Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон марзҳояш бо Узбекистонро аз минаҳо пок месозад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Сохторҳои низомии Тоҷикистон барои поксозии минтақаҳои марзии кишвар аз минаҳо гурӯҳи корӣ таъсис додааст. Дар бист соли охир дар минтақаҳои минкоришудаи Тоҷикистон 374 шаҳрванд кушта шуда, ҳудуди 500 нафари дигар ҷароҳатҳо бардоштаанд.

Таркиши мина як дасту як чашми Осифро аз ӯ гирифт

Осиф Бахтиёров соли 2010 аз сӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барои ширкат дар амалиёти поккории минаҳо ба минтақаи марзии Панҷи Поён сафарбар шуд. Аммо инфиҷори ду мина ӯро шадидан захмӣ кард ва бе як дасту як чашм монд.

Мақомот мегӯяд, то соли гузашта дар кишвар ба ҷуз аз минтақаҳои марзӣ бо Узбекистон, боз 10,3 ҳазор километри мураббаи замин дар водии Рашту минтақаҳои ҳаммарз бо Афғонистон ба унвони минтақаҳои хатарзои минадор боқӣ монда буданд.

Рӯзи 18-уми апрел Осиф Бахтиёров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин минаҳаро солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди силоҳбадастон аз Афғонистон гузошта буданд. Табобату ҷуброни зарари ҷисмонии ӯро ҳукумати Тоҷикистон пардохт мекунад.

Ин низомии собиқи тоҷик, ки ҳоло ба унвони посбон дар як муассиса кор мекунад, гуфт, "соли 2010 ман ба унвони командири ротаи минрӯбии Вазорати мудофиа кор мекардам. Баъд аз инфиҷори мина, ҳамасола дар Тоҷикистон мавриди ҷарроҳӣ қарор мегирам ва то ҳол духтурҳо аз чашмонам боқимондаҳои минаи таркидаро берун меоваранд. Ду фарзанди ноболиғ дораму аз ҳукумат 805 сомонӣ нафақа мегирам. Маҷбурам ба унвони посбон дар як муассиса кор кунам, вагарна барои гузаронидани рӯзғор маблағ камӣ мекунад."

374 кушта аз таркиши минаҳо дар 20 сол

Ба иттилои Маркази минрӯбии Тоҷикистон, дар бист соли ахир дар минтақаҳои минкоришудаи кишвар 374 шаҳрванд кушта шуда, ҳудуди 500 нафари дигар ҷароҳатҳо бардоштаанд. Танҳо дар марз бо Узбекистон 81 нафар дар пайи бархурд бо минаҳо ҷони худро аз даст додаанд. Аммо ба иттилои ин манбаъ, ҳамакнун сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон бо Узбекистон ҳам умед пайдо кардаанд, ки аз хатари минаҳо эмин бимонанд.

Як манбаъ дар Маркази минрӯбии Тоҷикистон рӯзи 17-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки барои таъсиси Гурӯҳи корӣ ба манзури барчидани минаҳо аз минтақаҳои марзӣ, дастур додааст. Вай гуфт, ки ин гурӯҳ бояд рӯзҳои наздик кори худро оғоз кунад ва аз тасмимҳои гирифтаи ин гурӯҳи корӣ ҷомеаи кишварро огоҳ хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар сӯҳбати бидуни сабт гуфт, ки масъули ин ниҳод низ ба кори ин гурӯҳ пайвастааст ва бо дарёфти харитаи минтақаҳои минкоришуда, поксозии он дар моҳи оянда шурӯъ мешавад.

Минтақаҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон дар солҳои ҷанги дохилии тоҷикон дар солҳои 1992-1995 минкорӣ шуда буданд. Аммо, минтақаҳои ҳаммарз бо Узбекистон дар охирҳои солҳои 1990 баъд аз вуруди нерӯҳои мухолифи узбек ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ аз Афғонистон ба водии Фарғона мингузорӣ шуданд. Ба унвони мисол, танҳо дар ҷамоати Сурхоби ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд аз як деҳа дар солҳои 2006 ва 2007 6 нафар куштаву чаҳор нафари дигар захмӣ шудаанд.

"Минрӯбӣ амнияти шаҳрвандонро таъмин мекунад"

Тӯли бист соли ахир сокинони деҳаҳои тоҷикнишини атрофи марз бо Узбекистон аз имкони истифодаи масоҳати бузурги заминҳояшон маҳрум буданд. Маҳдӣ Собир, коршиноси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон 17-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳалли мушкили минтақаҳои минкоришуда дар замони раёсати президенти собиқи Узбекистон имконпазир набуд ва танҳо баъд аз сафари аввалини давлатии президент Шавкат Мирзиёев роҳи ҳалли он пайдо шудааст.

Маҳдӣ Собир.
Маҳдӣ Собир.

Вай гуфт, баъд аз минрӯбии ин минтақаҳо сокинон имкон пайдо мекунанд, ки дар ин сарзамин озодона гаштугузор карда, чорвои худро бичаронанд, кишоварзӣ кунанд. Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, минрӯбии ин минтақаҳо аз як тараф амнияти шаҳрвандонро таъмин мекунаду барои расидан ба амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе раисони ҷумҳури Тоҷикистону Узбекистон тасмим гирифтанд то поёни соли 2019 ҳамаи минтақаҳои минкоришудаи марзиро поксозӣ кунанд. Ба иттилои Маркази минрӯбии Тоҷикистон, то соли гузашта дар кишвар ба ҷуз аз минтақаҳои марзӣ бо Узбекистон, боз 10,3 ҳазор километри мураббаи замин дар водии Рашту минтақаҳои ҳаммарз бо Афғонистон ба унвони минтақаҳои хатарзои минадор боқӣ монда буданд.

XS
SM
MD
LG