Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии СММ аз болоравии нархи озуқа


Дафтарҳои СММ, ки дар умури ғизо масъулият доранд, аз болоравии қимати озуқа дар саросари ҷаҳон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ташвиши онҳо аз он аст, ки дар оянда шумори нафарони нодор дар саросари сайёра метавонад афзоиш ёбад ва ин навбат на бар асари тағйироти иқлим ва хушкашвии замин, балки бо далели ин ки хонаводаҳои зиёд имкони молии харидории ғизоро аз даст хоҳанд дод.

СММ мегӯяд, тайи нӯҳ моҳи ахир қимати ғизо дар саросари ҷаҳон 40 дарсад афзоиш ёфтааст. Ин таҳаввулот ба буҷаи Дафтари озуқаи СММ таъсири мустақим гузоштааст ва хатари он мавҷуд аст, ки дар сурати сар задани вазъи изтирорӣ ин созмон тавони муқобила бо мушкилро нахоҳад дошт. Робин Лоҷ, сухангӯи дафтари озуқаи СММ, гуфт, ба хотири таъмини пурраи захираҳои ғизоии ин созмон барои кӯмак ба ниёзмандон 500 миллион доллари иловагӣ лозим мешавад.

Ба қавли Робин Лоҷ, ин маблағ бахше аз 3,4 миллиард доллар буҷаи барномаҳои ғизоии СММ-ро ташкил медиҳад. Соли гузашта буҷаи СММ барои имсол 2,9 миллиард доллар ҳисоб шуда будааст, аммо ҳоло дар натиҷаҳои болоравии қимати ғизову харҷи нақлиёт он 3,4 миллиард долларро ташкил додааст.

Вай гуфт, ки ҳоло дафтари озуқаи СММ талош дорад маблағи мазкурро аз ҳукуматҳои давлатҳои узви ин созмон дарёфт кунад. Ин созмон мегӯяд, ки ташвиши онҳо на фақат аз мушкили сер кардани 73 миллион аҳолии нодори ҷаҳон маншаъ мегирад, балки онҳо ҳарос доранд, ки ҳамакнун имкони афзоиши шумори нафароне вуҷуд дорад, ки бо пули дар даст доштаашон наметавонанд ба худ ғизоро бо қимати баланди бозор дарёфт кунанд. Вай гуфт, ки аз ҳоло мешавад инро дар мисоли мардуми Афғонистон дид.

Аз назари СММ, дар маҷмӯъ алорағми коҳиши ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дар баъзе манотиқ феълан дар ҷаҳон ҳаҷми зарурии захираҳоои маводи ғизо мавҷуд аст. Аммо як сабаби аслии болоравии қимати ғизо дар ин охирҳо дар рақобати ҷаҳонии нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ аст. СММ изҳори умедворӣ кардааст, ки бо назардошти ин мушкил ҳукуматҳо риштаи кишоварзии худро бештар сармоягузорӣ карда маҳсулоти бештар тавлид хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG