Интиқоли неруи барқ ба манзили мардум дар шаҳрҳо ба маротиб камтар шуда, ба аксари деҳоти кишвар умуман барқ дода намешавад ва одамон маҷбуранд, барои гарм кардани хонаҳои худ аз ҳамаи чораҳои мумкин истифода карда, шабона бо либоси гарм бихобанд.
Татбиқи чораҳое, ки дар ҷаласаи васеъи ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои ҷумъа ва шанбе бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва баррасӣ шуданд, дарозмуддат буда, авзоъро ба зудӣ тағйир дода наметавонанд. Чунончи, пешниҳод шудааст, шабакаи гармкунандаи шаҳри Душанбе барқарор гашта, аз гази моеъ ва ангиштсанг истифодаи бештар сурат бигирад.
Шаҳдории Душанбе пешниҳод кардааст, неругоҳҳои хурди сузишворӣ таъсис дода шавад. Ҳамзамон коҳиши интиқоли барқ ба вилоятҳои Суғд ва Хатлон ва ҳамчунин қатъи кори аксари кулли корхонаҳои санъатй на ба таъмини аҳолӣ бо неруи бештари барқ, балки барои ҳифзи неругоҳи барқи обии Норак нигаронида шудааст. Сатҳи об дар обанбори ин неругоҳ ба дарачаи хатарнок расида, мутахассисон ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати идомаи кори он бо иқтидори феълияш неругоҳ эҳтимол аз кор биафтад.
Коршиносон бар инанд, ки таваққуф дар фаъолияти корхонаҳои саноатй метавонад, сабаби комилан аз кор бозмондани таҷҳизоти бархе аз онҳо шавад ва инчунин коргаронро аз даромади моҳонаашон маҳрум гардонад. Иқтисодшиноси тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров гуфтааст, зарари ин таваққуф 17 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Дар ҳамин ҳол дар ҷаласаи ҳукумат ҳеч яке аз масъулини риштаи барқу гази кишвар барои омодагии номукаммал ба сармои зимистон муҷозо нашуданд.
Дархости сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов аз ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон ба афзоиши интиқоли неруи барқ аз тарафи Бишкек рад карда шуд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, сардии ҳаво то 27 январ идома хоҳад кард ва бӯҳрони марбут ба неругоҳи Норак -- то ҳафтаи дувуми моҳи феврал.