Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2007 аз нигоҳи мардум (1)


Президентҳои Тоҷикистон ва Русия дар нишасти сарон дар Душанбе.
Президентҳои Тоҷикистон ва Русия дар нишасти сарон дар Душанбе.

Шумо ба соли 2007 чи гуна баҳо медиҳед? Оё дар соли 2007 вазъи зиндагиятон тағйир хӯрд? Ба фаъолияти давлат ва ҳукумат дар соли 2007 чи мегӯед? Оё ба ваъда ва нақшаҳои ҳукумати марказӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ эътимод доред? Пахта, алюминиум ва маблағи муҳоҷирони корӣ. Кадоме аз инҳо таъсири намоён дар иқтисодиёти Тоҷикистон дорад? Дар соли 2007 вазъи ҳуқуқи башар ва озодии шаҳрвандони Тоҷикистон чи гуна буд? Назари Шумо дар робита ба забон ва адабиёти тоҷик дар соли 2007 чи аст?

Ин 7 суоле буд, ки хабарнигорони радиои «Озодӣ» аз мардуми соҳиби касбу машғулиятҳои мухталиф дар 5 минтақаи Тоҷикистон, вилояти Хатлон, Бадахшон, Суғд, навоҳии шарқи кишвар ва пойтахти он пурсидаанд. Дар ҳар минтақа беш аз панҷоҳ нафарӣ ба суолҳои мо посух доданд ва дар маҷмӯъ ба 300 нафар муроҷиат шудааст. Теъдоди ширкаткунандагон дар ин назарпурсӣ, аз ҷумлаи занону мардон дар Душанбеву Хуҷанд ва Бадахшон тақрибан ба ҳам баробаранд, вале дар Хатлону Рашт занҳо бештар ба суолҳои посух додаанд. Яъне, 65 дарсади пурсидашудаҳои вилояти Хатлон ва 75 дарсади минтақаи Раштро занон дар бар мегиранд. Бо ин ҳама, ин назарпурсии Радиои Озодӣ назарсанҷии илмӣ нест ва танҳо мунъаксикунандаи назароти онҳоест, ки мавриди пурсиши мо қарор гирифтаанд.

Суоли аввал: Шумо ба соли 2007 чӣ гуна баҳо медиҳед?

Фақат 10 дарсади пурсидашудаҳо дар Хуҷанд соли 2007 – ро соли бисёр хуб арзёбӣ карда ва гуфтанд, ки дар ин сол вазъи иҷтимоъиву иқтисодии онҳо беҳбуд ёфтааст. Ҳарчанд 11 дарсади дигари пурсидашудагон дар Хатлон низ аз ин мавқеъ ҷонибдорӣ намуданд, аммо 58 дарсад дар Душанбе муқобили ин гуфтаҳо изҳори назар доданд.

Ба бовари ҳамсӯҳбатони мо дар пойтахти кишвар, соли 2007 мисли соли 2006 буд ва вазъ тақрибан тағйир нахӯрдааст. 85 дарсад дар Хуҷанд, 75 дарсад дар Бадахшон, 35 дарсад дар Рашт ва 20 дарсади пурсидашудаҳо дар Хатлон низ ин андешаро ҷонибдорӣ намудаанд.

Аммо 69 дарсади пурсидашудаҳо дар минтақаи ҷанубии Тоҷикистон соли 2007-ро бадтар аз соли 2006 хондаанд. Онҳо мегӯянд, болоравии бесобиқаи баҳои ғизои аввалия дар бозорҳои кишвар ба нигаронии онҳо сабаб шудааст. 65 дарсад дар Рашт, 42 дарсад дар Душанбе, 25 дарсад дар Бадахшон ва 15 дарсади ҳамсӯҳбатони мо дар Хуҷанд низ чунин посух додаанд. Соли 2007, ба назари ин гурӯҳи пурсидашудагон, соли хубу хотирмон барои танҳо 10 дарсади сокинони Тоҷикистон буд, ки вазирону мансабдоронанд. )

Суоли дуввум: Оё дар соли 2007 вазъи зиндагии Шумо тағйир хӯрд?

Ба ин суол танҳо 10 дарсад дар пойтахти кишвар ҷавоби мусбат додаанд. Зиндагии 24 дарсади пурсидашудаҳо дар вилояти Хатлон низ тағйир кардааст. Дар Рашт 19, дар Хуҷанд 15 ва дар Бадахшон 12 дарсади пурсидашудаҳо низ чунин андеша доранд. Ба гуфтаи онҳо, вазъи иҷтимоъияшон дар нисбати соли 2006 беҳбуд ёфтааст, яъне бархеяшон соҳиби ҷойи кори муносиб гардидаанд ва бархеи дигар ҳосили хуб гирифтаанд.

Вале 51 дарсади ҳамсӯҳбатони мо дар Хуҷанд мегӯянд, ки вазъи зиндагии онҳо дар шакли пешина боқӣ мондааст. Дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ тарафдорони ин посух кам нестанд. Масалан, дар Хоруғ 48, дар Душанбе 45, дар Хатлон 44 ва дар Рашт 41 дарсади пурсидашудаҳо чунин ҷавоб додаанд. Ба бовари ин гурӯҳ, муҳоҷирати корӣ, болоравии нархҳо ва бебарқӣ аз ишколҳоеанд, ки дар соли 2006 низ домангири онҳо буданд ва то ҳол бидуни дарёфти ҳал боқӣ мондаанд.

Аммо 55 дарсад дар Душанбе мегӯянд, ки вазъи зиндагии онҳо дар ҳич кадом самт пешрафт накарда, бадтар аз соли гузаштаи 2006 будааст. Рӯиҳамрафта чунин мавқеъро 40 дарсадӣ дар Рашту Бадахшон, 34 дарсад дар Хуҷанд ва 32 дарсад дар Хатлон пуштибонӣ кардаанд.

Суоли севум: Ба фаъолияти давлат ва ҳукумат дар соли 2007 чӣ мегӯед?

Ба ин суол низ аксарият посухи мусбат надоранд. Фақат 5 дарсади пурсидашудаҳо дар Бадахшон, 21 дарсад дар Хуҷанд ва 12 дарсад дар Рашт гуфтаанд, ки аз фаъолияти давлату ҳукумат бисёр қаноъатманданд. Аммо 27 дарсади пурсидашудаҳо дар Душанбеву Хатлон мегӯянд, ки аз баъзе бахшҳои фаъолияти ҳукумат қонеъ ҳастанду тамом. Дар Бадахшон 43, дар Хуҷанд 36 ва дар Рашт 25 дарсади ҳамсӯҳбатони мо чунин мавқеъ доранд.

Дар маҷмӯъ, посухи ҳамсӯҳбатони мо ба ин суол ин аст, ки фаъолияти давлату ҳукумат заъиф мебошад. Бад ин гуна, 85 дарсади пурсидашудаҳо дар Душанбе ва 82 дарсад дар Хатлон, 62 дарсад дар Рашт, 53 дарсад дар Бадахшон ва 43 дарсад дар Хуҷанд чунин назар доранд. Ба таъкиди онҳо, дар арзи соли 2007 ҳукумат тасмимоти ҷиддие дар роҳи рафъи мушкилоти мавҷудаи шаҳрвандони худ нагирифт ва ин ояндаи дурахшонро зери суол мебарад.

Дар ҳамин ҳол, хонандагони сомонаи интернетии радиои Озодӣ низ ба суоли «Аз фаъолияти давлат дар соли 2007 розӣ ҳастед?» посухи мухталиф додаанд. Беш аз 200 нафари назардиҳанда, 7 дарсад гуфтаанд, ки аз фаъолияти давлату ҳукумат розӣ ҳастанд. 6 дарсад изҳори бетарафӣ кардаанд ва 86 дарсади дигар аз фаъолияти давлат дар соли 2007 розӣ набудани худро баён доштаанд.

Суоли чорум: Оё ба ваъда ва нақшаҳои ҳукумати марказӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ эътимод доред?

Ба ин суол дар Хатлон 5 дарсади пурсидашудагон посухи мусбат додаанд. Дар Хуҷанд 18, дар Бадахшон 15 ва дар Рашт 12 дарсади пурсидашудагон низ гуфтаанд, ки ба ваъдаҳои ҳукумат эътимоди комил доранд.

Аммо 81 дарсади пурсидашудагон дар Душанбе мегӯянд, ки ба амалӣ гардидани ваъдаву нақшаҳои ҳукуумат ба ҳич ваҷҳ бовар карда наметавонанд. Онҳо мегӯянд, ба шунидани ваъдаҳои беохири ҳукумат дар тӯли бештар 15 сол одат кардаанд, аз ин рӯ боварашон намеояд, ки дар минбаъда ҳам ваъдаву нақшаҳои ҳукумат иҷро шавад. Ба ин далел, 70 дарсадӣ дар Хатлону Рашт гуфтаанд, ваъдаи ҳукумат ин буд, ки дар охири соли 2007 агрегати нахусти нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ба кор шурӯъ мекунад, аммо накард. Ҳамчунин, 60 дарсади пурсидашудаҳо дар Хуҷанд гуфтаанд, ҳукумат ҳар сол ваъда медиҳад, ки мушкили бебарқиро рафъ мекунад, аммо вазъ ҳамон аст, ки чанд соли пеш ҳам вуҷуд дошт. Ин назарро 72 дарсади пурсидашудаҳо дар Бадахшон низ дастгирӣ кардаанд.

Вале 96 дарсади пурсидашудагон дар куллия манотиқи Тоҷикистон гуфтаанд, ки ба иҷроиши ваъдаҳои ҳукумат андаке эътимод доранд. Ба ин тартиб, ҳадди аксари ҳамсӯҳбатони мо ба ин суол назари манфӣ доранд.

(давом дорад)

XS
SM
MD
LG