Муассисаҳои сохтории СММ дар Тоҷикистон аз вазъи баамаломада дар ин кишвар ба ташвиш омада, тасмим гирифтаанд, ки ба сокинони он дар сармоҳои шадиди имсола кумак кунанд. Дар ин бора Маркази иттилоъоти СММ хабар медиҳад.
Мудирияти ин созмон оид ба ҳамоҳангсозии масоили кумакҳои башарӣ иттилоъ медиҳад, ки сармои шадиди имсола дар Тоҷикистон ба коҳиши ғайримунтазира зуди сатҳи оби обанбори Норак, ки ба он кори НБО-и «Норак» бастагӣ дорад, оварда расонид ва ин , дар навбати худ, сабабгори маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба нуқоти ҷумҳурӣ гардид.
Дар пойтахти ҷумҳурӣ мизони барқу гармӣ аз сатҳи маъмулӣ хеле камтар аст. Дар бештари деҳоти кишвар барқ тамоман нест. Бино бар хабари Маркази иттилоъотии СММ, бисёре аз системҳои таъмини об аз кор баромадаанд. Як қатор беморхонаҳо ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Як қисми қобили таваҷҷуҳи сокинони кишвар барои таҳияи ғизо барфро об мекунанд.
Бар тибқи маълумоти Сандуқи кӯдаки СММ (ЮНИСЕФ), аксари мактабҳо дар Тоҷикистон гарм ва равшан карда намешаванд. ЮНИСЕФ ҳамакнун дар байни мардуми кишвар курпаву генераторҳоро тақсим намуда, аз ҷиҳати сармоягузории амалиёти ёрии изтирорӣ ба кӯдакони Тоҷикистон аз кумакрасонҳо $720 000 тақозо кардааст.