Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеи Оқил Шарифов ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи шаҳри Исфара рӯзи панҷшанбеи 26-уми май зерҳимояи ӯро, ки барои ба навор гирифтани лаҳзаи боздошти занони ҳиҷобпӯш аз тарафи милисаҳо дастгир шуда буд, барои як сол аз озодӣ маҳрум кард. Сокини 31-солаи ҷамоати Сурхи Исфара Оқил Шарифов бо моддаи 189, қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”, айбдор карда шудааст.
Файзиниссо Воҳидова гуфт, ки айбдоркунандаи давлатӣ қаблан аз додгоҳ талаб карда буд, ки Оқил Шарифов барои ин амалаш ба муддати3 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шавад: “Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиа зикр кардааст, ки лаҳзаи аз сари занон гирифтани ҳиҷоб дуруст буд, чунки дар шаҳр маъракаи фарҳангӣ идома доштааст.”
Вакили дифоъ афзуд, як сол зиндон шудан барои як амале, ки хилофи қонун нест, беҳад сангин мебошад. Аз ин рӯ, тасмим доранд бо дарёфти ҳукми додгоҳ, дар авоили ҳафтаи оянда аз болои он ба зинаҳои болоӣ, шикоят баранд. Вай мегӯяд, Оқил Шарифов барои як порча садояш, ки дар навори видео ҳангоми бардоштани лаҳзаи занони ҳиҷобпӯш аз забонаш пахш шудааст (“кори ҳароми милисаро бин”), аз кормандони милиса бахшиш пурсид ва изҳори пушаймонӣ кард, вале сарфи назар аз ин, додгоҳ ӯро аз озод маҳрум намуд.
Воҳидова мегӯяд, ки Оқил Шарифов шаҳрванди Русия низ мебошад ва ӯ аз муҳоҷирати корӣ барои чанд муддат ба зодгоҳаш баргашта буд ва бо дидани лаҳзаи боздошти занони ҳиҷобпӯш тавассути мақомоти пулис дар бозори Исфара, онро наворбардорӣ намудааст, вале ин наворро худи ӯ паҳн накардааст. Ба гуфтаи хонум Воҳидова, “кормандони пулис Оқил Шарифовро дар соати 14:00-и 20-уми феврал боздошт карданд, аммо навори ӯ дар интернет дар соати 19:40-и ҳамон рӯз пайдо шудааст. Пас ин корро кӣ кардааст, норӯшан аст”. Файзиниссо Воҳидова ҳамзамон мегӯяд, ки дар рафтори зерҳимояаш амалҳои монанди “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”, дида намешавад.
Оқил Шарифов, сокини 31-солаи ҷамоати Сурхи Исфара дар пайи пахши навори видеоӣ аз боздошти занони ҳиҷобпӯш дар шабакаи Интернет рӯзи 20 феврали соли равон аз ҷониби пулиси Исфара дастгир шуд. Дар ин навор як корманди пулис ду зани ҳиҷобпӯшро зӯран ба сӯи микробуси сафеде мебарад.
Як ҷавонзани дигар аз дохили микроавтобус дар посух ба саволи наворбардор мегӯяд, ки онҳоро ба хотири ҳиҷобпӯш буданашон ба идораи пулис мебаранд. Ва наворбардор мегӯяд, ки бубинед, аз назди беморхонаи Исфара занонеро, ки сатри аврат доранд, дошта мебаранд: “Аврат мумкин нест... Мана бинетон. Мана ин государство (ҳукумат) !”
Зоҳиран, ду-се ҷои садои ин навор, ки эҳтимол берун аз доираи ахлоқ аст ё ба далели дигар, “қайчӣ” зада шудааст. Ба иттилои масъулони шӯъбаи корҳои дохилии Исфара-1, пас аз нашри ин навор дар интернет, Оқил Шарифов аз манзилаш дастгир шуд ва барои “барои итоат накардан ба пулис”, алайҳаш парвандаи маъмурӣ боз гардид.
Додгоҳи Исфара дар ибтидо Шарифовро бо ин айб барои 7 рӯз “боздошти маъмурӣ” фармуд. Вале пас аз бозомӯзии қазия ва анҷоми замони боздошт, нисбат ба Оқил Шарифов бо иттиҳоми “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.