Маҳмадалӣ Шафоатов, мушовири вазири умури дохила гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддинов баъди муносиботи маҳрамона бо Илёс Шурпаев, бо ҳадафи ғорати 150 ҳазор рубли русӣ ин хабарнигори Русияро куштаанд. Вай афзуд, «рӯзи содиркунии ҷиноят Ятимов бо хоҳиши Шурпоев ҳаммаслаки худ Наҷмиддин Муҳиддиновро ба хонаи журналист меорад. Ва дар идомаи муносибатҳои бадахлоқона миёни онҳо муноқиша бармехезад ва баҳонаи кушта гардидани Шурпоев мегардад».
Ҳайдар Маҳмадиев, масъули раёсати нозиротии вазорати умури дохила, низ мегӯяд, Масрурҷон Ятимов таъйид кардааст, ки вай бо Шурпаев рӯзи 12 март дар наздикии истгоҳи метрои «Китайгород», маҳалли дидори намояндагони ақаллиятҳои ҷинсӣ, вохӯрдааст. Ба гуфтаи Ятимов, хабарнигори рус бо пешниҳоди ҳамҷинсбозӣ ба ӯ пул додааст. Ҳамин тавр, онҳо чандин бор бо ҳам дар хонаи Илёс Шурпаев дидор анҷом додаанд ва дидори охирини онҳо бо фоҷиа анҷомидааст.
Ҳайдар Маҳмадиев мегӯяд, ин ҳодисаи нахусти бадахлоқӣ ва ҷинояткории муҳоҷирини тоҷик дар Русия нест. Вай афзуд, «соли гузашта беш аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди Русия ҷинояти сангин содир карданд ва аз ин теъдод 67 нафарашонро ҳамтоёни руси мо боздошт ва ба мо таслим намуданд. Мо низ дар посух ба кӯмаки онҳо омода ҳастем».
Оқои Маҳмадиев мегӯяд, ҳоли ҳозир боздоштшудаҳо даст доштани худ дар қатли Илёс Шурпаевро иқрор кардаанд ва дар сурати исботи комили айбашон тибқи қавонини кишвар ба онҳо то 25 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад. Вай афзуд, соати тиллоӣ ва мобили журналисти рус, ки дар дасти гумонбаршудагони қатли ӯ боқӣ мондааст, барои ифшои ҳайсияти онҳо кӯмак намудааст. Вай гуфт, аз дасти Масрурҷон Ятимов соати тиллоӣ, мобил ва 150 ҳазор рубли русии марбут ба Илёс Шурпоев ёфт шуд.
Мақомоти вазорати дохила мегӯянд, Ятимов то ин муддат низ таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия қарор дошт. Масрурҷон Ятимов дар соли 2005 дар маҳалли роҳи оҳани шаҳри Маскав бо ҷурми дуздӣ ба боздоштгоҳи пойтахти Русия афтода ва танҳо соли 2007 раҳо шудааст. Гуфта мешавад, ба ҳангоми ба ҷустуҷӯи гумонбарони қатли Илёс Шурпаев як бародари Наҷмиддин Муҳиддинов низ боздошт гардидааст.
Мақомот мегӯянд, ҳарчанд бародари Муҳиддинов дар қатли хабарнигори рус даст надорад, аммо шарики гумонбарон аст. Қазияи пурсарусадои қатли хабарнигори Русия ба гуфтаи соҳибназарон зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Русияро сахттар хоҳад кард.
Аммо мавзӯъи таслим кардан ё накардани гумонбарони қатли Илёс Шурпаев ба даст мақомоти Маскав ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин мавзӯъ мавзӯъи баҳси додситониҳои кулли Душанбеву Маскав аст, ки бояд ба ин зудиҳо баррасӣ шавад.