.

Дар паём гуфта мешавад, ки якҷоя мусулмонону насрониҳо 55 дарсади аҳолии оламро ташкил медиҳанд ва аз ин рӯ, равобити миёни ду ҷамоаи ёдшуда муҳимтарин омили сулҳи саросари олам аст. Шореҳон мегӯянд, ҳадаф аз нашри ин паём беҳбуди равобити печидаи миёни ду дин ва ҳамчунон тағйири ин эътиқод аст, ки мусулмонони мӯътадил дар мавриди хушунат хомӯширо ихтиёр намудаанд. Дар ин паём пайравони мазҳаби Ваҳҳобӣ, ки ба ваҷҳм умум дар Арабистони Саъудӣ иқомат доранд, имзо нагузоштаанд. Ваҳҳобиҳо рӯи парҳез аз мардуми ғайри мусулмон таъкид мекунанд. Дар Ғарб аксарият ин мавқеъгирии ваҳҳобиҳоро сарчашмаи хушунат дар муқобили мамолики ғарбӣ арзёбӣ мекунанд. Дар ҳар сурат таҳлилгарон мегӯянд, ки ин як кӯшиши танзими муколамаву ҳамкорӣ миёни пайравони мӯътадили дин Ислом ва насронӣ мебошад.

Дар як бахши паём ба суханронии Попи Ром Бенедикти 16 ишора шудааст, ки моҳи сентябри соли 2006-ум ба вуқӯъ пайваста буд. Аснои суханрони дар донишгоҳи зодгоҳаш: шаҳри Регенсбурги Олмон Попи Ром аз як шоҳи қадимии насронӣ иқтибос оварда буд, ки Ислом дини хушунату зӯроварӣ мебошад. Ин паёми поп хашми мусулмонони саросари оламро ба бор оварда буд.

Дар мактуби кушодаи иборат аз 29 саҳифа номи Поп Бенедикти 16 ва 24 шахсиятти маъруфи насронӣ зикр гардидаанд. Дар ин санад аз Қуръон ва китобҳои аҳди қадиму нав иқтибос зиёд ба чашм мехӯрад.

То ҳанӯз идораи равобити байнидинии Ватикан ба паёми мусулмонон посух надодааст. Дар ин иртибот Муқтадор Хон профессори пажӯҳишҳои исломии донишгоҳи Делавари ИМА мегӯяд, афкори зидди ғарбиро дар зеҳни мусулмонон на диндорон, балки сиёсатмадорон ҷой додаанд. Хон афзудааст: Онҳо бо ишғоли Ироқ ва муомилаи ғайри қобили қабули исроилиҳо бо фаластиниён мушкилӣ доранд, на бо насрониҳо.

XS
SM
MD
LG