Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик», гуфт, ин мавқеи як тоҷир аст, на мавқеи давлати Русия.
Андрей Раппопорт, узви Шӯрои директорони ширкати «Интер РАО ЕЭС» қаблан ба расонаҳои Русия гуфт, ки ширкаташ мехоҳад пакети назоратӣ ё саҳми аксари нерӯгоҳи Роғунро дар даст дошта бошад ва низ ширкат дар ин пружа тариқи консорсиюми молиявӣ барояш бесуд хоҳад буд. Вай мегӯяд, «Интер РАО ЕЭС»-и Русия дар консорсиюми нерӯгоҳи Роғун эҳтимол дорад ширкат накунад. Оқои Раппопорт ҳамчунин ба танҳоӣ сохтани ин нерӯгоҳ аз сӯйи Тоҷикистонро таҳти суол қарор додааст.
Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» иддаои оқои Рапопортро таҳти суол гузошта, гуфт, Тоҷикистон намехоҳад нерӯгоҳи Роғун ба моликияти ягон ширкати хориҷӣ табдил ёбад.
Вокуниши масъули ширкати «Интер РАО ЕЭС» дар ҳоле садо медиҳад, ки ахиран Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, расман хостори ширкати Русия дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун шуда буд. Ҷониби Русияро дар пружа маҳз ширкати «Интер РАО ЕЭС» бояд намояндагӣ мекард.
Ва ҳоло дар маҳофили сиёсии Тоҷикистонро ин суол матраҳ аст, ки оё эҳтимоли аз ширкат дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун даст кашидани Русия вуҷуд дорад ё на?
Давлат Усмон, коршинос дар масоили иқтисодӣ, мегӯяд, суханони Раппопорт як гашти дигари сиёсии Русия аст, ки аз забони як масъули ширкати «Интер РАО ЕЭС» садо додааст. Вай гуфт, ҳукуматҳои кишварҳо боз сари ин масъала бармегарданд.
Коршиносон мегӯянд, гардиши куллӣ дар равобити Тоҷикистону Русия бояд ҳангоми сафари расмии Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия, ба Тоҷикистон дар интиҳои моҳи август сурат гирад. Онҳо мегӯянд, азбаски раисҷумҳури Русия аз собиқ бо Олег Дерипаска, сарвари ширкати «РусАл» равобити дӯстона дорад, эҳтимоли бар ивази «РАО ЕЭС» ба нерӯгоҳи Роғун дубора ҷалб шудани «РусАл» дур нест.
Абдулғанӣ Маҳмадазимов, коршинос дар умури сиёсӣ, мегӯяд, ширкатҳои энержии Русия, аз ҷумла РАО ЕЭС, ки қарор аст ҳамин тобистон таҷдиди сохтор кунад, танҳо ширкати оддиву тиҷоратӣ нестанд. Вай афзуд, ба ҷуз суд онҳо ҳадафҳои бузургтарро пеш гирифтаанд ва дар амри даст ёфтан ба нақши калидӣ дар нерӯгоҳи Роғун кӯшиш хоҳанд кард. Оқои Маҳмадазимов гуфт, РАО ЕЭС як ширкати геополитикӣ аст.
Коршиносон мегӯянд, он чӣ дар изҳороти Андрей Раппопорт, узви Шӯрои директорони «Интер РАО ЕЭС» омадааст, яъне соҳиб шудан ба саҳми аксари нерӯгоҳи Роғун ҳақиқати мавқеи Русия аст. Аз ин хотир, Тоҷикистон, ки намехоҳад муҳимтарин пружаи иқтисодиаш моли Русия бошад, маҷбур аст худ нерӯгоҳро бунёд кунад. Дар ҳоле, ки ҳазинаи ба кор андохтани 1 чархаи нерӯгоҳ 1,3 ва тамоми сохтмон ҳоло 3 миллиард доллар ҳадс зада мешавад, суоле пеш меояд, ки оё Тоҷикистон ин маблағ ва қудратро дорад?
Хайрулло Сафаров, сарвари раёсати сохтмонҳои бузурги вазорати энержии Тоҷикистон, мегӯяд, бо назардошти аҳамияти вижаи нерӯгоҳи Роғун бунёди муштараки он бо кишварҳои сармоягузор дархӯри манофеи миллии Тоҷикистон аст.
Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, коршинос дар умури сиёсӣ, низ бар он назар аст, ки Тоҷикистон саҳмияи аксари нерӯгоҳи Роғунро бояд дар даст дошта бошад ва бо кӯмаки кишварҳои дӯст онро бунёд кунад.
Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон далели адами қатъияти кишварҳои сармоягузорро дар ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Мухолифони ин ақида мегӯянд, ҳоло раванди ҷаҳонишавии иқтисоди ҷаҳонӣ идома дорад ва дар ин раванд нақши пойгоҳҳо ва қудрати низомӣ коста гардидааст.