Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон


Коршиносони тоҷик сари равобити кунунии низомии Тоҷикистону Русия ва нақши Маскав дар сохтори амниятии Тоҷикистон назари мухталиф доранд.

Бархе бар онанд, ки Русия ҳамоно кафили амнияти Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, боқӣ монда ва иддае мегӯянд, ин нақши Русия аз ҳисоби дигар қудратҳо костааст.

Исмоил Раҳматов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбакистону Туркманистон, фикр мекунанд, ки сиёсати мустақилона доранд, аммо дар асл бозичаи дасти қудратҳо шудаанд. Вай афзуд, ҳеҷ яке аз қудратҳо дар масоили амниятӣ ҳамкори мӯътамаде ба монанди Русия буда наметавонад.

Дар ҳамин ҳол, Марат Мамадшоев, коршиноси дигари масоили сиёсӣ, мегӯяд, Русия ба далели тағир хурдани вазъи ҷаҳон ва минтақа дигар он нақшеро надорад, ки 10 сол пеш дар Тоҷикистон дошт. Вай меафзояд, «воқеияти геополитикӣ дар минтақа тағир хурдааст. Агар 10 сол қабл Русия дар минтақа дар масоили низомӣ яккатоз буд, ҳоло масалан Тоҷикистон, дар соҳаи низомӣ бо Чин, Эрон, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико равобиташро хеле рушд додааст. Аз ин хотир, ҳоло Русияро кафили амнияти минтақа ва ҳамкори асосии Тоҷикистон ном бурдан мушкил аст».

Коршиносони Тоҷикистон дар мавриди нақши Русия дар сохтори амниятии Тоҷикистон дар ҳоле сӯҳбат мекунанд, ки ахиран Думаи давлатӣ миёни ин кишварҳо дар мавриди истифодаи муштараки нерӯҳои низомиро ба тасвиб расонд.

Мушорикати низомии Русияву Тоҷикистон ба хусус дар ибтидои солҳои 90, аниқтараш айёми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, бештар ба назар мехурд. Ин иттиҳом, ки фирқаи 201-и Русия дар амри саркӯб шудани мухолифини ҳукумати Тоҷикистон нақши умда дошт ва Маскав дар ҳамдастӣ бо Узбакистон ба ҳукумати Эмомалии Раҳмон кӯмак мекард, на як бору ду бор аз сӯйи мухолифин садо дода буд.

Маҳдӣ Собиров, коршинос дар умури амният, мегӯяд, бо он вуҷуд, ки дар Тоҷикистон фирқаи 201 минҳайси пойгоҳи низомӣ ва гурӯҳи зудамали марзбонии Русия ҳузур дорад, ин қудрат дигар он таъсиреро, ки дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дошт, надорад ва гузашта аз ин, аҳромҳо ва имконоти таъсир ба вазъи Тоҷикистон аз дасташ рафтаанд.

Абдуғаффори Камол, коршинос дар умури сиёсӣ, мегӯяд, истифодаи муштараки нерӯҳои низомии Тоҷикистону Русия дар дохили Тоҷикистон имкон надорад, зеро ҳамчунин як таҳдиде ба амнияти ин ду кишвар дар дохили Тоҷикистон вуҷуд надорад. Вай афзуд, мушорикати низомӣ танҳо дар ҳоли пеш омадани хатарҳои берунӣ сурат мегирад.

Коршиносон мегӯянд, созишномаи истифодаи муштараки нерӯҳои низомии ду кишвар бозгӯӣ аз бархурди дуҷониба ба ҳалли масоили амниятӣ мекунад ва эҳтимол дорад ба қатори садҳо дигар созишномаҳое ворид шавад, ки танҳо рӯйи коғаз мондаанд. Онҳо мегӯянд, Русия дар ин маврид такя ба нуфузи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай хоҳад кард, ки бо кӯшишҳои Маскав аз як созмони иқтисодӣ торафт ба як ниҳоди қавии низомӣ табдил меёбад.

XS
SM
MD
LG