Дар наздиктарин фурсат Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон (КОА) барномаи антиплагиатро фаъол мекунад. Ин барнома дар пасманзари фошкориҳои пойгоҳи "Диссернет" - як ширкати хусусии русӣ амалӣ мешавад, ки дар чанд моҳи ахир беш аз 20 олими тоҷик, бо шумули мақомоти баландпояро ба асардуздӣ ё плагиат муттаҳам кард.
"Диссернет" як пойгоҳи ҷамъиятӣ аст, ки бо ошкор кардани асардуздӣ ва корҳои илмии тақаллубӣ машғул мебошад.
Роҳандозии барномаи антиплагиат се рӯз пеш, дар як ҷаласаи таҳти раҳбарии ёрдамчии президент оид ба масоиили иҷтимоӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода матраҳ шудааст. Ширкатдорони ин ҷаласаи корӣ мегӯянд, қарор аст, барномаи антиплагиат рисолаҳои олимонро аз санҷиш гузаронад ва тасдиқ кунад, ки кори илмӣ нусхабардорӣ нашудааст.
"Антиплагиат"-барномаи компютериест, ки дар худ корҳои илмии ҳимояшудаи олимони кишварҳои пасошӯравиро захира кардааст. Ҳангоми дар ин низом ворид кардани ном ё матни рисола, “худӣ” ё “бегона” будани матнро мушаххас мекунад. Ҳамчунин ин низом нишон медиҳад, ки ҷумлаҳои рӯйнависи матн аз кадом сарчашма истифода шудааст.
Як ширкатдори ин ҷаласаи корӣ, ки нахост номаш ошкор шавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо сифати баланд пешниҳод кардани корҳои илмӣ дар КОА-и Тоҷикистон ва саҳми корҳои илмии олимон дар рушди ҷомеа як масъалаи дигари ин машварати корӣ будааст.
"Антиплагиат"-и тоҷикӣ фаъол мешавад
Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ 25-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барнома антиплагиат дар рӯзҳои наздик фаъол мешавад. Ба гуфтаи Розиқзода, роҳандозии барномаи антиплагиат бо ҷониби Русия матраҳ шудааст.
Раиси Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон дар вокуниш ба фошкориҳои ахири пойгоҳи “дисернет” гуфт, “корҳои илмӣ дар соҳаи назария, яъне сиёсатшиносиву фалсафа, адабиёту педагогика ва таърих ба ҳам алоқаманданд, ба ин хотир ба ҳам дигар такя мекунанд, аммо пурра рӯнавис шудан албата носавоб аст ва бояд инхел набошад. Ба ҳар ҳол, ин мавқеи расмии ВАК-и Русия нест ва нуқтаи назари як пойгоҳи ҷамъиятӣ аст".
Иттиҳоми 20 олими тоҷик ба асардуздӣ
Пойгоҳи "Диссернет" то имрӯз беш аз 20 олими тоҷикро ба асардуздӣ муттаҳам кардааст, ки дар байни онҳо аз ҷумла ёрдамчии раисиҷумҳур дар умури кадрҳо Асадулло Раҳмонзода, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик” Аслӣ Назаров, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисоди хоҷагии қишлоқ Нарзулло Амиров, писари вазири маориф ва илми Тоҷикистон Шоҳин Саидов ва чандин мудирони кафедраҳои илмии мактабҳои олии Тоҷикистон ҳастанд.
"Диссернет" менависад, ки ин олимони тоҷик барои таҳияи корҳои илмияшон аз асарҳои олимони дигар истифода карда, ҳатто бархе аз он бо иваз кардани калимаҳои русӣ ба тоҷикӣ рисолаи илмӣ навиштаанд. Аз ҷумла, ин пойгоҳ навишт, ки Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президенти Тоҷикистон дар умури кадрҳо соли 2007 рисолаи номзадиашро аз асарҳои Аратюн Палазян рӯйнавис карда, калимаи "калисо"-ро ба "масҷид" ва Русияро ба Тоҷикистон тарҷума кардааст.
Бо он, ки бархе олимони тоҷик, фошкориҳои “диссернет”-ро тасмими як ташкилоти ҷамъиятӣ медонад, аммо иқрор мекунанд, ки номзадҳои тасодуфӣ ҳам дар ҷомеаи Тоҷикистон кам нестанд. Зеро теъдоди ками рисолаҳои илмӣ дар амалия истифода мешаванд.
"Бигзор 400 нафар не, 50 нафар рисола нависад..."
Саидилҳом Аҳмадзода, олими ҷарроҳ, ки мегӯяд, рисолаи илмияшро даҳ сол таҳқиқ кардааст, беобрӯ кардани олимонро зарба ба илми тоҷик медонад. Ба гуфтаи ӯ, "мутаассифона дар ҷомеаи мо номзаду докторҳое ҳастанд, ки дар соҳаи илм кор намекунанд ва вақте онҳо унвони илмӣ мегиранд, албатта кас ба кори онҳо шубҳа мекунад".
Аҳмадзода гуфт, нафароне, ки бо машаққати зиёд рисолаҳои илмӣ менависанд ва дар рушди ҷомеа саҳм доранд, аз ҳеҷ гуна тафтишҳо намеҳаросанд. Ин олими тоҷик мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси КОА дар Тоҷикистон ҳам беҳтар кардани вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз тариқи корҳои илмии олимони тоҷик аст. Вай гуфт, бояд дастоварди илмии олимон барои рушди ҷомеа манфиатовар бошад. "Бигзор 400 нафар не, 50 нафар рисола нависад, вале кори илмии ӯ барои рушди ҷомеа 1 дарсад ҳам бошад кӯмак кунад", афзуд Саидилҳом Аҳмадзода.
Бо гузашти тақрибан ду моҳ аз пахши хабарҳо дар бораи ифшои гӯиё асардуздӣ дар рисолаҳои бархе олимони тоҷик, мақомоти расмӣ ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон чизе нагуфтаанд. Аммо як манбаи огаҳ аз ин қазия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Нуриддин Саид вазири маориф, ки бо як сафари корӣ ба Русия рафтааст, ҳамзамон масоили фошкориҳои "Дисернет"-ро бо ҳамтоёни русаш ҳам матраҳ хоҳад кард.
Диссернет як пойгоҳи ҷамъиятӣ аст, ки бо ошкор кардани асардуздӣ ва корҳоии илмии тақаллубӣ машғул мебошад. Ин пойгоҳ, натанҳо рисолаҳои илмии олимони тоҷик, балки даҳҳо корҳои илмии афроди шинохтаи кишварҳои дигари пасошӯравиро ошкор кардааст.