Ширкати мухобиротии Тсел бо ирсоли паёмак ба муштариён хабар додааст, ки 120 сомонии барои шиносномаи нав сарф кардаашонро ба онҳо бармегардонад.
Пайёми ширкат ба ин мазмун, бархе аз муштариёни алоқаи мобилиро, ки ин шабу рӯз дар ташвиши гирифтани шиноснома ва сабти номи дигарбораи рақами телефони худ ҳастанд, дар ҳайрат гузоштааст.
Масъулини ширкати Тсел мегӯянд, ин маблағ албатта на ба таври нақдӣ, балки дар шакли бонус ба суратҳисоби рақами муштариён гузаронида мешаванд. Хилватшоҳи Маҳмуд, масъули равобит бо ҷомеаи ширкати Тсел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин тарҳ, кӯмак ба бахшҳои ниёзманди ҷомеа аст.
"Маблағ дар шакли бонус ба он муштариёне баргардонида мешаванд, ки аз 17-уми июли соли равон ба яке аз тарофаҳои даркор 59, даркор 99, даркор 159 ва даркор 199 пайваст шудаанд ва албатта бо шиносномаи намунаи нав сабти ном кардаанд. Яъне ин маблағ ҳармоҳа ба таври мисол 20 сомонӣ баргардонида мешавад ва муштарӣ имкон доранд маблағи муайянеро ки ба ӯ гузаронида мешавад барои интернет ва гуфтугӯи телефонӣ сарф кунад".
Тсел яке аз бузургтарин ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи Хилватшоҳи Маҳмуд дар роҳандозии тарҳҳои иҷтимоӣ ҳам ширкат мекунад.
Шумори муштариёни ин ширкат то ду сол пеш 3,3 миллион нафар гуфта мешуд ва табъан ҳиммати ин ширкат наметавонад, ҳамаи мушкилотеро, ки зимни табдили шиносномаҳо ба хотири номнависи дубораи шумораи телефон ба миён омадааст, ҷуброн кунад.
Ваъдаи ин ширкат ба муштариён ҷиҳати баргардонидани маблағи шиносномаи нав дар ҳоле садо медиҳад, ки тибқи қарори ҳукумат бояд то миёнаҳои август сокинони кишвар бо шиносномаи нави намунаи соли 2014 рақамҳои телефони худро дигарбора номнавис кунанд. Ин кор ҳам барои сокинон ба осонӣ даст намедиҳанд.
Барои иваз кардани шиноснома мардум соату рӯзҳо интизор мемонанд ва навбат мепоянд. Пардохти маблағе ҳам, ки барои гирифтани шиносномаи нав сарф мешавад, на барои ҳама осон аст. Гулафрӯз роҳруб аст ва барои иваз кардани шиносномаи худ бо шумули ҷарима 156 сомонӣ сарф кардааст. “Албатта, мушкил аст, вале ба хотире, ки қарорро иҷро кунему аз рақамҳоямон маҳрум нашавем, барои гирифтани шиноснома ҳуҷҷат супоридам. Аз ҳама ҷо занг мезанад барои мо, бо падару модар гап мезанем".
Дар ин миён онҳое ҳам ҳастанд, ки мегӯянд барои иҷрои ин дастур вақту имконият надоранд. Онҳо номнависи дубораи симкорт бо шиносномаи наврозарбае ба буҷаи хонаводаи худ меҳисобанд. Адолат Давлатова як сокини Душанбе, мегӯяд, "хелеҳо шароите надоранд, ки паспорти электронӣ кунанд. Мисол, як оилае ки 10-12 нафаранд, чӣ хел мекунанд, надоранд шароит. Барои ҳамин агар иқдоме шавад, ки ба мардум кӯмак расонанд, хеле хуб аст".
Коршиносон мегӯянд, иқдоми кӯмак ба муштариён агар аз як тараф бо ҳадафи тарғиби ширкатҳо сурат мегирад, аз тарафи дигар ин тарҳҳо дар ин шабу рӯз барои ҳифзи шумори муштариёни ширкатҳои мухобироти мусоидат мекунад.
Фарҳод Аҳмадов, ки дар соҳаи алоқа фаъолият кардааст, бар ин бовар аст, ки раванди мушкили гирифтани шиноснома ва сабтиноми дигарбораи симкортҳои муштариён ба манфиати ширкатҳо нест.
"Масалан, ман худам шахсе ҳастам, ки аз 9-и субҳ то соати 11 шаб кор мекунам. Хеле душвор аст, ки вақт ёфта, дар навбат истаму паспорт гирам. Баъдан симкортро дубора сабт кунем. Боз дар инҷо вақт дар пуркардани коғазу дигар ҳуҷҷатҳо меравад. Ин албатта барои мардум мушкили калон аст. Ҳоло то ҷое медонам, 3 миллион нафар сабти ном накардаанд. Агар ин рақамҳо хомӯш шавад, ширкатҳо муштарии хеле зиёдеро аз даст медиҳанд",- мегӯяд Фарҳод.
Ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, то имрӯз 2 миллион симкортро бо шиносномаи нав ба қайд гирифтаанд. Боз бояд беш аз 3 миллион симкорти дигар дубора сабти ном шавад.
Маълум нест, фурсати боқимонда хоҳад расид ё не? Аммо масъулони Хадамоти алоқа ва ҳам Вазорати корҳои дохила ахиран аз эҳтимоли тамдид шудани муҳлати сабти номи дигарбораи симкортҳо хабар доданд.
Ба гузориши Хадамоти алоқа, дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ҳудуди 6,5 миллион нафар аз телефони мобилӣ истифода мебаранд ва тақрибан 5 миллион нафари онҳо муштарии фаъол ҳастанд.