Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Аҷаб замонаҳое» дар Қазоқистон


Дар Алмаато китоби ҳикояву хотироти латифии ҳаҷвнигори шинохта шодравон Имомназари Холназар бо номи «Аҷаб замонаҳое» ба нашр расид.

Ин кори хайр бо кӯшиши бародари Имомназар - Камол Холназаров ва ҳамдастии Сафар Абдулло, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон, ки яке аз дӯстони адиб аст, анҷом гирифт. Аслан ин китоб қаблан дар Душанбе нашр гардида буд, вале бо адади хеле ночиз. Моҳи марти соли гузашта вақте, ки ин адиби шинохта ва инсони басо хайрандешу нотакрор ва ватанпарасти ҳақиқӣ ин кӯҳнаработро падруд гуфт, дӯсташ Абӯбакри Азизхоҷа ин китобро дар компютери хеш ба миқдори 25 адад барои дӯстони наздиктарини адиб, ки ба фотиҳаааш омада буданд, чоп ва ҳадя кард.

Акнун «Аҷаб замонаҳое» дар чопхонаи «Дайк пресс»-и шаҳри Алмаато 1000 адад бо муқова ва ороиши ҷолиб ва коғази хушсифат нашр гардид. Китоб аз 5 қисм иборат буда, хотироти латиф, ҳикояҳо, воқеъа, ҳикоёти воқеъӣ ва матлабҳои ғайри ҳаҷвро дар бар мегирад. Дар китоби «Аҷаб замонаҳое» ҳама ҳикояҳои ҳаҷвии адиб гирд оварда шудаанд ва он назар ба китобҳои қаблан чопкардаи муаллиф мисли «Ҳар киву ҳар чи», «Ман ҳамин хел одам», «Боре набувад гаронтар аз ор» ва «Аз хандая мемурӣ» ҳам аз ҷиҳати ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи мӯҳтаво бузургу фарохтар аст ва тавре худи муаллиф ҳам нигошта буд, ин маҷмӯа ҷамъбасти қариб понздаҳ соли умри эҷодии ӯст.

Адиб менигорад, дар понздаҳ сол, ки чун давраи ҳассос ва шикасту нокомиаш бештар буд, аз ҳамин ҷиҳат дар китоб ҳикояҳои ғамангез ва ё, ба истилоҳ, мавзӯъи хандаҳои гиряолуд нисбат ба мавзӯъҳои дигар боло гирифтааст. Тавре дар муаррифиномаи китоб ҳам зикр шудааст, ҳарчӣ ӯ менавишт аз зиндагии рӯзмарраи давру бараш маншаъ мегирифт ва ҳаҷв, ҳазлу шӯхӣ барои Имомназари Холназар тарзи ҳаёт, сипар ва ҷавшане буд алайҳи зарбаҳои зиндагӣ.

Бархе аз ҳикояҳои маҷмӯъаи «Аҷаб замонаҳое» ба Қазоқистон ва шаҳри Алмаато ва одамони он пайванд доранд ва ҳам дар ин ҷо ба чоп расидани китоб беҳуда нест. Зеро адиб то соли 2001 беш аз панҷ соли умри хешро, баъди ғурбат дар Эрон, дар ин сарзамин гузаронд ва қисме аз навиштаҳои адиб маҳз дар шаҳри Алмаато рӯи коғаз омадаанд. Вале тавре Зебо Холназарова ҳамсари адиб мегӯяд, маҷмӯаи «Аҷаб замонаҳое» охирин асари ин адиби шинохта нест. Зеро дар бойгонии Имомназари Холназар боз як силсила асарҳое мавҷуданд, ки алъон рӯи чопро надидаанд ва онҳо низ минбаъд ба дасти хонандагон хоҳанд расид.

Хонум Холназарова мегӯяд, «аз осори чопнашуда ду қисса ҳасту латифаҳо ҳаст аз ҳазор адад зиёд. Номи яке аз қиссаҳо «Тобистони бачагии ман» аст, вале дуюмаш ҳанӯз ном надошт ва маслиҳат доштем, ки ягон ном мемонем. Баъд намошномаҳо ҳам дорад, ки он ҳам як маҷмӯъаи хушрӯ мешавад».

Ҳаҷв ва ҳазлу шухӣ барои шодравон Имомназари Холназар тарзи зист ва сипаре буд алайҳи зарбаҳои зиндагӣ

Аз чопи китоби «Аҷаб замонае» яке аз дӯстони Имомназари Холназар Маҳмадалии Давлаталӣ, ки дар Алмаато бо тиҷорат машғул аст, низ басо шод гардида мегӯяд, ки агар умр вафо мекард, ӯ боз асарҳои зиёде таълиф мекард. Вале Имомназар дар ёду дили вай вай на фақат чун адиби хушзавқ ва басо ошкорбаёну ҷасур, балки чун шахсияти сиёсӣ ва аз ҳама бештар ҳамчун дӯст ва инсони накӯхоҳу дардошно боқӣ мондааст.

Маҳмадалии Давлаталӣ изҳор мекунад, «Имомназари Холназар, рӯҳаш шод бод, яке аз шахсиятҳои миллӣ, фарҳангӣ , яке аз фаъолони ҳизби демократ ҷонишини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, сардабири ҳафтаномаи «Адолат»-и ин ҳизб бисёр шахсияти миллӣ, фарҳангӣ ва бисёр инсони наҷиб буд. Ӯ хеле дӯсту рафиқи хуб, ҳамфикр ва ҳамсӯҳбати хуб ва бародари хуб буд. Дар пастиву баландиҳои зиндагӣ аз дасташ меомад, дигаронро дастгирӣ мекард. Мо, вақте бори нахуст ба Алмаато омадем, аввалин шахсе, ки моро дастгирӣ карду роҳи тиҷорат нишон дод, Имомназари Холназар буд, ки мо, албатта инро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунем. Вай ба мисли ман ба даҳҳо тоҷикон кӯмак намуда буд…»

Маҳмадалӣ меафзояд, ки бо мусоидати Имомназар дар хонаи ӯ дар Алмаато анҷумани Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор гардида буд. Ба гуфтаи Маҳмадалӣ, Имомназар шахсе буд, басо миллатдӯст ва ҳар гуна гурӯҳбозиву маҳалгароӣ барин дардҳо, ки бисёриҳоро сироят кардааст, барояш бегона буд ва ҳама фарзандони миллатро, ба истилоҳ, бо як чашм медид ва ин нуктаро дар китоби «Аҷаб замонаҳое» низ ба осонӣ метавон пайдо намуд.

Китоби ҳаҷву танзҳои Имомназари Холназар бо номи «Аҷаб замонаҳое» нахуст дастраси дӯстон ва дӯстдорони ҳаҷви намакини ӯ дар Қазоқистон хонандагони тоҷики муқими ин сарзамин гардид. Аз ҷумла,ин китоб чун ҳадяи беҳтарин дар арафаи зодрӯзи адиб, ки 6 август аст, ба дасти банда, ки аз ихлосмандони ӯву эҷодиёташ аст, расид. Боқӣ теъдоди «Аҷаб замонаҳое» ба Тоҷикистон фиристода шуд ва он рӯзҳои наздик дастраси ҳаводорони ҳаҷви намакини ин адиби озодандеш ва ҷасуру мубориз хоҳад гардид.

Адиб ва рӯзноманигори шинохта Имомназари Холназар, ки замоне яке аз фаъолони ҳаракатҳои демократӣ дар Тоҷикистон ва аввалин сардабири ҳафтаномаи «Адолат» нашрияи Ҳизби демократи кишвар буд ва солҳои ахири умр бо родиои «Озодӣ» низ ҳамкорӣ дошт, 21 марти соли 2007 дар айни камолоти эҷодӣ дар 55-солагӣ аз олам даргузашт. Дӯстон ва ҳампешагони Имомназар тасмим гирифтаанд, ки ҷиҳати гиромидошти ёди ин адиби шинохта ва инсони накӯном китоби ёдномаи ӯро омода намоянд.

XS
SM
MD
LG