Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ҷомеа» - нашрияи нав дар Тоҷикистон


Нахустин шумораи ҳафтаномаи «Ҷомеа» аз чоп баромад.

Муассиси он ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» буда, сардабири он рӯзноманигори шинохтаи кишвар Қироншоҳи Шарифзода мебошад.
Ҳафтанома ҷамъиятиву сиёсӣ буда, матолиби он ба мавзӯъҳои мубрами ҷомиъаи имрӯз – сиёсат, иқтисод, авзоъи минтақаву ҷаҳон, иҷтимоъ, васоити ахбор, варзиш, фарҳанг ва ҷавонон – бахшида шудаанд.
Дар сасухани худ таҳти унвони «Мо ва ҷомеа» сардабири ҳафтанома ба хонандагон муроҷиъат намуда, аз ҷумла дар бораи ҳадафҳои он чанд сухан иброз намудааст.
Дар матлаби асосии «Чеҳраҳои соли 2007-и «Ҷомеа»» нашрия аз посухҳои 10 нафар таҳлилгару коршиноси Тоҷикистон сиёсатмадор, олим, адиб, санъаткор ва соҳибкори соли кишварро муайян кардааст. Масалан, ҳарчанд аксари пурсидашудагон президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори беҳтарини ҷумҳурӣ арзёбӣ кардаанд, вале бархе аз онҳо дар ин бахш аз Раҳматуллоҳ Зойиров, Муҳиддин Кабирӣ ва Ҳамроҳхон Зарифӣ ном бурдаанд.
«Роҳи табардастонро кӣ мегирад?», «Соярӯшанҳои сиёсати минтақа», «Матбуоти тоҷик фоидаовар нест?», «Воқеаи фаромӯшношудании соли 2007 барои ҳизби шумо чӣ буд?», «Баҳри рушди устувори минтақаҳои кӯҳистон», "Пандҳои Рӯдакӣ», «Беҳтарин варзишгарони соли 2007» аз матолиби аслии шумораи нахустини ҳафтанома маҳсуб мешаванд.
XS
SM
MD
LG