Интизор меравад, ба зудӣ мудири минтақавии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Марк Данзон барои арзёбиҳои ниёзмандиҳои фаврии Тоҷикистон ба кумакҳои беҳдоштӣ ба шаҳри Душанбе сафар кунад. Марк Данзон дирӯз гуфт, ҳар кори мумкинро бояд кард, то бемористонҳои Тоҷикистон бо доруворӣ ва нерӯи барқ ба таври муназзам таъмин бошанд. Роҷеъ ба ин масъала бо Жералд Рокеншаб, мушовири минтақавии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, сӯҳбате доштам ва нахуст аз ӯ пурсидам, ки бар асоси арзёбиҳои ахири онҳо, кадом бахши соҳаи тандурустии Тоҷикистон аз ҳама бештар ранҷ мекашад?
Ҷавоб: Сардиҳои қаҳратуни зимистон каму беш ба тамоми бахшҳои тандурустӣ таъсири манфӣ гузоштааст. Бештар аз ҳама ниҳодҳои ёрии таъҷилӣ осеб дидаанд. Ин бахш метавон гуфт, аслан аз кор бозмондааст. Бемористонҳо низ аз сардӣ ва камбуди нерӯи барқ дар ҳоли бисёр бад қарор доранд. Баъзе намуди хадамоти бемористон ба сабаби набуди нерӯи барқ аслан фаъол нест. Бисёре аз беморон ба ҷойи рафтан ба бемористон, тарҷеҳ медиҳанд, ки дар хона бимонанд, зеро ба сабаби бӯҳрони энержӣ аксари утоқҳои бемористонҳо гарм намешавад.
Суол: Аммо ҳоло асосан ниёз ба чё вуҷуд дорад ва давлати Тоҷикистон то кунун аз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт чӣ гуна кӯмак хостааст?
Ҷавоб: Аслан, ин як дархости ҳамоҳангшуда аст, ки онро намояндагии Созмони Милал таҳия кардааст. Созмони мо кӯшиш мекунад, ки ба дархости мазкур расидагӣ кунад. Асосан ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки муассисаҳои муҳими беҳдоштиро бо генераторҳои тавонои тавлиди барқ таъмин кунанд ва ҳамчунин барои кори ин генераторҳо маводи сӯхт таъмин шавад. Илова бар он захираҳои дорувор ва дигар маводу таҷҳизоти тиббӣ дархост шудааст, ба мисли абзори нигоҳдошти тифлони норасид ва дастгоҳҳои ташхиси беморӣ. Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат мекунем, ки барои фароҳам сохтани ин мавод барои Тоҷикистон мадад расонад.
Суол: Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, ки маргу мири кӯдакон дар ин сармоҳои қаҳратун дучанд шудааст. Оё Шумо рақами мушаххасе дар ин маврид дар даст доред?
Ҷавоб: Мо дар ин маврид танҳо ҳамон гузориши мақомоти расмии кишварро дорем. Дар ин бора омори расмӣ ва рақамҳои қобили эътимод дар мавриди қурбониёни ин бемориҳо вуҷуд надорад. Ҳоло барои тафтиши рақамҳо ва ташхиси вазъ ба минтақаҳо тимҳои мутахассисон фиристода шуданд. Зимнан онҳо гузориш доданд, ки чунин беморон ба табобат дастрасӣ надоранд ва ба бемористонҳо шумори аз ҳад зиёди беморон муроҷиат мекунанд.
Суол: Шумо гуфтед, гурӯҳи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои таҳқиқи вазъи бемористонҳо ба вилояти Суғд сафар кардааст. Роҷеъ ба вазъ дар онҷо чӣ иттилои тозае дар даст доред?
Ҷавоб: Онҳо гузориш доданд, ки ба чанде аз бемористонҳои ноҳиявӣ рафта, вазъи онҳоро таҳқиқ кардаанд, ва он бемористонҳо ҳолати тарсноке доштаанд. Воқеан баъзе аз бемористонҳои хурд комилан холӣ шудаанд, зеро шабакаи гармидиҳӣ комилан аз кор мондааст. Аз ин хотир беморон чунин бемористонҳоро тарк карда ба шифохонаҳои бузургтар мерафтаанд, ки онҳо қисман бо нерӯи барқе, ки аз генераторҳо ҳосил мешавад, таъминанд. Вале дар ҳамин шифохонаҳо ҳам ҳарорат то ҳаддест, ки инсон ях мекунад. Ва воқеан вазъ дар онҷо бисёр ноумедкунанда аст ва дар воқеъ гуруҳи созмони мо барои таҳқиқ ба дигар минтақаҳо аз ҷумла Кӯлоб сафар мекунанд, то вазъи онҳоро низ бубинад.
Суол: Онгуна ки медонем, ҷаноби Марк Данзон мудири минтақавии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба зудӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад. Пас аз арзёбиҳои ӯ дар рафъи ин буҳрон созмони шумо чӣ гуна кумакҳо расонда метавонад?
Ҷавоб: Мудири минтақавии созмони мо рӯзи якшанбе ба Душанбе сафар мекунад, то бо намояндагони расмии ҳукумат ва дигар муассисаҳои Созмони Милал гуфтӯгу карда, ниёзмандиҳои фаврӣ ва аз ҳама муҳимро мушаххас намояд, то Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бо ироаи кӯмак тавонад, таъсири ин бӯҳронии энержӣ ба сиҳатии мардумро сабуктар кунад. Дар воқеъ ин сафар ҳамчунин барои боло бардоштани огаҳӣ аз вазъи бӯҳронии Тоҷикистон аст, зеро дар ин кишвар бӯҳрони хомӯше идома дорад ва ба назари мо ҷомеаи байналмилал аз он ба хубӣ огаҳ нест. Ва барои ҳамин моро зарур аст, то барои ҷалби тавваҷӯҳ ба ин мушкили Тоҷикистон корҳое ба анҷом бирасонем ва имконоту манобеъи бештарро ба даст оварда ба мардуми Тоҷикистон кӯмак расонем, то ин буҳронро пушти сар кунад.