Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалати фарзандон -- дарди сари падарони мансабдор


Парвандаи зидди Фарҳод Абдуллоев сарусадоеро дар бораи худсарии фарзанди мансабдорон доман задааст.

Фарҳод Абдуллоев, писари раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, бар асари як садамаи нақлиётӣ, ки дар шаҳри Душанбе иттифоқ афтод, як зани чиноиро ба ҳалокат расонд.
Намунаи дигари эҷоди дардисар барои падарони соҳибмақом парвандаи ҷиноии Файзулло Бобохонов, писари Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли собиқи Тоҷикистон аст...


Муҳаммадӣ Муҳаммадиев, сардори раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, писари раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 12-уми апрели соли ҷорӣ савори мошини BMW Х6 Люг Жеун, корманди 46-солаи як ширкати роҳсозии Чинро пахш кард.

ҚОНУН БАРОИ ҲАМА?

Вай афзуд, алайҳи ӯ бо иттиҳоми нақзи қоидаҳои ҳаракати роҳ парвандаи ҷиноӣ боз гашт, аммо худаш боздошт нашудааст: "Ин на барои он ки ӯ фарзанди як мансабдор аст, балки дар таҷрибаи Вазорати корҳои дохилӣ нафаре, ки дар содир кардани садамаи нақлиётӣ гумонбар шудааст, боздошт намешавад. Агар ҳолатҳои маст будан ва ё аз ҷои ҳодиса пинҳон шудан набошад, дастгир карда намешавад."



Бино бар иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, Фирдавс Шарифови 26-сола, ки ба иттилои расонаҳо писари Иззатулло Шарифов, муовини вазир ва сардори Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон будааст, се духтари 25-26-соларо бо мошини "Лексус-300" пахш кардааст ва ҳоло вазъи саломатии онҳо маълум нест.

АЗ БОБУР АЗИМОВ ТО ФАЙЗУЛЛО БОБОХОНОВ

Аммо ин танҳо мавридҳои даст доштани фарзандони афроди соҳибмақоми Тоҷикистон дар садамаҳои нақлиётӣ нест. Соли 2009 додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Бобур Азимов, фарзанди Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистонро ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. Ӯ мӯҷиби марги ду нафар ва захмӣ шудани чанд пиёдагард шуда буд. Бобур Азимов як муддат зиндонӣ ва пас авф шуд.

Намунаи дигари эҷоди дардисар барои падарони соҳибмақом парвандаи ҷиноии Файзулло Бобохонов, собиқ додситони ноҳияи Ҳисор ва писари Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли собиқи Тоҷикистон аст, ки имрӯзҳо дар Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Бо ин ки иддае аз коршиносон қазияи ӯро ба ихтилофоти падараш бо рақибонаш рабт медиҳанд, парвандааш иттиҳомеро назири сӯистифода аз ному мақоми падарро низ дар бар мегирад.

"НОВОБАСТА АЗ ХОҲИШҲО..."

Абдуазими Абдуваҳҳоб
Коршиносон мегӯянд, садамаҳои нақлиётии фарзандони афроди баландмақом шояд аз тасодуф маншаъ мегиранд, аммо дар назари мардум онҳо ҳамчун беэҳтиромӣ ба қонуну қоида, сӯистифода аз мақом ва худсариву эътимод ба беҷазо мондан пазируфта мешаванд.

Абдуазими Абдуваҳҳоб, коршинос ҷавони тоҷик мегӯяд, ҳеҷ як инсон, аз ҷумла фарзанди мансабдорон намехоҳад, ба садамаи нақлиётӣ дучор ояд ва мӯҷиби марги касе шавад ва аз сӯе ҳам ному насабҳои шинохташуда сабаби расонаӣ гаштани ин воқеаҳо шудаанд: "Аз ҷумла қазияи писари раиси Додгоҳи олӣ новобаста ба хоҳишҳу тахминҳо имрӯз расонаӣ шудааст. Ба фикрам, чиниҳо аз ин ҳодиса сахт хашмгин шудаанд ва сафорати ин кишвар ҳам бархӯрди қонунӣ ба масъаларо тақозо кардааст."

МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДОН
Намунаи барҷастатарини фарзандони афроди баланпоя Рустами Эмомалӣ, писари 24-солаи раисҷумҳур аст, ки тайи чанд соли ахир дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият дошт...


Сӯҳбатҳо дар бораи омоли ғайриқонунии фарзандони бархе аз соҳибмансабони Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар кишвар лоиҳаи Қонуни масъулияти падару модар ба таври густарда баррасӣ мешавад. Ахиран дар паёми солонааш ба Маҷлиси Олии кишвар раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон далели ба ҳаракатҳои мамнӯи ифротӣ ва террористӣ гаравидани ҷавононро аз бемасъулиятии волидайн унвон кард.

Вай гуфт, ҳафтод дарсади аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар шарқи Тоҷикистонро ҳам ҷавонон ташкил мекарданд, ки агар иддае беволидайн буданд, аксарият падару модар доштанд. Дар зимн, падари Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алии Бедакӣ, раҳбари як гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Рашт, ки моҳи январ кушта шуд, низ ба иттиҳоми ҳамдастӣ ба писараш боздошт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, қонуни нави масъулияти падару модар ба худи афроди мансабдор низ робитаи зич дорад. Ба қавли онҳо, ҷомеа дар симои фарзандони эшон афроди аз лиҳози иқтисодӣ бениёзро мешиносад, аммо аз сӯи дигар, рафтори онҳо намунаи бармалои эҳтироми қонун аз сӯи падаронашон аст.

ФАРЗАНДОНИ НОЗПАРВАРД


Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, чанд фарзанди афроди мансабдорро мешиносад, ки воқеан тарбиятдидаанд ва ҳавобаланд нестанд, аммо аз иддае дигар на фақат ӯ, балки ҷомеа низ шинохти манфӣ дорад.

Вай мегӯяд, "хуб мебуд, қонунҳое, ки ҳукумат мебарорад, қабл аз ҳама аз сӯи онҳо риоят шаванд ва масъулияте, ки дар борааш имрӯзҳо бахусус дар доираҳои болоӣ алорағми норозигиҳои ҷомеа зиёд мегӯянд, қабл аз ҳама аз сӯи худи онҳо ва аҳли оилаашон эҳсос шавад. Аммо ахбори ахир дар расонаҳо дар бораи бархе фарзандони "эрка"-и мансабдорон нишон медиҳад, ки вазъ ин гуна нест."

НАМУНАҲОИ МУСБАТ


Бо ин ҳол, соли гузашта писари Азим Иброҳим, сарвари Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон дар як олимпиадаи байналмилалӣ пирӯз омада буд. Фарзандони вазирони кишвар дар вазорату корхонаҳои давлативу дигар соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва намунаи барҷастатарини фарзандони афроди баланпоя Рустами Эмомалӣ, писари 24-солаи раисҷумҳур аст, ки тайи чанд соли ахир дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият дошт.

Ахиран ӯ аз узвияти маҷлиси шаҳрии пойтахти Тоҷикистон канор рафт, аммо рутбаи майорӣ гирифт ва дар садри яке аз раёсатҳои муҳими Хадамоти гумруки кишвар нишаст.
XS
SM
MD
LG