Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи "шиканҷа" иллати марги Шамсиддинро ошкор хоҳад кард


Акси Шамсиддин Зайдуллоев
Акси Шамсиддин Зайдуллоев

Додситонии кулли Тоҷикистон ҳалокати як ҷавони 25-соларо таҳқиқ мекунад, ки волидонаш мегӯянд, бар асари латту кӯби маъмурони Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир фавтидааст. Аммо Оҷонсӣ мегӯяд, ӯро мӯътодӣ ё "ломка" маводи мухаддир кушт.

Модари Шамсиддин Зайдуллоев, сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, мегӯяд, танҳо баъд аз расонаӣ шудани қазияи марги писараш Додситонии кулли Тоҷикистон барои пажӯҳиши сабабҳои даргузашти ӯ баъди боздошташ аз сӯи маъмурони Оҷонсии зидди маводи мухаддири назди президенти Тоҷикистон парванда боз кардааст. Тоҷиннисо Каримова -- сокини маҳаллаи 91-уми пойтахт рӯзи 29 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Додситонии кул аз ифтитоҳи парвандаи "шиканҷа" ба вакили хонаводаи онҳо Саймӯъмин Кабиров хабар додааст. Парванда ба гуфтаи ӯ дар ҳоле боз шуд, ки додситонӣ мавҷудияти нишонаҳои зӯровариро дар бадани Шамсиддин Зайдулллоев тасдиқ намуд. Шамсиддинро рӯзи 6 апрел кормандони Оҷонсӣ бо гумони "паҳн кардани маводи мухаддир" боздошт карда буданд.

“Вале ҷасади ӯро 13 апрел аз сардхона ё морги маҳаллаи “Медгородок”-и Душанбе пайдо намудем, ки абрӯвонаш дарида буд ва пушти сараш варам дошт,”-гуфт ӯ. Каримова афзуд, "маълум буд, писарамро латту кӯб карда куштаанд."

Модари Шамсиддин афзуд, ба Эмомалӣ Раҳмон ва додситони кулл аризаи шикоятӣ навишта ва ба эътилофи "Зидди шиканҷа" дар мавриди ин ҳодиса, маълумот пешниҳод кардааст. Ӯ гуфт, шавҳараш маъюб аст ва як писари дигараш бемории равонӣ дорад ва зиндагии хонаводаро Шамсиддин, ки дар ширкати “Эйшн Экспресс" ҳамчун ронандаи таксӣ кор мекард, пеш мебурд.

Модари Шамсиддин бовар дорад, писараш дар натиҷаи латту кӯб ҷон додааст
Модари Шамсиддин бовар дорад, писараш дар натиҷаи латту кӯб ҷон додааст

Аммо Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, ҷавоне бо номи Шамсиддин Зайдуллоев ба гумони паҳн ва фурӯхтани маводи мухаддир боздошт ва дар боздоштгоҳи муваққатии оҷонсӣ нигоҳдорӣ мешуд.

Хушнуд Раҳматулоев, сухангӯи Оҷонсӣ гуфт, ӯро барои табобат ба беморхонаи "наркологӣ" бурдаанд, аммо вай муолиҷаро ба гардан нагирифта ва хостааст, дубора ба тавқифгоҳ оварда шавад: “Шабе ки аз беморхона ба боздоштгоҳ оварда шуд, ӯро “ломка” гирифт ва бар асари хуруҷи мӯътодӣ дилаш аз кор монда фавтидааст.”

Ба гуфтаи Раҳматуллоев, маъмурони Оҷонсӣ кормандони додситонии кулл ва мақомоти умури дохилии ноҳияи Фирдавсиро даъват кардаанд ва барои ташхис ҷасади Шамсиддинро ба беморхонаи "Медгородок" фиристодаанд. Ба бовари Хушнуд Раҳматуллоев, баъд аз ташхис ҷасади ӯ ба сардхонаи "Медгородок" супорида шудааст.

Аммо модари Шамсиддин ба иддаои Оҷонсии зидди маводи мухаддир бовар надорад ва мегӯяд, агар фарзандашро “ломка” кушта бошад, пас, чаро абрӯвони вай дарида буд ва пушти сараш варам дошту дар миёнаш доғи сиёҳ дида мешуд? Тоҷиннисо Каримова гуфт, ҳоло мунтазири ташхиси ниҳоии ҷасади фарзандаш аст ва бовар дорад, ки писари ӯ бар асари латту кӯб дар боздоштгоҳи Оҷонсӣ ҷон додааст.

Шиканҷаву бадрафторӣ аз масоили бадномкунанда барои мақомоти интизомии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар солҳои охир чанд қазияи пурсарусадои марбут ба шиканҷа, аз ҷумла марги мармузи Умедҷон Тоҷиев, Ҳамза Икромзода, Исмоил Бачаҷонов, Низомиддин Ҳомидов, Саймурод Орзуев, Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, бар асари бадрафторӣ дар боздошт ҳалок шудаанд, Мақсуд Носиров ва Акмал Давлатов, ки ҳангоми адои хидмати низомӣ дар артиш ҷони худро бохтанд ва ё Шаҳбол Мирзоев, ки як сол пеш низ ҳангоми хидмати низомӣ саломатиашро аз даст дод, вирди забони расонаҳо шуд.

Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди бадрафториро дар ниҳодҳои интизомӣ эътироф мекунанд, вале мегӯянд, сухан дар бораи танҳо мавридҳои алоҳида меравад, на дар бораи кадом як падидаи фарогир, ки ҳомиёни ҳуқуқ ба қалам медиҳанд. Дар ҳар сурат, додгоҳҳои Тоҷикистон дар ду маврид – вазорати умури дохилиро ба пардохти 30 000 сомонӣ ба хонаводаи Баҳромиддин Шодиев ва идораи зиндонҳои вазорати адлияро ба пардохти низ 30 000 сомонӣ ба хонаводаи Исмоил Бачаҷонов – ҳукм кардаанд.

Ҳамин тавр, дар моҳи декабри соли 2014 додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе вазорати умури дохиларо ба пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ ба хонаводаи Хушвақт Қаюмов муваззаф кард. Хушвақт дар соли 2012 аз тарафи корманди умури дохилаи ноҳияи Ёвон мавриди озор қарор гирифта, кӯшиши худкушӣ карда буд. Ин бузургтарин ҳаҷми товонест, ки як ниҳоди давлатӣ дар Тоҷикистон ба маҳзи шиканҷа бояд пардохт кунад. Вале ин ҳукм ҳанӯз иҷро нашудааст.

Аммо талоши наздикони Ҳамза Икромзода, ки дувуним сол пеш ба таври мармуз дар зиндони рақами яки Душанбе даргузашт, барои рӯёндани чунин товон натиҷае то ҳол надодааст.

XS
SM
MD
LG